Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ду тоҷикистонӣ аз Украина паноҳгоҳ хостаанд

Мақомоти марзбонии Украина гуфтаанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо панҷ кӯдаки худ хостори паноҳгоҳи, ба қавли онҳо, сиёсӣ дар он кишвар шудаанд. Ин иттилоъро рӯзи 1 январ хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеи марзбонии Украина нашр кард. Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон бо панҷ кӯдаки худ дар гузаргоҳи "Доманово" бо марзбонҳои Украина рӯбарӯ шуда ва гуфтаанд, ки онҳо барои андешаҳои сиёсиашон дар Тоҷикистон мавриди таъқиб қарор доранд. Аз аз ин афрод ном бурда нашудааст ва марзбонҳои Украина ба “Интерфакс” гуфтаанд, ки масъалаи онҳоро ба уҳдаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати Украина гузоштаанд.

Рақобати Душанбе ва Исломобод дар бозори орд

Тоҷикистон бо содир кардани орду гандуми нисбатан арзон мавқеи Покистон дар бозори ғизои Афғонистонро танг кардааст. Ба навиштаи нашрияи “The Express Tribune”-и Покистон, ҳоло бо дархости вилояти Панҷоб вазорати тиҷорати он кившар як ҳайати баландпояро ба Афғонистон барои рӯшан кардани вазъият дар бозори орду гандум фиристодааст. Масъулони вилояти Панҷоб, ки қаблан аз содирокунандагони аслии орду гандум ба Афғонистон буд, гуфтаанд, ки ҷойи маҳслуоти онҳоро дар бозори Афғонистон орду гандуми аз Тоҷикистон омада танг кардааст.

Дар як ҷаласаи фаврие, ки бо дархости вилояти Панҷоб дар вазорати тиҷорати Покистон баргузор шудааст, сабаби аслии дар бозори Афғонистон маҳдуд шудани ҷойгоҳи маҳсулоти Покистон дар нисбатан арзон будани нархи гандуми Тоҷикистон гуфта мешавад. Бинобар омори пешниҳодкардаи вазорати тиҷорати Покистон нархи як тонна гандуми аз Тоҷикистон ба Афғонистон содирмешуда ҳамагӣ 200 долларро ташкил мекунад. Дар ҳоле ки як тонна гандуми Покистон то ба дасти муштарии афғон бо нархи 360 доллар рафта мерасад.

Аммо Тоҷикистон бо вуҷуди он ки ҳар сол ҳудуди 1 миллион тонна гандум истеҳсол мекунад, дар ин масъала худкифо нест ва қисмати зиёди талаботаш ба орду гандумро аз ҳисоби воридот қонеъ мегардонад. Барои мисол, Тоҷикистон танҳо дар 11 моҳи соли гузашта бо харҷи 217 миллион доллар аз Қазоқистон 763 миллион тонна гандум ворид кардааст. Дар ҳамин муддат кившар аз Русия ва Қазоқистон ҳамчунин бар ивази 53 миллион доллар 130 ҳазор тонна орд ворид кардааст. Ҳоло як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон аз 155 то 160 сомонӣ қимат доранд.

80 ҳазор корбари Твиттер дар Тоҷикистон

Саффи корбарони Твиттер дар Тоҷикистон ба 80 ҳазор нафар расидааст. Дар ин бора Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, 31 декабри соли 2015 дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар додаааст.

Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 30 декабр барои бори аввал мақомоти кишвар ин шабакаи иҷтимоиро масдуд кардаанд. То кунун Твиттер аз шабакаҳои иҷтимоии хеле кам муаррифишуда дар Тоҷикистон буд.

Сокинони кишвар дар ҳоли ҳозир бештар бо шабакаҳои иҷтимоии “Однокласснки” ва “Фейсбук”-у “Инстаграм” кор карда, аз барномаҳои телефонии Телеграму Вайбер фаровон истифода менамоянд.

Таҳримҳои Русия алайҳи Туркия ба иҷро даромад

Рӯзи 1 январ таҳримҳои Русия алайҳи Туркия эътибор пайдо карданд. Лағви равуои бидуни виза бо Туркия, маҳдудияти воридоти фаровардаҳои ин кишвар ва коҳиш додани саҳми ширкатҳо ва шаҳрвандони Туркия дар тарҳҳои Русия аз ҷумлаи ин таҳримҳо ба шумор мераванд.

Бино ба маълумоти “Роспотребнадзор”, дар феҳристи таҳримҳо апелсину мандарин, ангур, себу нок, зардолуву шафтолу, олу, клубника, помидору бодиринг, пиёзу карам ва инчунин гӯшти яхзадаи мурғи марҷон, мурғ, гули мехаку намак низ ворид шудаанд.

Суқути ҳавопаймои ҷангии Русия, ки дар амалиёти низомии ин кишвар дар Сурия ширкат дошт, ба бузургтарин таниш дар равобити Русияву Туркияи муосир оғоз гузошт. Туркия мегӯяд, қабл аз задан ҳавопаймои Русияро ба камияш 10 бор ҳушдор додаанд, ки вориди ҳарими ҳавоии Туркия шудааст ва билофосила берун шавад, вале халабонҳои рус ин ҳушдорҳоро сарфи назар кардаанд.

Русия аммо мегӯяд, ҳавопаймояшро дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут додаанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин суқути ҳавопаймои русӣ аз сӯи Туркияро “ханҷар аз пушт” номид ва гуфт, Туркия аз кори кардааш пушаймон хоҳад шуд.

Марги як сокини Душанбе дар зери қатор

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1 январ аз марги як сокини 56-солаи Душанбе дар зери қатор (поезд) хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, ки ҳодиса шоми 31 декабр дар ҳудуди кӯчаи Маяковскийи пойтахт рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, “ҳангоми ҳаракати қатори мусофирбари самти “Душанбе-Пахтаобод” аз самти истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-1 ба самти истгоҳи Пахтаабод, дар ҳудуди кӯчаи Маяковскии пойтахт, марди 56-солаи сокини Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Сӯхтор дар яке аз осмонбӯсҳои Дубай

Дар пайи сӯхтор дар яке аз биноҳои 63-ошёнаи Дубай, ки дар наздикии Бурҷи Халифа ҷойгир аст, ба камияш 16 тан осеб дида ва баъзе аз расонаҳо аз ҳалокати як нафар ба далели сактаи қалбӣ низ гузориш медиҳанд. Ин сӯхтор пеш аз Соли нави милодии 2016 рух додааст. Хабаргузории Рейтер мегӯяд, ки ин бино ба меҳмонхонаи The Adress Hotel муталлиқ аст.

Бағдод хост, ки нерӯҳои Туркия Ироқро тарк кунанд

Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Абадӣ гуфт, Туркия уҳдадорияшро барои берун бурдани нерӯҳои низомӣ аз шимоли Ироқ иҷро накард. Нерӯҳои туркӣ дар шимоли Ироқ низомиёни ироқиро барои мубориза бо “Давлати исломӣ” тамрин медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Ироқ Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ ҳушдор дод, ки барои рафъи “ҳуҷуми нерӯҳои туркӣ” ҳукумати вай омода аст даст ба амалиёти низомӣ занад.

Дар ибтидои моҳи декабр Анкара бо баҳонаи ин ки дар минтақаи пойгоҳи Башик вазъ тезутунд шудааст, ба Ироқ 150 низомӣ фиристод. Баъдан Туркия қисме аз ин низомиёнро бозхонд ва ваъда кард, ки берунории низомиёнро идома медиҳад, вале гуфт, ҳамаи нерӯҳояшро аз Ироқ берун нахоҳад бурд.

11 доллар - ҷаримаи шаробхорӣ дар Узбакистон

Аз 30 декабри соли 2015 дар Узбакистон ҷарима барои истифодаи машрубот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боло рафтааст. Дар ин кишвар ҳамакнун истифодаи машрубот дар коргоҳҳо, кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар ҳамаи навъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ 11 доллар ҷарима дорад.

Такрорёбии ин қонунвайрокунӣ дар давоми сол то 15 рӯзи ҳабси маъмуриро дар пай хоҳад дошт. Ба истифодаи машрубот дар базмҳои тӯёна, ҷашнҳо ва дигар ҷойҳои таҷлили маросимҳо, ҳамчунин дар тарабхонаҳо ва мағозаҳои машрубфурӯшӣ иҷозат дода шудааст.

Блогнависи рус ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Вадим Тюментсев

Додгоҳи шаҳри Томск дар минтақаи Сибири ғарбии Русия блогнавис Вадим Тюментсевро бо ҷурми “барангехтарни адоват ва ирофтгароӣ” ба 5 соли зиндон маҳкум карда, ӯро барои 3 сол аз ҳаққи истифода аз Интернет низ маҳрум кард. Тюментсев дар пайи интиқод аз дахолати Русия дар Украина ва айбдор кардани мақомоти маҳаллӣ ба фасод ва бесалоҳиятӣ боздошт шуд. Ҳукми ин блогнависро ҳомиёни ҳуқуқи инсон маҳкум карданд. Созмони “Сова” ҳукми Тюментсевро танҳо барои нашри видеоҳо дар Интернет” беш аз ҳад сангин” номид. “Мемориал” ин ҳукмро “ғазабовар” номид ва хостори бозбиниаш шуд. Марк Лагон, раҳбари созмони “Freedom House” гуфт, ҳукумати Русия зоҳиран талош дорад, то аз ҳар навъи озодии баён, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешгирӣ кунад.

Эрон мушакандозӣ дар халиҷи Форсро рад кард

Акс аз бойгонӣ

Эрон гузоришҳо дар бораи мушакандозии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар наздикии киштии ҳавопаймобар ва дигар киштиҳои ҷангии Амрико ҳангоми фуруди онҳо дар халиҷи Форс дар рӯзи 26 декабрро рад кард. Сухангӯи Сипоҳ Рамазон Шариф рӯзи 31 декабр гузориши Амрико дар бораи мушакандозиро “ҷанги равонӣ” номид ва гуфт, “нирӯҳои дарёии Сипоҳ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва даврае, ки амрикоиҳо иддао доранд, дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ягон навъ машқ доир накардааст.”

Шабакаи телевизиони амрикоии NBC News қаблан аз қавли мақомҳои низомии Амрико хабар дод, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар халиҷи Форс машқҳои ҷангӣ бо тирандозӣ доир кардааст ва киштии ҳавопаймобари Амрико дар фосилаи ҳудуди 1500 метр аз хатти парвози мушаки Сипоҳ қарор доштааст.

Путин ба ФСБ салоҳиятҳои боз ҳам бештар дод

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба қонуне имзо гузошт, ки ба мақомоти амниятӣ иҷозаи истифодаи силоҳ ба сӯи издиҳомро медиҳад. Бино ба иловаҳо ба қонунгузории Русия, нирӯҳои ФСБ – Хадамоти федеролии амният – ҳуқуқ пайдо мекунанд, то “барои ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ, наҷоти гаравгонҳо ва рафъи ҳамлаҳо ба иншооти ҷамъиятӣ” алайҳи издиҳом низ аз силоҳ истифода баранд. ФСБ ҳамин тавр, “дар сурати ошӯби мусаллаҳона” ҳуқуқ дорад, болои занон, ноболиғон ва афроди маълул низ тир холӣ кунад. Ин қонун мояи нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия шудааст. Аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон, ки дар ҳукумати Русия нақши машваратиро дорад, қаблан аз Путрин хоста буданд, то ин қонунро имзо накунад. Зери ин муроҷиатнома чеҳраҳои маъруфе, чун Людмила Алексеева ва Лев Пономарёв имзо кардаанд.

Ироқ: Туркия нирӯҳояшро берун кашад

Пешмаргаҳои курд дар Башиқа. Акс аз бойгонӣ

Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ рӯзи 30 декабр гуфт, Туркия ба ваъдаи худ ҷиҳати хуруҷи нирӯҳояш аз шимоли Ироқ амал намекунад. Аз ӯ қабл вазири хориҷаи Ироқ Иброҳим Ҷаъфарӣ ҳушдор дод, ки агар Ироқ маҷбур ба дифои зуд аз он ончӣ ки Бағдод “таҷовузи нирӯҳои Туркия “ меномад, маҷбур шавад, метавонад даст ба иқдомоти низомӣ бизанад. Аммо сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу, ки дар телевизиони туркии NTV сӯҳбат мекард, посух дод, ки ин баҳс натиҷаи “сӯитафоҳум” аст ва агар Бағдод мехоҳад аз нирӯи истифода барад, пас бояд нирӯҳояшро ба зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” истифода кунад. Ӯ афзуд, Анкара истиқлоли Ироқро эҳтиром мекунад, вале Бағдод назорати сеяки қаламравашро дар даст надорад. Туркия дар авоили моҳи декабр ҳудуди 150 нирӯяшро ба далели хатарҳои амниятӣ дар наздикии пойгоҳи низомии Башиқа мустақар кард. Туркия баъдан як қисми нирӯҳояшро берун кашид ва ваъда дод, ки хуруҷи нирӯҳояшро идома хоҳад дод. Башиқа тақрибан дар 90-километрии марзи Ироқу Туркия ҷойгир шудааст.

Даҳҳо куштаву захмӣ дар ду ҳамла дар Қамишлӣ

Маҳалли яке аз таркишҳо дар Қамишлӣ

Бино ба хабарҳо, рӯзи 30 декабр ду таркиши маргталабона дар ду тарабхона дар шаҳри Қамишлӣ дар шимолушарқи Сурия даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт. Ин шаҳри воқеъ дар наздикии марзи Туркия таҳти назорати курдҳо қарор дорад. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Бритониё, гуфт, дар таркишҳои Қамишлӣ дастикам 16 тан кушта ва 22 тани дигар захмӣ шудаанд. Редур Халил, узви гурӯҳи шибҳанизомии курдҳо ба Ройтерс гуфт, ин ҳамлаҳо зоҳиран аз сӯи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”, ки бо курдҳо дар шимолушарқи Сурия меҷангад, анҷом шудааст. Ҷузъиёти дигари ин ҳамлаҳо ҳанӯз дастрас нест.

Мавҷи баҳр як нафарро дар Норвегия кушт

Акс аз бойгонӣ

Мавҷи бузурги оби баҳр рӯзи 31 декабр ба чоҳҳои нафту гази Тролл дар ғарби Норвегия асобат карда, боиси марги як коргари ширкати “Statoil” ва ҷароҳат бардоштани дуи дигар шудааст. Ин ширкати давлатии Норвегия гуфт, ҳудуди 50 нафар аз 106 коргарашро аз маҳалли офатзада кӯчондааст. Тролл 40 дарсади захираҳои гази баҳрии Норвегия дар худ дошта, яке аз бузургтарин конҳои нафти ин кишвар низ ба шумор меравад.

Қрим боз бебарқ монд

Мақомоти Қрим мегӯянд, Украина аз шаби 30 декабр манбаи умдаи таъмини нирӯи барқи ин минтақаро қатъ кардааст. Як моҳ қабл низ бар асари таркондани хатти барқ нимҷазираи Қрим бебарқ монда буд. Кирил Москаленко, сухангӯии волии шаҳри Севастопол рӯзи 31 декабр гуфт, Украина интиқоли барқ аз тариқи хатти Каховка- Титанро, ки Қримро бо нирӯи барқ таъмин мекард, қатъ кардааст. Ӯ гуфт, “Қрим тавассути ин хат 250 мегаватт нирӯи барқ мегирифт. Ҳоло ба далели камбуди барқ Севастопол ба ҷои 195 мегаватт 150 мегаватт барқ мегирад.” Ширкати “Укрэнерго” гуфт, интиқоли барқ бо хатти Каховка – Титан ба далели аз кор мондани бархе таҷҳизоти ҳифозатӣ дар шаҳри Каховка қатъ шудааст. Қрим, ки аз соли 1953 ба Украина тааллуқ дошт, дар соли 2014 аз сӯи Русия тасарруф шуд. Мақомоти Қрим мегӯянд, акнун маҷбуранд дар ин нимҷазира лимити барқ ҷорӣ кунанд.

Сӯҳбатҳои сарвазири Исроилро кӣ гӯш мекард?

Бенямин Нетаняҳу

Ду кумитаи Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико гузориши “The Wall Street Journal” дар бораи ҷосусии Амрико аз сарвазири Исроил ба далели мухолифаташ ба муомилаи ҳастаӣ бо Эронро таҳқиқ мекунанд. Ин ду кумита рӯзи 30 декабр хостори ироаи аснод ва тавзеҳи Оҷонсии амнияти миллии Кохи Сафед дар робита ба пайгирии сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар ҷараёни музокироти ҳастаии Эрон шуданд. “The Wall Street Journal” рӯзи 29 декабр гузориш дод, ки Оҷонсии амнияти миллӣ сӯҳбатҳои Нетаняҳуро, ки талош дошт вакилони Конгрессро ба додани раъйи мухолиф ба ин муомила бо Эрон мутақоид созад, гӯш мекард. Нетаняҳу аз мухолифони сарсахти муомилаи ҳастаӣ бо Эрон буда, ӯро дар ин амр вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс, ки якдилона алайҳи муомила бо Эрон раъй доданд, тарафдорӣ мекунанд. Оҷонсии амнияти миллӣ маъмулан Конгрессро дар бораи гӯш кардани сӯҳбатҳо бо вакилони он хабардор мекунад, вале Девин Нунс, раиси кумитаи иктишофии Маҷлиси намояндагон гуфт, онҳо дар бораи гӯш кардани сӯҳбатҳои Нетаняҳу хабар надоштанд.

Омодагии Амрико ба таҳримҳои нави зидди Эрон

Озмоиши мушаки "Имод" дар Эрон

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Амрико бастаи нави таҳримот алайҳи ширкатҳову афроди марбут ба барномаи мушакҳои раҳбурдии Эронро омода мекунад. “The Wall Street Journal” ва Reuters рӯзи 30 декабр хабар доданд, ки ин таҳримот ҳудуди 12 ширкату нафарони алоҳида дар
Эрон, Ҳонгконг ва Имороти Муттаҳидаи Арабро ба далели нақшашон дар кумак ба сохтани мушакҳои раҳбурдӣ (баллистикӣ)-и Эронро дар бар мегирад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, вазорати дороии Амрико бар асоси муомилаи моҳи июли Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳаққи ба рӯйхати сиёҳаш шомил кардани афроди дастдошта дар барномаҳои мушакии Эронро дорад. Мақомоти Эрон исрор меварзанд, ки барномаи мушакии ин кишвар муноқиз бо таҳримоти СММ нест ва раҳбари рӯҳонии Эрон ҳар навъ таҳрими навро ҳамчун поймол шудани муомилаи ҳастаӣ арзёбӣ хоҳад кард. Нозирони таҳримоти СММ рӯзи 15 декабр гуфтанд, ки мушаки миёнапарвози “Имод”, ки Эрон рӯзи 10 октябр озмоиш кард, тавони бурдани кзлоҳакҳои ҳастаиро дорад ва ин мухолифи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст. Амрико ва муттаҳидонаш хостори таҳримоти нави СММ дар робита ба озмоиши мушаки Эрон мебошанд. Вале дипломатҳои мегӯянд, Чину Русия мухолифи эълони таҳримоти нав алайҳи Эронанд. Кохи Сафед ҳушдор дода буд, ки агар СММ иқдом накунад, Амрико худ даст ба таҳрим мезанад.

Тӯҳфаи солинавиии "Барқи Тоҷик" ба аҳолӣ

Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, дар рӯзҳои таҷлили Соли нав лимити нирӯи барқ муваққатан лағв мешавад. Бино ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз соати шаши субҳи 31 декабр то соати ёздаҳи шаби 1 январ, яъне дар тӯли 41 соат ба аҳолӣ дар саросари Тоҷикистон нирӯи барқ бидуни маҳдудият дода хоҳад шуд. Аммо аз 2 январ лимити барқ дар манотиқи кишвар аз сар гирифта мешавад.

Тоҷикистон дар мавсими сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба ин далел, нирӯи барқ дар аксари манотиқаш, асосан дар рустоҳо, ба таври маҳдуд – аз 5 то 8 соат дар шабонарӯз - дода мешавад. Лимити барқ дар Тоҷикистон маъмулан аз моҳи октябр то моҳи апрел давом мекунад.

"Чаҳоргонаи Нормандия" ба тавофуқ расид

Петро Порошенко

Раҳбарони “чаҳоргонаи Нормандия”, яъне Украинаву Русия ва Олмону Фаронса 30 декабр дар як гуфтугӯи чаҳорҷонибаи телефонӣ дар бораи риояти комили оташбас дар вилоятҳои Донетску Луҳанск ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина хабар дод.

Дар ин гуфтугӯ Петро Порошенко дар бораи ташдиди вазъ дар давоми ҳафтаҳои охир гузориш дод ва таъкид кард, ки набояд ба ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия имкон дод, то аз иҷрои созишномаи Минск саркашӣ кунанд.

Пештар хабарҳо пахш шуда буд, ки раҳбарони ин чаҳор кишвар телефонӣ иҷрои созишномаи сулҳи миёни Киев ва ҷудоихоҳони шарқи Украинаро баррасӣ мекунанд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Украина ҷудоихоҳонро муттаҳам мекунад, ки раванди сулҳро зери хатар қарор додаанд ва ҳар гоҳ оташбасро вайрон мекунанд.

Як соли зиндон - барои саркашӣ аз хидмати артиш

Маросими гусел ба артиш. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Мансур Амировро, ки баъди шикастани тирезаи бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб фирор карда буд, як сол аз озодӣ маҳрум карда ва чор ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Як масъули додгоҳи Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 30 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Мансур Амиров, ҳамроҳи Насимҷони Сабзаалӣ ва Умед Разоқов ба авбошӣ гунаҳор дониста шуда, ба онҳо ҷазо таъин карда шудааст.

Ғиёсиддин Мирзозода, додраси ин парванда ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки нисбати ин се нафар ҳафтае пеш ҳукм содир шудааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки аз поёни мавсими даъват як моҳ сипарӣ шуда ва масъулони аксари комиссариатҳои ҳарбӣ аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш гузориш додаанд.

Аммо Гулсунбӣ Темурова, модари Мансур Амиров дар он вақт иддао карда буд, ки писарашро бо фиреб ба идораи ҳарбӣ бурда ва дар ҷои барояш номаълум маҳкам кардаанд. Ӯ баъди ин тирезаро шикаста, гурехтааст.

Сарвазири ҷадиди Гурҷистон интихоб шуд

Георгий Квирикашвилӣ (дар тарафи рост) сарвазири ин кишвар интихоб шуд

Рӯзи сешанбеи 29 декабр парламенти Гурҷистон Георгий Квирикашвилиро сарвазири ин кишвар интихоб намуд.

Аз миёни 150 вакили мардумии Гурҷистон 86 нафар ба тарафдорӣ аз Квирикашвилӣ ва 28 вакили дигар бар зидди номзадии ӯ овоз доданд.

Квирикашвили аз моҳи сентябри соли равон раҳбарии вазорати умури хориҷии Гурҷистонро бар ӯҳда дошт.

Бо пешниҳоди Квирикашвилӣ Михаил Ҷанелидзе, ки то ин вақт муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон буд, ба курсии вазирӣ нишаст. Вакилони мардумӣ ҳайати нави ҳукумати Гурҷистонро, ки аз тарафи Квирикашвилӣ пешниҳод шуда буд, тасдиқ карданд.

Квирикашвилӣ мегӯяд, ки Гурҷистон бояд сиёсати воқеъбинонаи моил ба сулҳ бо Русияро идома диҳад. Ба қавли Квирикашвилӣ ин раванд дар сурате татбиқ хоҳад шуд, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Гурҷистон ҳифз гардад.

Ираклий Ғарибашвилӣ, сарвазири собиқи Гурҷистон, рӯзи 23 декабр эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Нозирон ва мухолифини ҳукумат истеъфои ӯро бо пастшавии эътибори эътилофи ҳокими Гурҷистон дар арафаи интихоботи парламентии моҳи октябри соли 2016-ум арзёбӣ мекунанд.

Дар Бишкек наворбардорро мошин зад

Дар Бишкек шаби 29 ба 30 декабр ҳангоми наворбардории шабона наворбардори шабакаи телевизионии НТС Жоомарт Асанбеков ба ҳалокат расид. Дар ин бора раҳбарияти ин шабакаи телевизионӣ ба матбуот хабар додааст.

Бино ба ин хабар, Асанбековро мошин ҳангоме зер кардааст, ки вай дар яке аз қисматҳои кӯчаи марказӣ бинои филармонияи давлатиро ба навор мебардошт. Вай барои барномаҳои Соли Навии телевизион навор мебардошт.

Ронандаи мошини Мерседес боздошт шудааст. Худи ронанда низ баъд аз ин фоҷеа аз маҳали ҳодиса дур нарафтааст. Ҳоло сабабу шароити ин ҳодисаи нақлиётӣ баррасӣ мешавад.

Боздошти 15 тундрави исломӣ дар Қирғизистон

Дар ҷануби Қирғизистон пулис 15 нафар аъзои гурӯҳҳои тундрави исломиро боздошт кардааст, ки 5 нафари онҳо дар урдугоҳҳои ҷангии Сурия машқу тамрин дидаанд. Дар ин бора Жениш Аширбоев-сухангӯи дафтари матбуотии раёсати дохилаи вилояти Уш ба матбуот хабар додааст.

Аширбоев гуфт, “дар давоми як ҳафта 15 нафар аъзои “Тавҳид ва Ҷиҳод” боздошт шудаанд, ки 5 нафари онҳо баъд аз машқҳо ва омодагиҳои вижа аз Сурия баргаштаанд. Онҳо дар урдугоҳҳои “Ҷабҳатат–ун-Нусра” дар Сурияву Лубнон омӯзиш дидаанд”.

Бино ба гуфтаи пулис, “амир”-и ин гурӯҳ сокини 25 солаи ноҳияи Қаро Суи вилояти Уш мебошад ва ҳоло дар Сурия қарор дорад ва аз он ҷо гурӯҳи худро раҳбарӣ мекунад.

Аширбоев мегӯяд, боздоштшудагон душманони ақидатии худро аз байн бурдаанд ва ҳамлаҳо анҷом додаанд. “Далелҳое вуҷуд доранд, ки онҳо ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар ҷойҳои пуродам дар рӯзҳои ҷашни Соли Нав омодагӣ мегирифтанд”.

Мушакандозии "таҳрикомез"-и Эрон

Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ба сӯи се киштии ҷангии ғарбӣ мушак парронд. Ин мушакпарронӣ замоне сурат гирифт, ки киштиҳо ба Халиҷи Форс дохил мешуданд. 29 декабр сухангӯи низомиёни Амрико онро амали “хеле таҳрикомез” арзёбӣ кард.

Мақоми расмии Амрико гуфт, ин мушакҳо ба сӯи киштиҳои ҷангӣ парронда нашудаанд. Киштиҳои Эрон 26 декабр оташи озмоишӣ кушодаанд ва он вақт киштиҳои Амрико дар масофаи 1500 ярд, яъне дар дастрасии оташ қарор доштанд.

Киле Рейнз-фармондеҳи киштӣ ва сухангӯи фармондеҳии умумии Амрико гуфт, ба киштии ҳавопаймобари Трумени Амрико 23 дақиқа вақти омодабош дода шуд.

Рейнз гуфт, “ин гуна амалҳо хеле таҳрикомез, хатарнок ва ғайрикасбӣ ҳастанд ва уҳдадориҳои Эронро дар бораи таъмини амнияти роҳҳои обии тиҷорати байналмиллалӣ зери суол мебаранд”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, киштиҳои ҷангии ғарбӣ табқи ҷадвали муқаррарӣ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз рафту омад мекунанд ва мушакпарронӣ замоне сурат гирифтааст, ки ин киштиҳо аз ин гулӯгоҳ мегузаштанд.

Дар биржаи Маскав доллар аз 73 рубл гузашт

Дар биржаи Маскав бори аввал рӯзи сешанбе арзиши як доллари Русия ба 73 рубл баробар шуд. Рӯзҳои охир бори аввал арзиши як евро аз 80 рубл боло рафт.

Коршиносон поин рафтани арзиши рубли русиро бо афтодани нархи нефт ва поён ёфтани пардохти андозҳо иртибот медиҳанд. Рӯзи сешанбе нархи як бушка нефти навъи Брент то 37 доллару 35 сент поён рафт.

15 декабр бори аввал баъд аз соли 1998 Бонки Русия арзиши долларро 70 рублу 73 копеек муайян кард. Як рӯз пеш аз он нархи нефти навъи Брент баъд аз соли 2008 бори аввал аз 37 доллар поён рафт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG