Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Нимпайкараи Сталинро дар Украина мунфаҷир сохтанд

Ҳизби куммунисти Украина мегӯяд, мухолифонаш нимпайкараи баҳсбарангези Иосиф Сталин-диктарори Шӯравии собиқро дар остонаи Соли Нави милодӣ мунфаҷир сохтаанд. Куммунистҳо ин корро амали террористӣ арзёбӣ кардаанд. Ин нимпайкара дар назди бинои Ҳизби Куммунист дар шаҳри Запороже гузошта шуда буд. Бинои ситоди ҳизб зарар дидааст, вале дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода намешавад. Чунин нимпайкараи Сталинро ҳафтаи гузашта гурӯҳе бо номи Тризуб мунфаҷир сохт ва Сталинро қотили мардуми украин ва террористи байналмиллалӣ номид.

Дар Бразилия раиси ҷумҳури зан ба курсӣ менишинад

Рӯзи шанбе Бразилия нахустин раиси ҷумҳури зани худро ба курсӣ менишонад. Дилма Роусселф нахустин хонум аст, ки дар Бразилия ин курсиро ишғол мекунад. Вай аз марксистҳои чирикии собиқ ва иқтисоддони варзида аст ва дар ин мақом Лула да Силва-раиси ҷумҳури маъруфи Бразилияро иваз мекунад. Хонум Роусселф 63 сола аст ва замоне ба курсии қудрат менишинад, ки иқтисоди кишвараш тақвият меёбад ва эътибори Бразилия дар арсаи байналмиллалӣ дар ҳоли болоравист.

Юнон дар марзи хуб бо Туркия панҷара мегузорад

Юнон мегӯяд, дар имтидоди марзи худ бо Туркия панҷара мегузорад, то аз вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон ба қаламрави худ пешгирӣ кунад. Христос Папаутсис-вазири ҳимоят аз шаҳрвандони Юнон ба хабаргузории кишвараш гуфтааст, панҷара дар марзи 206 километрии миёни Юнон ва Туркия мисли панҷарае хоҳад буд, ки Амрико дар марзи худ бо Мексика гузоштааст. Вазир гуфтааст, дар давоми соли 2010 ҳар рӯз ба ҳисоби миёна аз марзи миёни Туркия ва Юнон 200 нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ гузаштааст, ки аксари онҳоро шаҳрвандони Афғонистону Алҷазоир ва Покистону Сомалӣ ташкил медиҳанд.

Дар инфиҷоре дар назди калисои Миср 21 нафар кушта шуд

Мақомоти расмии Миср мегӯянд, ки дар натиҷаи инфиҷори як мошини бамгузоришуда дар калисои масеҳиюни Копт дар шаҳри шимолии Александрия 21 нафар кушта шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, мошини бамгузоришуда замоне мунфаҷир шуд, ки ширкаткунандагони ниёиши шаби солинавӣ аз калисо берун меомаданд. Баъд аз инфиҷор баъзе масеҳиюн бо пулис вориди задухӯрд шуданд. Сипас онҳо ба масҷиди маҳал ҳамла бурданд ва ба мусулмонон дар афтоданд. Ин ҳамла замоне рух додааст, ки мухолифатҳои мазҳабии миёни мусулмонону масеҳиюн дар Миср шиддат ёфтааст. Дар Миср 10 дарсади аҳолиро масеҳиюн ташкил медиҳанд.

Беларус дафтари САҲА-ро дар Минск мебандад

Беларус мегӯяд, тасмим гирифтааст, ки фаъолияти дафтари намояндагии САҲА-ро дар Минск боздорад. Андрей Савиних-сухагӯи вазорати корҳои хориҷаи Беларус дар ин бора эъломияе мунташир сохт. Вай мегӯяд, мӯҳлати эътибори фаъолияти ин созмон дар Беларус "ба поён расидааст". Ин эъломия дар ҳоле мунташир шудааст, ки нозирони ин созмон баъд аз баргузории интихоботи 19-ӯми декабри раёсати ҷумҳурӣ гуфтанд, Беларус аз баргузории интихоботи демократӣ "фарсахҳо дур аст".

Боздошти даҳҳо нафар мухолифон дар Маскав ва Питер

Баъд аз тазоҳуроти эътирозии рӯзи ҷумъа бар зидди Кохи Кремл дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург даҳҳо нафар боздошт шудаанд. Дар Маскав садҳо нафар фаъолони ҳуқуқи башар ва мухолифон иҷоза доштанд, ки дар гӯшаи Майдони Триумфалная раҳпаймоӣ анҷом диҳанд. Ин раҳпаймоӣ орому осоишта баргузор шуд. Аммо пулис мегӯяд, ки 68 нафарро дар ҷойҳои дигар боздошт кардааст, ки дар миёни онҳо Борис Немтсов ва Иля Яшин раҳбарони мухолифон низ ҳастанд. Эдуард Лимонов-раҳбари дигари мухолифон барои тавҳини кормандони пулис ҳангоми боздошт 15 шабонарӯз маҳкум ба зиндон шудааст. Тазоҳуркунандагон тақозо кардаанд, ки Владимир Путин аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо диҳад ва Михоил Ходорковский аз зиндон раҳо шавад. Пулис мегӯяд дар Санкт Петербург низ чунин тазоҳурот барпо шудааст ва дар ҷараёни он тақрибан 50 нафар боздошт шудаанд.

Эрон шаллоқ задан бар рӯи Аҳмадинежодро рад кард

Эрон гузориши мунташира дар сомонаи ифшогари WikiLeaks -ро дар ин бора, ки фармондеҳи Сипоҳи Инқилоби ин кишвар ба рӯи Маҳмуди Аҳмадинежод шаллоқ задааст, рад кард. WikiLeaks номаҳои электронии дипломатҳои амрикоиро аз қавли як сарчашмаи Озарбойҷон чоп карда буд. Дар он гуфта мешавад, ки генерал Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ дар авоили соли 2010 дар ҷараёни баҳсе роҷеъ ба бохти Аҳмадинежод дар интихобот бар рӯи вай шаллоқ задааст. Хабаргузории Форси Эрон аз қавли Рамазон Шариф-сухангӯи Сипоҳи Инқилоб сомонаи WikiLeaks-ро барои чопи "хабари дурӯғ" муттаҳам кардааст. Худи Маҳмуди Аҳмадинежод низ дар ин бора аз WikiLeaks интиқод карда буд.

Амрико ҳамла ба масеҳиюни Ироқро маҳкум кард

Амрико ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа ба хонаҳои сокинони масеҳии шаҳри Бағдодро маҳкум кард. Дар ин ҳамлаҳо 2 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Марк Тонер-кафили сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз ҳукумати Ироқ дархост кард, ки ҳимояти мардуми масеҳиро тақвият диҳад ва террористҳоеро, ки дар паси ин ҳамлаҳо қарор доранд боздошт ва ба муҷозот кашонад. Дар изҳороти худ Тонер ёдовар шуд, ки Ҷалоли Талабонӣ-раиси ҷумҳур ва Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ ин ҳамлаҳоро маҳкум кардаанд ва изҳор доштаанд, ки масеҳиюн бахши аслии ҷомеаи Ироқ ба шумор мераванд.

Дар ҳамлае дар Вазиристони Покистон 6 нафар кушта шуд

Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, ки дар як ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар наздикии марз бо Афғонистон 6 нафар кушта шудаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, ин шаш нафар ҳангоме мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки савори мошин дар минтақаи қабиланишини Спин Воми Вазиристон ҳаракат мекардаанд. Дар ин бора ду корманди кашф хабар додаанд. Онҳо аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, зеро иҷозаи сӯҳбат бо рӯзноманигоронро надоштаанд.

Маҷористон раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш мегирад

Аз имрӯз Маҷористон ба таври расмӣ раёсати шашмоҳа бар Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш мегирад. Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар қонун дар бораи контрол бар матбуот ташдид ёфтааст. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо аз ин қонун интиқод кардаанд ва нигаронанд, ки паёмҳои онҳо дар бораи озодии матбуот ба кишварҳое чун Русия метавонад ба нашр нарасад.

Миллиардҳо нафар Соли Навро пешвоз гирифтанд

Миллиардҳо нафар дар саросари ҷаҳон аз Соли Нави милодии 2011 истиқбол карданд. Дар машҳуртарин нуқтаҳо дар ҷаҳон, аз ҷумла дар London Eye ё Чашми Лондон машҳур ба Чархи Ҳазора, Манораи Порис, Майдони Таймси Нию Йорк ва Майдони Сурхи Маскав садҳо ҳазор нафар гирдиҳам омаданд, то соли 2010-ро гусел ва Соли Нави 2011-ро пешвоз гиранд. Дар сайораи Замин пештар аз ҳама 6 ҳазор нафар сокинони Кирибатӣ дар ҳавзаи уқёнуси Ором Соли Навро истиқбол карданд. Дар Тоҷикистон низ ҳазорон нафар ба истиқболи Соли Нав баромаданд. Маҳали аслии гусели Соли Куҳан ва истиқболи Соли Нав майдони марказии шаҳри Душанбе буд. Ин маросим аз соати 19 то соати 21 бо ширкати ҳунармандон давом кард.

Соли Навро дар Австралия пешвоз гирифтанд

Тақрибан 1,5 миллион нафар дар шаҳри Сиднеи Австралия гиридиҳам омаданд, то аз Соли Нав пазироӣ кунанд. Ба муносибати Соли Нав бузургтарин оташакбозӣ дар шаҳр ва атрофи он созмон дода шуд. Чунин намоиш 5 миллион доллар арзиш дошт. Намоиши аслӣ дар рӯи пули машҳури Ҳарбори Сидней баргузор шуд. Қаблан ҳазорон нафар дар Зеланди Ҷадид низ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, то Соли Навро истиқбол гиранд. Дар Чину Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ барои пазироӣ аз Соли Нав омодагӣ гирифта буданд. Интизор меравад, ки дар Нию Йорк дар хиёбони Таймс ҳудуди як миллион нафар барои пазироӣ аз соли Нав гирдиҳам оянд. Соли ҷорӣ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе низ арчаи солинавӣ оро дода шудааст ва мумкин аст баъзе аз сокинон Соли Навро дар он ҷо истиқбол гиранд. Дар Тоҷикистон солшумории соли милодӣ ҷорист ва таҷлил аз ин сол ба расмият даромадааст.

Юлия Тимошенко ба бозпурсии одилона умед надорад

Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина рӯзи ҷумъа гуфт, вай ба расидагии одилонаи парвандааш дар бораи ришвахорӣ умед надорад. Тимошенко ин нуктаро дар рӯзи ҳафтуми бозпурсии пулис изҳор дошт. Хонум Тимошенко гуфт, низоми додгоҳии Украина "ба нафъи кишвар ва мардуми он кор намекунад". 30-юми декабр додситонҳо Тимошенкоро барои суистифода аз маблағҳои ҳукуматӣ ҳангоми кораш дар мақоми нахуствазирӣ муттаҳам карданд. Ин иттиҳомот дар ҷараёни бозпурсии 11 соата ба вай эълон шуд ва ин бозпурсӣ то нимашаб давом кард.

Русия барои Ходорковский интиқод мешавад

Баъд аз судури ҳукми додгоҳи Маскав дар мавриди парвандаи Михоил Ходорковский рӯзи ҷумъа мақомоти расмии Русия ба интиқодҳои байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шуданд. Михоил Ходорковский-ғули пешини нафтии Русия ва раҳбари пешини ширкати нафтии Юкос ба шаш соли дигари зиндон маҳкум шуд. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, додгоҳҳои Русия мустақилона кор мекунанд. Вай ба ононе, ки аз ҳукми додгоҳ изҳори нигаронӣ кардаанд, "ёдовар" шудааст, ки Ходорковский ҳақ дорад дар мавриди ҳукми додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

КГБ дар Беларус хонаи рӯзноманигоронро бозҷӯӣ мекунад

Шоҳидони айнӣ дар Беларус мегӯянд, рӯзи ҷумъа кормандони пулиси махфӣ ё КГБ хонаҳо ва идораҳои рӯзноманигорони мустақилро, ки дар бораи интихоботи 19-уми декабри раёсати ҷумҳурии ин кишвар матолиб ба нашр расондаанд, бозҷӯӣ кардаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли рӯзноманигор Юлия Дорошкевич навиштааст, дастгоҳи наворбардорӣ, компютер ва дастгоҳи сабти садои вайро дар хонааш мусодира кардаанд ва шавҳари вайро, ки рӯзноманигор нест, барои бозпурсӣ бо худ бурдаанд. Созмони Хабарнигорони бидуни марз ин гуна амалиётро маҳкум кардааст.

Аз куштори 7 корманди CIA-и Амрико як сол гузашт

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ҳоло раҳбарони аршади шабакаи террористии ал Қоида бештар аз ҳар вақти дигар зери фишори нируҳои амрикоӣ қарор доранд ва дар манотиқи марзии миёни Афғонистону Покистон паноҳ мебаранд. Обама мегӯяд, ин изҳороти нав аст, ки дар робита бо солгарди ҳамла ба пойгоҳи амрикоиҳо дар Афғонистон нашр мешавад. Дар ин ҳамла 7 нафар кормандони CIA ё Дафтари Марказии Кашфи Амрико кушта шуда буданд. Обама мегӯяд, Амрико бо кори чунин кормандони кашф худро амн эҳсос мекунад. Як соли пеш кормандони кашфи Амрико дар вилояти Хусти Афғонистон дар як бамгузории интиҳорӣ кушта шуданд.

Ба Чапман дар телевизиони Русия шербача ҳадя карданд

Анна Чапман-ҷосуси Русия дар нахустин мусоҳибаи телевизионии худ дар барномаи "Пусть говорят" изҳор дошт, ки вай шикорро дӯст медорад ва ҳамеша мехостааст дар хонааш бачаи шер ё шербача дошта бошад. Аннаи малламӯй 28 сола аст ва баъд аз боздошт ва ихроҷ аз Амрико чун ҷосуси Русия номаш дар саросари ҷаҳон сари забонҳо омад. Баъд аз он ки вай дар ин барнома аз доштани шербача дар хонааш сӯҳбат мекард, як ромкунандаи ҳайвонот бо шербачае вориди саҳна шуд ва шербачаеро ба вай ҳадя кард. Баъд аз бозгашт ба Русия Анна Чапман дар ҷашни як бонки Маскав ширкат кард ва ба ҳайати раҳбарии созмони ҷавонони Русия бо номи Молодая Гвардия пайваст. Ин созмон аз кохи Кремл ҳимоят мекунад.

Амалиёти интиқоли урани ғанишудаи Украина ба поён расид

Бино ба гузоришҳо, Амрико ба Украина кӯмак кардааст, то ин кишвар амалиёти махфии фиристодани миқдоре урани ғанишударо ба Русия анҷом диҳад. Ин миқдор уран барои сохтани ду бами ҳастаӣ кофӣ будааст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, тақрибан 50 килограм урани ғанишуда аз Украина ба Русия интиқол дода шудааст ва дар он ҷо ин уран омезиш дода мешавад, то аз ин уран сохтани бами ҳастаӣ ғайриимкон гардад. Бино ба гузоришҳо, амалиёти интиқоли уран рӯзи панҷшанбе ба поён расидааст. Дар ивази ин урани ғанишуда барои реакторҳои ҳастаии Украина урани камтар ғанишуда дар ихтиёри ин кишвар гузошта мешавад.

Сидней аз Соли Нави милодӣ истиқбол мегирад

Садҳо ҳазор нафар дар шаҳри Сиднеи Австралия гирдиҳам омадаанд, то аз Соли Нави 2011 истиқбол гиранд. Интизор меравад, ки як миллиард нафар бинандагони телевизион нашри мустақими оташакбозии солинавиро мустақиман аз Сидней бубинанд. Ин оташакбозӣ, ки соли ҷорӣ ба арзиши 5 миллион доллар мисли як намоиш дуруст шудааст дар шаҳр ва атрофи Сидней баргузор мешавад ва соати 18-и вақти Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар Чину Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ барои пазироӣ аз Соли Нав омодагӣ гирифтаанд. Интизор меравад, ки дар Нию Йорк дар хиёбони Таймс ҳудуди як миллион нафар барои пазироӣ аз соли Нав гирдиҳам оянд. Соли ҷорӣ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе низ арчаи солинавӣ оро дода шудааст ва мумкин аст баъзе аз сокинон Соли Навро дар он ҷо истиқбол гиранд. Дар Тоҷикистон солшумории соли милодӣ ҷорист ва таҷлил аз ин сол ба расмият даромадааст.

Боздиди серӯзаи Наполитано аз Афғонистон оғоз шуд

Хонум Ҷанет Наполитано-вазири амнияти дохилаи Амрико вориди Кобул пойтахти Афғонистон шуд. Вай бо мақомоти раҳбарии ин кишвар дар бораи таъмини сулҳ гуфтугӯ мекунад. Боздиди вай аз Афғонистон се рӯз идома хоҳад ёфт ва вай дар ин муддат бо мақомоти низомии Амрико мустақар дар Афғонистон, бо коршиносони амниятӣ ва марзбонӣ дидор хоҳад дошт. Хонум Наполитано ҳамчунин Соли Нави милодиро як ҷо бо 100 000 нафар сарбозони Амрико дар Афғонистон пазироӣ мекунад.

Пешнависи қонуни тарбияи фарзанд баррасӣ шуд

Имрӯз дар як нишасти Мизи Гирд дар Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи "Масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд" баррасӣ шуд. Дар ин Мизи Гирд хотирнишон сохтанд, ки пешнависи қонунро барои барасии ҳамагонӣ ба нашр мерасонанд ва дар ҷараёни баррасӣ пешниҳодҳои мардум дар назар гирифта мешавад. Ҳадафи қонуни мазкур боло бурдани маъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд арзёбӣ мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии порламон ба матбуот хабар додааст.

Антеннаҳои телефонҳои ҳамроҳро тафтиш мекунанд

Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", дар Душанбе аз боми хонаҳои иқоматӣ ва муассисаҳои таълимӣ антеннаҳои телефонҳои ҳамроҳро мегиранд. Бо пешниҳоди вазорати нақлиёту алоқа ҳукумати Тоҷикистон як комиссия ташкил кардааст ва акнун мехоҳад истифодаи антенаҳои ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳро дар пойтахт ба танзим дарорад. Дар ин бора Бек Зуҳуров-муовини вазири нақлиёту алоқа хабар додааст. Бино ба гуфтаи муовини вазир, ин комиссия иборат аз намояндагони сохторҳои мухталиф дар нимсолаи аввали соли 2011 фаъолият ва хулосаҳои худро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Зуҳуров гуфтааст, дар қаламрави шаҳр 2 ҳазор антенна вуҷуд дорад ва танҳо як дарсади онҳо ғайриқонунӣ васл шудаанд, ки тақрибан 10-12 антеннаро ташкил медиҳад.

Амрико аз вазъи ҳуқуқи башар дар Покистон интиқод кард

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, Покистон дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ба таври "маҳдуд" пешрафт кардааст. Таҳқиқот таваҷҷуҳро ба гузоришҳое ҷалб мекунад, ки нируҳои амниятии ин кишвар бидуни табодули иттилоъ бо ҷаҳони хориҷ ҳазорон нафар ҷудоиталабони сиёсиро боздошт кардаанд. Чунин кор ба вижа дар аёлати ҷудоиталаби Балуҷистон сурат гирифтааст.

Вокунишҳои байналмиллалӣ ба ҳукми Ходорковский

Интизор меравад, ки Русия баъд аз эълони ҳукми 6 соли зиндон ба Михоил Ходорковский-ғули пешини нафтии Русия ва раҳбари пешини ширкати нафтии Юкос ба даври нави интиқодҳои байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шавад. Гурӯҳи Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки маракзаш дар Амрикост, рӯзи ҷумъа гуфт, ҳукми зиндони Ходорковский "нокомии авлавияти қонун дар Русия аст". Ҳукуматҳои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ низ аз ин ҳукми додгоҳ нигаронанд ва мегӯянд, ҳукми зиндони Ходорковский метавонад аз мухолифати сиёсии вай бо Владимир Путин-нахуствазири Русия ва муттаҳидони вай сарчашма бигирад. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ин ҳукмро маҳкум кард. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, ки бузургтарин тарафи тиҷоратии Русия ба шумор меравад, изҳор дошт, ки аз ҳукми додгоҳ нороҳат шудааст ва таассуроташ ин аст, ки дар судури ин ҳукм ангезаи сиёсӣ нақш бозидааст. Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "интизор аст, ки Русия ба тааҳҳудоти байналмиллалии худ роҷеъ ба ҳуқуқи башар ва авлавияти қонун эҳтиром гузорад". Британия ва Фаронса низ аз ҳукми додгоҳи Ходорковский изҳори нигаронӣ кардаанд. Ходорковский, ки замоне сарватмандтарин шахс дар Русия буд, рӯзи панҷшанбе як ҷо бо Платон Лебедев-тарафи тиҷоратии худ барои шустушӯи пул ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Ходорковский соли 2003 зиндонӣ шуда буд. Акнун онҳо то соли 2017 дар зиндон хоҳанд монд.

Мавҷи нави интиқодҳои байналмилалӣ аз Русия

Русия дар пайи судури 6 сол ҳукми бештари зиндон ба раҳбари собиқи ширкати нафтии “Юкос” ва мунтақиди Кремл Михаил Ходорковский ба мавҷи нави интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ мешавад. Ходорковский, ки дар гузашта бойтарин нафар дар Русия шинохта мешуд, ва шарикаш Платон Лебедев дирӯз аз сӯи додгоҳи Маскав ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд, вале азбаскӣ аз соли 2003 дар маҳбас қарор доранд, ҳукми нав мӯҳлати ҳабси онҳоро то соли 2017 тамдид мекунад.
Амрикову давлатҳои Аврупо ҳукми додгоҳро маҳкум ва аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки далели ҳукми Ходорковский шояд мухолифати сиёсиаш ба Владимир Путину ёрони ӯст.
Вазорати хориҷаи Амрико аз “истифодаи зӯргӯёнаи низоми додгоҳӣ” изҳори ташвиш карда, садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо изҳори таассуф гуфт, ки “ҳукми зиндон ҳокии дар ин мурофиа нақш доштани ангезаҳои сиёсист.” Раиси парлумони Аврупо Йиржӣ Бузек низ гуфт, ин ҳукм баёнгари роҳи тӯлониест, ки Русияро то анҷоми ислоҳоти ваъдагии низоми додгоҳиаш ҳанӯз дар пеш аст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG