Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиши пурқурбонӣ дар пойтахти Мексика

Дар таркиши рӯзи 31 январ дар қароргоҳи ширкати давлатии нафти Мексика – Pemex - 32 нафар ҳалок ва беш аз 120 тан захмӣ шудаанд. Иллати таркиш дар бинои маъмурии воқеъ дар паҳлуи бурҷи 51-қабатии Pemex дар Мехико норӯшан боқӣ мемонад. Раисиҷумҳур энрике Пена Нето аз мардум даъват кард, шоеъотро доман назананд. Бино ба хабарҳо, се қабати бурҷи Pemex тахриб шуда, чандин ҳазор кормандро аз ин осмонбӯс кӯчонданд. Пулис барои берун кашидани аҷсод ва захмиҳо 4 чархбол овард.

Тоҷикистон қонуни “Ломбард”-ро қабул мекунад

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонун «Дар бораи гаравхона ё “ломбард”-ро маврид баҳси вакилони кумитаҳои маҷлис қарор дод. Намояндагони мардумӣ зарурати қабули ин тарҳро ба афзоиши “Ломбард”-ҳои пинҳонӣ тавҷеҳ мекунанд ва мегӯянд, набуди қонуни мушаххас шаҳрвандонро ба доми фиреби ширкатҳои зеризаминӣ меафтонад.

Ҳоло дар Тоикистон ду ширкати ломбардии мавсум ба «Иқбол-2012» ва «Ломбард» фаъолият доранд, аммо фаъолияти худро дар асоси Кодекси шаҳрвандӣ пеш мебаранд.

Исмоил Талбаков, Вакили маҷлиси намояндагон мегӯяд, “вақте як нафар барои гирифтани қарз аз “ломбард” маводи қимтабаҳои худро ба гарав мегузорад, бояд донад, ки дар сурати қарордоди якмоҳа, агар қарзро дар вақти муайяншуда барнагардонад, сарнавишти моли қиматбаҳояш чӣ хоҳад шуд? Ва ё агар дар ивази пардохти қарз маркази ломбардӣ моли шуморо барнагардонад, чӣ бояд кард?”.


Феълан барои такмили ин қонун кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, беш аз 116 таклифу дархостро ба Кумитаи масъул пешниҳод кардаанд.

Тарҳи қонуни мазкур аз чор боб ва 18 модда иборат буда, дар онҳо фаъолияти ломбард, шароиту талаботи асосӣ ба фаъолияти онҳо, сиррӣ будани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, тартиби гирифтани молу мулки дар гаравмонда, ситонидани пули қарз, тартиби ҳуҷҷатҳои вомдиҳӣ ва шартҳои фурӯхтани молу мулкро фаро гирифтааст.

Мухолифони раиси ҷумҳури Миср тазоҳурот карданд

Ҳазорон нафар дар шаҳрҳои саросари Миср бо раҳпаймоӣ мухолифати худ ба Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои кишварро нишон доданд. Аз ҷумла тазоҳургарон дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира пойтахти Миср ҷамъ омада, алайҳи Муҳаммад Мурсӣ шиор доданд. Дар шаҳрҳои Искандария ва Порт Саид низ раҳпаймоиҳо сурат гирифт. Мухолифони раиси ҷумҳур аз ӯ мехоҳанд, ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис дода ва Қонуни Асосиро ислоҳ кунад, ки исломгароён онро таҳия кардаанд. Аз ду ҳафтаи пеш аз замони таҷлили дуввумин солгарди қиёмҳои мардумӣ дар Миср, ки ба ҳукумати тӯлонии Ҳуснӣ Муборак хотима доданд, ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти хушунатомезу хунин шудааст.

Тоҷикистон 2 март узви расмии СҶТ хоҳад шуд

Тоҷикистон рӯзи 2 март расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат(СҶТ) хоҳад пайваст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар сомонааш навишт, ки ин таърихро муовини мудири кулли СҶТ Алехандро Хара рӯзи 31 январ дар пайи ба ин созмон супурдани тасвибномаи протоколи вуруди Душанбе ба ин созмон эълон кардааст.
Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 барои пайвастан ба СҶТ дархост дода, моҳи декабри соли 2012 расман ба узвияти созмон даъват гирифт.Ин ниҳод, ки шароити тиҷорати ҷаҳониро танзим мекунад, соли 1995 таъсис ёфта, 157 кишварро муттаҳид мекунад.

Номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Арманистонро ҷарроҳӣ карданд

Табибони арманӣ Париюр Ҳайрикиён, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Арманистонро ҷарроҳӣ карда ва тирро аз китфаш гирифтаанд. Ин сиёсатмадори 63-солаи арманиро шоми панҷшанбе дар назди хонааш дар шаҳри Ереван бо тири туфанг захмӣ карданд. Анаит Айтаён, сухангӯи вазорати беҳдошти Арманистон, гуфт, ки ҳоло хатаре ба ҷони Париюр Ҳайрикиён таҳдид намекунад. Ҳайрикиён раиси Ҳизби Миллии Арманистони Соҳибихтиёр ва яке аз номзадҳо дар интихоботи раиси ҷумҳур аст, ки рӯзи 18 феврал баргузор мешавад. Дар интихобот ҳашт номзад пешбарӣ шудаанд ва интизор меравад, ки Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳурӣ феълӣ пирӯз шавад. Аммо бар асоси Қонуни Асосии Арманистон дар сурати пешомади ногаҳонӣ бо яке аз номзадҳо раъйдиҳиро метавонанд ба таъхир андозанд.

Бомбгузории хунин дар як масҷиди шиъаёни Покистон

Пулиси Вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон эълом кард, ки дар бомбгузории интиҳорӣ дар як масҷиди ин минтақа 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Таркиш ҳангоми намози ҷумъа дар як масҷиди шиъаён дар ноҳияи Ҳангу ба вуқӯъ пайвастааст. Бар асари инфиҷор ҳамчунин чанд дукони наздик ба масҷид осеб дидаанд. Ноҳияи Ҳангу дар гузашта борҳо шоҳиди муноқишаи шиъаёну сунниён дар ин маҳал шудааст.

Мудири ТелиаСонера аз мақомаш истеъфо дод

Ларс Нюберг, мудири иҷроияи ширкати мухобиротии ТелиаСонера, ки ба ҷанҷоли ришвахорӣ дар Ӯзбакистон кашида шуда буд, аз мақомаш истеъфо додааст. Ширкати шветсиягии ТелиаСонера, рӯзи ҷумъа бо нашри баёния гуфт, Ларс Нюберг баъди таҳқиқи мустақилонаи шеваҳои тиҷорат бо ҳамкорони ширкат дар Ӯзбакистон аз мақомаш истеъфо дод. Таҳқиқ нишон додааст, ки ТелиаСонера ҳангоми ҳамкорӣ бо ширкати Такилант, ҳамкораш дар Ӯзбакистон собиқаву амалкарди онро дуруст таҳқиқ накардааст. Гуфта мешавад, ки ин ширкат ба Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон иртибот дорад. Аммо дар ин таҳқиқ иддаъоҳо дар бораи додани ришва ба мақомоти Узбакистонро рад кардаанд. Соли 2007 ТелиаСонера бо ширкати Такилант қарордоди 350 миллион долларӣ имзо кард ва бо мусоидати он ба бозори Узбакистон ворид шуд. Соли 2012, хабарнигорони телевизиони Шветсия бо нашри гузориши таҳқиқотие иддаъо карданд, ки ТелиаСонера дар он вақт бо пардохти ришва ҳаққи кор дар Узбакистонро пайдо кардааст.

Ба сафорати Амрико дар Туркия ҳамла кардаанд

Ба гузориши хабаргузориҳои Туркия, рӯзи ҷумъа як бомбгузори маргталаб ба сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Анқара ҳамла кардааст. Мири шаҳри Анкара гуфт, ки дар ин таркиш ду нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бар асари таркиш, девори бетонии берунии қароргоҳи сафорати Амрико рахна шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон айни замон, мошинҳои ёрии тиббӣ дар маҳалли ҳодиса ҳастанд.

Ҷо Байден бо Ангела Меркел мулоқот мекунад

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, дар оғози сафараш ба се кишвари аврупоӣ имрӯз дар шаҳри Берлин бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мулоқот мекунад. Ҷо Байден пеш аз ин дар мусоҳибае бо нашрияи олмонии Зудойче Сайтунг, аз давлати Эрон даъват кард, ки ба музокирот дар бораи барномаҳои атомиаш баргардад. Ҷо Байден дигарбора пешниҳоди музокироти мустақим байни Амрикову Эрон кард, вале ҳушдор дод, ки равзанаи дипломатӣ ба рӯи Эрон ҳамеша боз нахоҳад буд. Ҷо Байден дар нишасти амниятӣ дар шаҳри Мюнхен ҳузур хоҳад дошт, ки дар он бештар ба бӯҳрони Сурия таммаркуз хоҳад шуд. Қарор аст, Ҷо Байден бо Муоз ал-Хатиб, раҳбари мухолифони давлати Сурия, Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот кунад.

Ду мақоми украиниро дар Алмаато боздошт кардаанд

Бино ба гузоришҳо, ду раҳбари баландпояи як ширкати аслиҳафурӯшии Украинаро барои ришвахорӣ дар Қазоқистон боздошт кардаанд. Расонаҳои Украина мегӯянд, ду корманди ширкати давлатии “Укрсетэкспорт”-ро ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Алмаато ва баъди мулоқоташон бо як мақоми вазорати дифоъи Қазоқистон дастгир кардаанд. Ба гуфтаи як манбаъ, дар вазорати дифоъи Украина ҳарду корманди вазорат барои имзои қарордоде “пули нақди бисёре” пардохтаанд. Андрий Масалски, сухангӯи ширкати “Укрсетэкспорт” гуфт, таҳқиқи дохилӣ дар ин замина идома дорад, вале Қазоқистон ин қазияро шарҳ надодааст. Пештар раиси бахши аслиҳа дар ваорати дифоъи Қазоқистонро бо иттиҳоми гирифтани 200 ҳазор доллар ришва боздошт карда буданд.

Таркиши қавие дар Мексика 25 нафарро кушт

Бар асари таркиши қавие дар наздикии қароргоҳи ширкати давлатии нафтии Мексика 25 нафар кушта ва бештар аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, мумкин аст, теъдоди қурбониёни фоҷиа бештар бошад, зеро даҳҳо нафари дигар зери харобаҳои бинои 52 табақаи қароргоҳи Пемекс дармондаанд. Бино ба гузоришҳо, бар асари инфиҷор дар таҳхонаи бинои наздик ба қароргоҳи Пемекс, се табақаи аввали ин бино сахт осеб дидаанд. Ҳазорон нафар аз кормандони ширкатро аз бино берун кардаанд ва маъмурони пулис ва табибону наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд.

Клинтон: "Эрону Русия ҳамчунон ба Сурия кӯмак мекунанд"

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, Эрону Сурия ҳамчунон ба давлати Сурия бо аслиҳа ва пул кӯмак мекунанд. Ҳилларӣ Клинтон, ки ба зудӣ аз мақомаш меравад, рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, нигаҳ доштани Башор Асад дар қудрат яке аз авлавиятҳои асосии Эрон аст. Ба қавли хонум Клинтон, Эрон теъдоди мушовиронашро дар Димишқ афзоиш дода ва Сурияро бо аслиҳаи беҳтар таъмин мекунад. Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, омилҳое ҳаст, далолат мекунанд, Русия низ ҳамчунон ба Сурия пул ва таҷҳизот медиҳад. Дар нутқи охиринаш дар Шӯрои Равобити Хориҷӣ дар Вашингтон, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико ҳамчунон як “қудрати ҳатмӣ” дар ҷаҳон хоҳад монд ва бояд усулҳои дипломатии асри 21, аз ҷумла фанновариҳои нав ва тавсиаи муносибот бо қудратҳои дар ҳоли зуҳур ва шаҳрвандони оддиро ба кор барад.

ВУД: аз қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ шуд

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, пулиси кишвар рӯзи 31-уми январи соли 2013 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе зимни баргузории як амалиёти фаврӣ, талоши интиқоли 1 кило ва 946 грамм ҳероинро пешгирӣ намудааст. Бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии ин миқдор мавод, сокини маҳаллӣ Азизов Комил аз ҷониби пулис боздошт шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин қазия парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Бозгашти дубораи мактабиён ба пушти мизи дарсӣ

Пас аз анҷоми таътили якмоҳа, муҳассилини макотиби Тоҷикистон ба таҳсил шурӯъ карданд. Маҳмуд Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, бинобар сардиҳо дар фасли зимистон зарурат пеш омад, ки ба муҳассилини макотиб тайи як моҳ таътил дода шавад ва ҳоло бо гузашти ин муддат, омӯзгорон ва шогирдон дубора дохили синфхонаҳо шуданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2011 дар таътили тирамоҳӣ танҳо шогирдони синфҳои ибтидоӣ истироҳат доштанд ва мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ба муддати 25 рӯз ба таътили зимистона рафта буданд. Қаблан Вайсиддин Исмоилов, сармутахассиси раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон то ба 30 рӯз дароз гардидани таътил дар фасли сарморо аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ ба хотири ҳифзи саломатии муҳассилин марбут дониста буд.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттиллои Вазорати маориф, дар кишвар зиёда аз 3800 макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки дар ин таълимгоҳҳо бештар аз 1,5 млн. хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Арманистонро захмӣ кардаанд

Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз Арманистон, дар як тирандозӣ дар шаҳри Ереван, Парюр Ҳайрикиён, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури он кишвар захмӣ шудааст. Хешовандонаш мегӯянд, ки ӯ аз китфаз захмӣ шудааст ва хатаре ба ҷони ӯ таҳдид намекунад. Парюр Ҳайрикиёни 63-сола, барои дигарандешиаш дар замони шӯравии собиқ 11 солро дар зиндон ва се соли дигарро дар бадарға сипарӣ кардааст. Ӯ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, ки ҳамин моҳ баргузор мешавад, аз рақибони нерӯманди Серж Саркиссиён раиси ҷумҳури феълии Арманистон дониста мешавад.Чанде аз сиёсатмадорони Арманистон ба дидорбинии ӯ ба шифохона рафтаанд, аз ҷумла Тигрон Саркиссиён нахуствазир, ки ҳамла ба Ҳайрикиёнро маҳкум кардааст.

Эрон дар пайи суръат бахшидан ба ғанисозии ураниум

Дипломатҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, ғанисозии ураниумро дар кишварро суръат бахшад. Ба гузориши хабаргузориҳои Ассосиейтед Пресс аз Ройтерз, Эрон ба Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хабар додааст, ки барои ғанисозии ураниум дар корхонаи атомии Натанз ҳазорҳо сентрифугаҳои пешрафта насб мекунад. Дар сурати иҷрои ин тарҳ Эрон метавонад, бо суръати се баробар бештар ураниуми ғализ ҳосил кунад. Кохи Сафед, ин азми Эронро идомаи нақзи қатъномаҳои Созмони Милал хонд, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ хостаанд, ғанисозии ураниумро боздорад. Кишварҳои Ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ ва ҳадафҳои сулҳомез аст.

Дейвид Бекҳем ба ПСЖ-и Фаронса пайваст

Дейвид Бекҳем, футболбози моҳир ва машҳури Инглистон ба тими ПСЖ-и Фаронса пайваст. Капитани собиқи тими миллии Инглистон барои 5 моҳ дар ин дастаи фаронсавӣ бозӣ хоҳад кард ва музди корашро ба як бунёди хайрияи кӯдакон дар Порис хоҳад дод. Дейвид Бекҳеми 37-сола қаблан дар Манчестер Юнайтед, Реал Мадрид ва Лос Анҷелес Галакси бозӣ кардааст.

Гузоришҳо аз Сурия Бан Ки Мунро нигарон кардааст

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал мегӯяд, Бан Ки Мун аз гузоришҳо дар бораи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Сурия фавқуллода нигарон шудааст. Эдуардо Дел Буей рӯзи панҷшанбе гуфт, Бан Ки Мун “аз тамоми тарафҳои дахил хостааст, монеъи танишҳо ва ё авҷ гирифтани онҳо дар минтақа шаванд”. Пештар аз ин ҳукумати Сурия аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як таъсисоти низомиии он кишвар ба Созмони Милал шикоят кардааст. Бино ба гузоришҳои расонаҳои давлатии Сурия, масъулони вазорати умури хориҷии ин кишвар, фармондеҳи нерӯҳои посдори сулҳ дар Баландиҳои Ҷулонро ба вазорат хонда ва шикояти расмиро ба ӯ супурдаанд. Артиши Сурия гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Низомиёни Сурия ҳамчунин гузоришҳо дар бораи онро рад карданд, ки гӯё ҳавопаймоҳои Исроил мошинҳои ҳомили силоҳ барои Лубнонро ҳадаф гирифтаанд. Давлати Исроил ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Посухҳои Чак Ҳагел ба Сенати Амрико

Чак Ҳагел, номзад ба мақоми вазири дифоъи Амрико мегӯяд, дар сурати зарурат аз амалиёти низомӣ алайҳи Эрон ва ё дигар душманони кишвараш ҳимоят хоҳад кард. Чак Ҳагел, сенатори собиқ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ зимни пурсишу посух дар Кумитаи Дифоъи Сенати Амрико гуфт, бо мавзъегирии раиси ҷумҳур Барак Обама мувофиқ аст, ки гуфтааст, дар сурати ноком шудани талошҳои дипломатӣ барои ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон гузинаи низомиро сарфи назар намекунад. Ӯ афзуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ набояд соҳиби силоҳи атомӣ шавад: “Ман дар гузашта низ борҳо гуфтаам, ки барои расидан ба ин ҳадаф бояд тамоми гузинаҳоро дар назар гирифт. Сиёсати ман бо сиёсати раиси ҷумҳур ҳамеша яксон будааст, яъне ҷилавгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи атомӣ, на маҳор кардани он." Чак Ҳагелро, ки аз тарафи Барак Обама ба мақоми вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида пешбарӣ шудааст, дар гузашта барои интиқодаш аз сиёсатҳои Исроил ва мавзеъгирии нарм нисбат ба Эрон танқид кардаанд.

Интиқоди Тоҷикистон дар гузориши HRW

Дидбони Ҳуқуқи Башар бо нашри гузорише дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар 90 кишвари ҷаҳон аз мушкилоти пеши рӯи бисёре аз онҳо дар роҳ ба сӯи демократия ҳушдор дод. Ин созмони байналмилалии нозири ҳуқуқи инсон рӯзи панҷшанбе гуфт, майли ҳукуматҳои нави Ховари Миёна барои мурооти ҳуқуқи инсон намоиш хоҳад дод, ки қиёмҳои мардумӣ дар минтақа ибтидои демократия дар ин кишварҳост ва ё омадани шаклҳои нави режимҳои худкома. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукумати Русияро барои саркӯбии бесобиқаи ҷомеаи маданӣ интиқод кардааст. Дар ин гузориш Тоҷикистон барои мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ва фишор бар матбуоти мустақил накӯҳиш шудааст. Гузориши солонаи 665 саҳифагии Дидбони Ҳуқуқи Башар гузориши 23 саввуми он дар бораи вазъи мурооти ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон аст.

Сафари Ҷо Байден ба Аврупо оғоз мешавад

Интизор меравад, ки Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико дар сафараш ба Аврупо, бо раҳбарони се кишвари ин минтақа ҷанг дар Сурияро барррасӣ мекунад. Ҷо Байден, рӯзи панҷшанбе озими Олмон шуд ва дар он ҷо дар Нишасти Амниятии шаҳри Мюнхен ширкат мекунад. Дар ҳошияи ин нишаст, ӯ бо Муоз ал-Хатиб, раҳбари мухолифони Сурия, Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтӯгу хоҳад кард. Русия аз шарикони деринаи Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия аст. Ҷо Байден баъди Олмон ба Бритониё ва Фаронса сафар хоҳад кард. Баъди ҳамлаи Исроил ба таъсисоте дар дохили Сурия ин нигарониҳо авҷ гирифтааст, ки муноқиша дар Сурия ба дигар кишварҳои минтақа низ сироят кунад.

Сурия аз Исроил ба Созмони Милал шикоят кард

Ҳукумати Сурия аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як таъсисоти низомиии он кишвар ба Созмони Милал шикоят кардааст. Бино ба гузоришҳои расонаҳои давлатии Сурия, масъулони вазорати умури хориҷии ин кишвар, фармондеҳи нерӯҳои посдори сулҳ дар Баландиҳои Ҷулонро ба вазорат хонда ва шикояти расмиро ба ӯ супурдаанд. Артиши Сурия гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Низомиёни Сурия ҳамчунин гузоришҳо дар бораи онро рад карданд, ки гӯё ҳавопаймоҳои Исроил мошинҳои ҳомили силоҳ барои Лубнонро ҳадаф гирифтаанд. Сурия мегӯяд, ҳамлаи Исроил, нақзи тавофуқномаи оташбаси соли 1974 миёни ду кишвар аст. Давлати Исроил ин ҳодисаро шарҳ надодааст. Ҳукумати Сурия ва муовини вазири дифоъи Эрон гуфтаанд, ки ин амалкарди Исроил бе посух намемонад.

Ҳамла болои расонаҳои форсизабон авҷ гирифтааст

Кетрин Эштон
Раиси идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон аз мавҷи нави ҳабси рӯзноманигорон дар Эрон нигарон аст. Ба қавли хонум Эштон таъқиби рӯзноманигорон маъракаи сиёсии фишори ҳадафмандона рӯи матбуот аст. Охириҳ афтаи гузашта дар Эрон камаш 14 рӯзноманигори нашрияҳои ислоҳотталаб ва нимарасмӣ боздошт шуданд. Вазорати иттилооти Эрон исрор меварзад, ки онҳо дар хидматияке аз шабакаҳои бузургтарини расонаҳои хабарии ғарбӣ қарор доштаанд. Дар ҳамин ҳол шуморе аз хабарнигорони эронии муқими кишварҳои ғарбӣ ва аз ҷумла Радиои Фардо-бахши форсии Радиои Озодӣ ва бахшит форсии Би Би Си аз ҳамлаи кибернетикӣ ё худ ҳамлаи сайберӣ болои сайтҳояшон дар интернет хабар додаанд.

Қирғизистон. Сокини тоҷиктабор раиси ҷамоат интихоб шуд

Аҳмадҷон Абдураҳмонов сокини тоҷиктабори Қирғизистон раиси ҷамоати Учқурғони вилояти Ботканди Қирғизистон интихоб шудааст. Тавре Мавлонҷон Абдураззоқов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, интихобот бо иштироки 31 вакили маҳаллӣ баргузор гардид, ки 23 нафари онҳо аз номзадии Аҳмадҷон Абдураҳмонов пуштибонӣ карданд. Аҳмадҷон Абдураҳмонов узви Ҳизби сотсиал демократи Қирғизистон буда, аслан ба соҳибкорӣ машғул будааст.

Генерали қазоқ бо ришваситонӣ муттаҳам мешавад

Мансабдори баландпояи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст. Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон Сауле Смагулова мегӯяд, муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ генерал-майор Алмос Асенов-раиси бахши таъмини аслиҳаи ин вазоратро ба ҳабс гирифтаанд. Ба қавли телевизиони қазоқии КТК Асенов бо қабули 200 ҳазор доллар ришва муттаҳам мешавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Бачаҳоро аз дохили ҷойгаҳашон гирифта бурданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
XS
SM
MD
LG