Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мессӣ бозигари беҳтарини соли 2012 эълон шуд

Мессӣ ҳангоми дарёфти ҷоизаи бозигари беҳтарини сол
Беҳтарин футболбози соли 2012 дар ҷаҳон эълон шуд. Федератсияи байналмиллалии футбол Лионел Мессиро рӯзи душанбе футболбози беҳтарин эълон кард ва ба вай “Тӯби тиллоии ФИФА”-ро дар маросиме дар шаҳри Сурихи Шветсария тақдим намуд. Мессӣ аз Аргентина аст.

Ба ҷуз аз Лионел Мессӣ бозигарони дигари пуровоза Андерс Инеста аз Испания ва Криштиану Роналду аз Португалия низ дар феҳристи довталбони ин унвон буданд.

Ҳалокати як марзбони тоҷик дар марз бо Афғонистон

Дар як даргирии шаби 7 январ дар минтақаи Ҳамадонии марзи Тоҷикистону Афғонистон як марзбони тоҷик кушта ва якеи дигар захмӣ шудааст. ИТАР-ТАСС бо такя ба манобеъаш дар Раёсати марзбонӣ хабар дод, ки ҳудуди 20 қочоқбар баъди убур ба ин сӯи рӯди Омӯ ба камини марзбонони тоҷик дучор шуданд ва дар натиҷа даргирӣ рух дод. Бино ба ин гузориш, марзбонони тоҷик дар соли 2012 аз беш аз 20 мавриди талоши убури мусаллаҳонаи марз ҷилавгирӣ карда, беш аз 3 тонна маводи мухаддир ва даҳҳо мил силоҳ мусодира кардаанд.

Эътирози расмии Покистон ба Ҳинд

Вазорати хориҷаи Покистон ба Ҳинд дар робита ба ҳамла ба як посгоҳи марзӣ дар минтақаи баҳсии Кашмир расман эътироз кард. Ду кишвар якдигарро дар оғози даргирии рӯзи якшанбе айбдор мекунанд. Исломобод мегӯяд, нирӯҳои Ҳинд дар амал аз хатти назоратӣ убур карда, ба як посгоҳ ҳамла оварданд, ки дар натиҷа як сарбози покистонӣ кушта ва якеи дигар захмӣ шуд. Артиши Ҳинд ин иттиҳомро радд мекунад. Кашмири умдатан мусалмоннишин дар минтақаи Ҳимолой байни Ҳинду Покистон тақсим шудааст, вале ҳарду ба тамоми қаламрави он даъво доранд ва аз замони истиқлолашон дар соли 1947 ду дафъа бар сари Кашмир вориди ҷанг ҳам шудаанд.

Даъвои се шаҳр ба мизбонии Бозиҳои олимпӣ-2020

Истамбул, Мадрид ва Токио – се шаҳри довталаби мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 имрӯз дархости худро расман ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Лозаннаи Швейтсария месупоранд. Ҳар дархост бо шумули масоили моливу амниятӣ ва ҷузъиёти дигари марбут ба баргузории Олимпиада чандсад саҳифаро дар бар мегирад. Куммиссиюни арзёбии Кумитаи олимпӣ, қарор аст, дар моҳи март аз ҳар се шаҳр дидан кунад. Мизбони Олимпиадаи тобистони соли 2020-ро рӯзи 7 сентябр дар Буэнос-Айрес- пойтахти Аргентина интихоб хоҳанд кард.

Содироти гандуми Покистон ба Эрон кам мешавад

Покистон дар оғози феврал ба Эрон ҳудуди 100 000 тонна гандум содир мекунад. Seatrade Group – ширкати содиркунандаи ғаллаи Покистон – гуфтааст, ин танҳо даҳяки гандумест, ки бояд ба Эрон содир мешуд. Як мақоми ширкат бидуни бурдани ном гуфтааст, давлати Эрон барои харидан 1 миллион тонна гандуми моҳи август тавофуқшуда “зоҳиран пул надорад.” Seatrade Group гуфт, тибқи тавофуқ, Эрон бояд дар баҳои ин гандум маъдани оҳан ва нуриҳои минералӣ бидиҳад. Ширкати покистонӣ гуфт, 900 000 тонна гандуми боқимонда зери суол қарор дорад ва “шояд дар бозори хусусӣ ба фурӯш бароварда шавад.”

Додситони кулли Молдова дар шикор одам куштааст?

Валериу Зубко (Акс аз бойгонӣ)
Раҳбари як ҳизби зиддифасоди Молдова додситони кулли кишвар Валериу Зубкоро ба қатли як мард ҳангоми шикор айбдор кард. Сергиу Мокану – раҳбари Ҷунбиши зидди мафия дар гуфт, Зубко Сорин Пачиуи 34-соларо рӯзи 23 декабр дар шикор кушт. Мокану дар нишасти хабарии дирӯзааш гуфт, “раҳбарони олии Молдова” аз нашри ин хабар ҷилавгирӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар он шикор раис ва муовини раиси Додгоҳи таҷдиди назари Молдова низ ҳузур доштаанд. Зубко то кунун дар ин бора шарҳе надода, дар мазҳари ом низ зоҳир нашудааст. Додситонӣ дирӯз бо нашри як изҳорот иддаои Мокануро “инҳироф” хонд, вале гуфт, хабар дорад, ки як марди 34-сола ҳангоми шикор ҷароҳат бардошта ва ду рӯз баъд фавтидааст.

Обама дар садади пешбарии ду номзади муҳим

Ҷон Бреннан
Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ Чак Ҳейгелро ба мақоми вазири дифоъ ва мушовираш дар умури мубориза бо терроризм Ҷон Бреннанро, бино ба хабарҳо, ба симати мудири Идораи марказии ҷосусӣ(CIA) пешбарӣ кунад. Расонаҳо аз қавли мақомоти аршад мегӯянд, Обама номзадии ҳардуро имрӯз пешбарӣ хоҳад кард. Ҳейгели 66-сола ва ветерани ҷанги Ветнам бо интиқодаш аз Исроил ва ҳимояташ аз муколама бо Эрон маъруф аст. Бреннан 25 сол собиқаи кор дар CIA дорад ва дар таҳияи амалиёти қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден дар соли 2011 нақши муҳим бозӣ карда буд. Обама Бреннанро дар соли 2008 низ ба раҳбарии CIA пешбарӣ карданӣ буд, вале ӯ дар пайи бурузи моҷарои бозпурсиҳои аҳди Ҷорҷ Буш номзадиашро пас кашид. Вазири кунунии дифоъи Амрико Леон Панетта гуфтааст, ки ба муҷарради оғози давраи дувуми раёсати Обама дар таърихи 20 январ ин мақомро тарк мекунад. Аъзои кобина ва мақомоти аршади Амрикоро маҷлиси болоии Конгресс тасвиб мекунад.

Вазири маориф мухолифи табдили расмулхат аст

Нуриддин Саидов
Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, мухолифи тағйири расмулхати сирилик аст. Нуриддин Саидов рӯзи душанбе дар нишасти хабариаш гуфт, ҳар равшанфикри тоҷик бояд хатти форсиро бидонад, вале дар ҳоли ҳозир саросар ба ин хатт гузаштани кишвар мушкилоти иқтисодиву, ба таъбири ӯ, «идеологӣ»-ро пеш хоҳад овард. Як бахши зиёиёни тоҷик ба хотири омӯзиши хубтари мероси ниёгон ва баҳрабардории бештар аз дастовардҳои ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон тақрибан аз поёни солҳои 80 ба ин сӯ гузаштан ба хатти форсиро пешниҳод мекунанд, вале мақомот инро қабул надоранд. Тоҷикистон соли 1928 аз хатти форсӣ ибтидо ба алифбои лотинӣ ва соли 1940 ба хатти сирилик гузашт.

Нахустин эҳзори 5 гумонбари таҷовуз дар Ҳинд

5 марди гумонбар ба таҷовуз ба номус ва қатли донишҷӯдухтари 23-солаи ҳиндӣ рӯзи душанбе барои бори аввал ба додгоҳи Деҳлии нав эҳзор шуданд. Дар пайи беназмиҳо дар толори мурофиа қарор шуд, ки додгоҳ пушти дарҳои баста гузарад. Агар даст доштани ин афрод ба ҳамлаи 16 декабр, ки хашми дунё ва мавҷи эътирозҳо дар саросари Ҳиндро ба бор овард, собит шавад, онҳо метавонанд ба қатл маҳкум шаванд. Гумонбари шашум, ки 17 сол дорад, бояд дар додгоҳи ноболиғон муҳокима шавад. Ин шашгонаро ба таҷовуз ба номус ва шиканҷаи он духтар ва латукӯби марди ҳамроҳи ӯ дар як автобус дар пойтахти Ҳинд айбдор мекунанд. Духтар баъди ду ҳафтаи ҳамла дар бемористоне дар Сингапур даргузашт.

Буҳрони Сӯх: Тамоми гаравгонҳоро раҳо кардаанд

Ҳамаи он шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҷазирақаламрави умдатан тоҷикнишини Сӯхи Узбакистон гаравгон буданд, имрӯз раҳо ёфтаанд. Як мақоми Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, 16 гаравгонро зӯҳри душанбе озод кардаанд. 14 зану кӯдаки гаравгон субҳи имрӯз раҳо ёфта буданд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, таниш вақте оғоз шуд, ки сокинони Сӯх ба марзбонони қирғиз ҳамла карда, ҳудуди 40 шаҳрванди қирғизро гаравгон гирифтанд. Бино ба хабарҳо, дар даргириҳо як пулиси қирғиз ҳам сахт захмӣ шудааст. Аммо Кумитаи марзбонии Узбакистон имрӯз дар як баёния марзбонони қирғизро дар буҳрони ахир дар ҷазирақаламрави умдатан тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона айбдор кард ва гуфт, онҳо алайҳи эътирозгарони мухолифи насби сутунҳои барқ дар посгоҳи марзии Қирғизистон тир кушодаанд.

Тошканд дар буҳрони Сӯх қирғизҳоро айбдор кард

Кумитаи марзбонии Узбакистон имрӯз бо нашри як баёния марзбонони қирғизро дар буҳрони ахир дар ҷазирақаламрави умдатан тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона айбдор кард. Сӯх бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст. Дар ин баёния марзбонони қирғиз айбдор мешаванд, ки алайҳи эътирозгарони мухолифи насби сутунҳои барқ дар посгоҳашон тир кушодаанд. Бино ба хабарҳо, 5 шаҳрванди Узбакистон захмӣ шудаанд. Бо ин ҳол, мақомоти қирғиз мегӯянд, сокинони Сӯх ба марзбонҳои қирғиз ҳамла карда, ҳудуди 40 шаҳрванди Қирғизистонро гарав гирифтаанд. Бино ба хабарҳо, дар даргириҳо як пулиси қирғиз ҳам сахт захмӣ шудааст. Субҳи душанбе 14 зан ва кӯдаки гаравгонро раҳо кардаанд, вале ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳанӯз то 20 қирғизи дигар дар идораи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар Сӯх нигоҳ дошта мешаванд.

Барканор шудани 23 мақоми донишгоҳи Кӯлоб

23 мақоми солманди донишгоҳи Кӯлобро ба далели расидан ба синни нафақа аз мақомҳои ноиби ректор, декан ва мудирии кафедраҳо барканор кардаанд. Ба навиштаи «Азия Плюс», ректори донишгоҳ Алӣ Табаров ин афродро «хазинаи тилоӣ»-и ин мактаби олӣ номида, гуфтааст, барканории онҳо бо амри дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ин ниҳод аз идороти давлатӣ хостааст, аз оғози соли нав афроди солмандро аз мақомҳо барканор ва ба ҷои онҳо мутахассисони ҷавонро таъйин кунанд. Ҷамъи афроди бознишаста дар Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар баровард мешавад.

Раҳоии 14 гаравгони қирғиз дар Сӯх

14 зан ва кӯдаке, ки сокинони ҷазирақаламрави Сӯхи Узбакистон гарав гирифта буданд, раҳо шудаанд. Дафтари матбуоти вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи душанбе гуфт, музокирот дар мавриди раҳоии ин гаравгонҳо натиҷа дод, вале ба гуфтаи волии Бодканд Ҷониш Раззоқов, ҳудуди20 шаҳрванди дигари қирғиз ҳамчунон дар Сӯх боқӣ мемонанд. Сокинони Сӯх рӯзи шанбе ба марзбонони қирғиз вақте ҳамла карданд, ки онҳо хатти барқ дар посгоҳи ҷадиди «Чорбоғ»-ро насб мекарданд. Рӯзи якшанбе садҳо сокини ин ҷазирақаламрав боз ба марзбонҳои қирғиз ҳамла карда, ҳудуди 40 шаҳрванди қирғизро аз рустои Чорбоғ ва аз мошинҳое, ки аз Сӯх убур мекарданд, гаравгон гиирфтанд. Дар даргириҳои дирӯза як пулиси қирғиз аз сараш ҷароҳат бардошт ва вазъи ӯ вахим гуфта мешавад.
Аксари аҳолии Сӯхро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Чак Ҳейгел ҷойгузини Леон Панетта хоҳад шуд

Чак Ҳейгел
Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сенатори собиқи ҷумҳурихоҳ Чак Ҳейгелро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кунад. Гузоришҳои матбуотӣ бо такя ба мақомоти аршади наздик ба раванди пешбарӣ мегӯянд, Обама тасмимашро рӯи Ҳейгел гирифтааст ва номзадии ӯ имрӯз эълон хоҳад шуд. Бо ин ҳол, ҷадвали кори Кохи Сафед ҳокист, ки Обама рӯзи душанбе ягон таъйиноти расмӣ намекунад. Вазири кунунии дифоъи Амрико Леоин Панетта гуфтааст, ки ба муҷарради оғози давраи дувуми раёсати Обама дар таърихи 20 январ ин мақомро тарк мекунад. Ҳейгели 66-сола ветерани ҷанги Ветнам буда, бо интиқодҳояш аз Исроил ва ҳимояташ аз муколама бо Эрон маъруф аст. Вакилони аршади ҷумҳурихоҳ дар Конгресс бо изҳори норозигӣ аз ин интихоби Обама аломат додаанд, ки ӯро баррасии сахте дар Сенат дар пеш аст. Аъзои кобинаи Амрикоро маҷлиси болоии Конгресс тасвиб мекунад.

Карзай бо як сафари серӯза ба Амрико рафт

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо як сафари серӯза ба Вошингтон рафт. Қарор аст, ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама ва мақомоти дигари аршад мулоқот кунад. Интизор меравад, музокирот рӯи масоили амният, равандҳои гузариши иқтисодиву сиёсӣ, таҳкими нирӯҳои амниятии Афғонистон, раванди сулҳ ва паймони дуҷонибаи амниятии Вошингтону Кобул тамаркуз кунад. Аксари нирӯҳои Амрикову НАТО то поёни соли 2014 бояд тарки Афғонистон кунанд ва Карзай Обама бояд тасмими бигиранд, ки оё чӣ миқдор нирӯе барои тамрин ва кумак ба нирӯҳои маҳаллӣ дар ин кишвари ҷангзада хоҳанд монд.

Боздошти як тоҷик дар Маскав бо 13 кг ҳероин

Пулиси Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 13 килограм маводи мухаддир боздошт кардааст. Пойгоҳи хабарии Лента.ру бо такя ба манобеи худ дар вазорати умури дохилии Русия навиштааст, ин шахс рӯзи панҷуми январ дар истгоҳи роҳи оҳани Маскав-Товарная-Павелеская дастгир шудааст. Манбаъ ҳувияти ин шахсро ошкор накарда, вале навиштааст, ки вай бекор буда ва 27 сол умр доштааст. Ба иттилои ин манбаъ, дар робита ба ин мавзӯъ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

DPA: Дар Покистон бародари Ҳакимуллоҳ Маҳсуд кушта шуд

Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон 12 тан аз ҷангҷӯёни толиб ба ҳалокат расиданд.

Амалиёт рӯзи якшанбе дар наздикиҳои марз бо Афғонистон сурат гирифт. Дар мавзеи Бабаргҳар ба дасти кам ду қароргоҳи ҷангҷӯён зарба зада шуд. Бар пояи бархе хабарҳо, дар ин амалиёт Тӯфон Маҳсуд, бародари Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари гурӯи ифротии “Таҳрики Толибон” ҳам кушта шудааст. Дар ин бора аз ҷумла хабаргузории олмонии DPA бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати Покистон иттилоъ додааст.

Башор Асад хостори "дифои Сурия аз душманон" шуд

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, рӯзи якшанбе дар сухароние аз тариқи телевизион, мардумро “барои дифоъ аз душманон” даъват кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи кишвар вазифаи ҳама шаҳрвандон аст. Сарвари Сурия афзуд, ки расонаҳои хабарии хориҷӣ “изҳороти дурӯғини душманон”-ро тарғиб мекунанд.

Башор Асад бори дигар мухолифини мусаллаҳро дар терроризм ва ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Сурия айбдор намуд. “Ин душманон изҳор мекунанд, ки барои инқилоб меҷанганд, вале амали онҳо умумияте бо инқилоб надорад”, гуфт ӯ.

Сарвари Сурия пешниҳод кард, ки конфаронс оид ба мусолиҳаи миллӣ даъват шавад ва ҳамчунин тарҳи нави Қонуни асосӣ таҳия гардад. Аммо ӯ ҳама гуна гуфтушунид бо мухолифини мусаллаҳро рад кард ва гуфт, ки пешниҳодаш дар ҳоле метавонад амалӣ шавад, ки кишварҳои ғарбӣ ва минтақа сармоягузории ин "гурӯҳҳои ҷинояткор"-ро қатъ кунанд.

Хабаргузориҳо пештар ҳадс мезаданд, ки Башор Асад дар суханронии худ ба мавзӯи ҳалли бӯҳрон дар Сурия ва оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ бо миёнҷигарии СММ тамаркӯз мекунад.

Ба иттилои СММ, тайи тақрибан ду соли низоъ дар Сурия беш аз 60 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо ҳазор нафар кишварро тарк намудаанд.

Падар номи қурбонии таҷовузро ошкор кард

Дар Ҳиндустон падари донишҷӯдухтаре, ки моҳи гузашта қурбонии таҷовузи дастаҷамъӣ гардид, номи ӯро ифшо кард. Баро пояи қонун, дар Ҳиндустон эълони номи қурбонии хушунат манъ шудааст, ки то аз ҳаёти хусусии хонавода ҳимоят шавад.

Бадрӣ Сингх Пандӣ ба нашрияи бритониёвии "Sunday People" гуфт, ки духтараш Ҷиотӣ Сингх Пандӣ ном дошт. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ошкор кардани номи духтараш ба дигар занону духтарони ҳадафи хушунату таҷовуз қароргирифта “ҷасорат мебахшад”.

Вазири маорифи Ҳиндустон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки қонуни нави зидди хушунат алайҳи занон ба номи Ҷиотӣ Пандӣ гузошта шавад.

Рӯзи 16 декабр гурӯҳи ҷавонон дар автобус ба номуси Ҷиотӣ таҷовуз кард ва духтар чанд рӯз баъд дар бемористоне дар Сингапур аз олам даргузашт. Баъд аз ин ҳодиса дар саросари Ҳиндустон тазоҳуроти густурдаи мардум шурӯъ шуд, ки дар онҳо ҳимояти занонро тақозо мекарданд.

Ин ҳафта додгоҳе дар Деҳлӣ ба панҷ нафари муттаҳам дар ин ҳодиса рӯи ҳафт банди кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, куштор, одамрабоӣ, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус иттиҳоми расмӣ эълон кард. Ба ҳамаи онҳо ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Гаравгонгирӣ дар Аврора боиси марги 4 нафар шуд

Ҳодисаи гаравгонгирӣ дар шаҳри Аврораи аёлати Колорадои Амрико бо марги чаҳор нафар анҷом ёфт. Рӯзи шанбе як мард чаҳор нафарро дар як манзили зист гаравгон гирифт. Ба як зани гарвгон муяассар шуд, ки фирор кунад ва дар бораи ҳодиса ба полис хабар диҳад. Сокинони манзилҳои атроф ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Дар амалиёти полис ҷинояткор ҷароҳатҳои сангин бардошт ва ба ҳалокат расид. Дар манзил ҷасади се гаравгон ҳам ошкор шуд, ҳадс зада мешавад, ки онҳо қабл аз расидани полис ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

Мақомоти полис то ҳол ному насаби ҷинояткору қурбониёни ҳодисаро эълон накардааст. Ангезаи гаравгонгирӣ низ ҳанӯз маълум нест.

Ин дуввумин ҳодисаи куштори дастаҷамъӣ дар шаҳри Аврора дар ним соли ахир аст - моҳи июли соли гузашта сокини маҳаллӣ Ҷеймс Ҳолс дар як кинотеатр дар нахустнамоиши филми нав дар бораи Бетман сӯи тамошобинон оташ кушод, ки дар натиҷа 12 нафар кушта ва тақрибан 60 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамлаи маргталабҳо ба сарони қабоили Спин-Болдак

Дар як ҳамлаи ду маргталаб ба бинои ҳукуматии шаҳри Спин-Болдаки вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, дасти кам се нафар ба ҳалокат расида ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҷовид Сайсал, сухангӯи волии Қандаҳор, гуфт, ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар бино мулоқоти сарони қабоил идома дошт. Ба гуфтаи ӯ, маргталабҳо қабл аз вуруд ба бино ва инфиҷори мошинашон муҳофизонро куштанд.

Қандаҳор вилояти ҳаммарз бо Покистон аст ва бузургтарин долон барои вуруди ҷанҷӯён ва қочоқи силоҳу маводи мухадир ба Афғонистон маҳсуб мешавад.

Жерар Депардие соҳиби шиносномаи русӣ шуд

Мулоқоти Путин ва Депардие
Жерар Депардие соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ба хабарнигорон гуфт, ки шиноснома ба ҳунарманди маъруфи синамо рӯзи шанбе дар шаҳри Сочи супурда шуд.

Депардие, ки бо як сафари хусусӣ ба ин шаҳр омадааст,бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард. Ба гуфтаи Олег Добродеев, раиси куллии ширкати радиову телевизиони Русия, ки дар мулоқот ширкат дошт, моҳи май аз тариқи шабакаи телевизионии “Россия-1” нахустнамоиши филм дар бораи Григорий Распутин намоиш дода мешавад, ки дар он Жерар Депардие нақши асосиро бозидааст. Ин филм тарҳи муштараки шабакаи "Россия-1" ва гурӯҳи "France Televisions" мебошад.

Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин ба ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Жерар Депардие шаҳрвандии Русияро эҳто кард. Аз ин пеш Жепардие аз шаҳрвандии Фаронса даст кашида ва гуфта буд, ки барои дарёфти шаҳрвандии Белгия талош мекунад.

Охири ҳафта Бриҷит Бардо, ҳунарманди маъруфи синамои Фаронса ва ҳомии ҳайвонот, низ таҳдид кард, ки агар мақомоти Фаронса ба ду фили сирк наҷот набахшанд, дар пайравӣ ба Жерар Депардие хостори дарёфти шаҳрвандии Русия хоҳад шуд.

Қатли боз ду корманди хайрия дар Покистон

Бино ба хабарҳои расида аз шимолуғарби Покистон, силоҳбадастони ношинос ду корманди хайрияи як тарҳи омӯзишӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхваро куштаанд. Пулис гуфт, Зокир Ҳусайн – раҳбари бахши маорифи Сандуқи Ал-Хидмат дар ноҳияи Чорсада - ҳамроҳ бо ронандааш Ходимшоҳ рӯзи ҷумъа дар минтақаи Усмонзай ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Баъди ҳамла силоҳбадастон дар як мотосикл фирор кардаанд. Ал-Хидмат қаноти молии ҳизби тундрави Ҷамоати исломист. Рӯзи сешанбе афроди мусаллаҳ 7 корманди имдодиро дар ноҳияи Свабӣ кушта буданд.

Далоили кофӣ алайҳи 5 гумонбари таҷовуз дар Ҳинд

Додситони ҷамъиятии Ҳинд гуфт, алайҳи 5 марди гумонбар ба таҷовуз ба номуси як донишҷӯдухтар дар Деҳлии нав, ки мавҷи эътирозҳои хашмолудро ба бор овард, далоили шайъии кофӣ ҷамъ шудааст. Ин духтари 23-сола ва як ҳамроҳи марди ӯ рӯзи 16 декабр ҳадафи ҳамла қарор гирифта, ду ҳафта баъд дар бемористоне дар Сингапур даргузашт. Дар ин робита 5 тан ба таҷовуз ва куштор айбор шудаанд ва шояд ҳукми қатл бигиранд. Онҳо зоҳиран рӯзи душанбе барои баррасии пешаздодгоҳӣ ба додгоҳи пойтахти Ҳинд эҳзор хоҳанд шуд. Гумонбари шашум аз 18 ҷавонтар аст ва интизор меравад, қазияаш дар додгоҳи ноболиғон муҳокима шавад. Шарики он духтар рӯзи ҷумъа дар нахустин мусоҳибааш гуфт, касе раҳгузарон ба кумаки онҳо нарасид ва пулис ҳам духтарро хеле дер ба бемористон бурд.

Армстронг истифодаи допингро иқрор карданист

Ленс Армстронг
"The New York Times" хабар дод, ки велосипедрони дар гузашта шӯҳратёр ва ҳоло бадномшуда Ленс Армстронг шояд истифодаи допингро эътироф кунад. Армстронг ба ҳамин далел аз 7 унвони қаҳрамониаш дар Tour de France маҳрум шуда, дар пайи гузориши моҳи октябри Ожонси зиддидопинги Амрико ӯро аз ҳаққи ширкат дар варзиши велосипедронии касбӣ ҳам барои умрбод маҳрум сохтанд. Ба навиштаи "The New York Times", Армстронг ба наздиконаш гуфтааст, ки ҳоло фикр дорад, то тавассути эътирофи истифодаи допинг карераи варзишиашро эҳё кунад. Нашрия исми манобеъашро зикр накардааст, вале Тим Ҳерман, вакили мудофеъи Армстронг гуфтааст, ки аз чунин қасдит муваккилаш хабар надорад. Тибқи кодекси ҷаҳонии зидди допинг, варзишгаре ки истифодаи допингро иқрор кунад, метавонад ба коҳиши муҷозоташ умед бандад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири тоҷик ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG