Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Оғози кори чархаи аввали Сангтӯда 1

Имрӯз дар Тоҷикистон нахустин чарха ё агрегати нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда як ба гардиш даромад ва аввалин киловатҳои барқро тавлид кард. Дар расми ифтитоҳи он раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон, ноиби сарвазири Русия Сергей Наришкин, раиси ҳолдинги барқи Русия Анатолий Чубайс, аъзои ҳукумати Тоҷикистон ва бинокорону эенергетикҳои кишвар ширкат карданд. Агрегати аввал наздик ба дуним миллион киловат дар соат барқ истеҳсол хоҳад кард ва Русия гуфтааст, тавлиди барқ дар нерӯгоҳ то поёни сол ба дараҷаи пурраи иқтидораш хоҳад расид. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ифтитоҳи Сангтуда як имкон медиҳад, интиқоли барқ ба аҳолӣ як соат бештар шавад.

Таъвиқи дигарбораи интихоботи президентии Лубнон

Интихоботи президентии Лубнон, ки мебоист рӯзи душанбе барпо мешуд, бори дигар ба таъвиқ афтод. Сухангӯи порлумони Лубнон, Набӣ Беррӣ имрӯз дар Бейрут эълон кард, ки интихобот дар 11-уми феврал гузаронида хоҳад шуд. Ҷиноҳҳои мутахосими лубнонӣ ба созиш расиданд, ки сардори ситоди артиш, генерал Мишел Сулаймон президенти Лубнон бошад. Аммо ин ҷиноҳҳо дар масъалаи ҳайати нави ҳукумат ба тавофуқ нарасиданд.

Пирӯзии Маккейн ва Клинтон дар сабқати ҳизбӣ

Дар интихоботҳои муқаддамотии Амрико дар аёлати Каролинаи Ҷанубӣ дар байни ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон Маккейн ва дар аёлати Невода, дар раъйдиҳии дохилиҳизбии демократҳо сенатор Ҳилларӣ Клинтон баранда шуданд. Дар ҳоле ки Маккейн 33 дарсад раъй гирифт, рақиби ӯ -- Майк Ҳакебӣ бо 30 дарсад дар ҷои дувум аст. Аммо фарқ дар байни пешсафони демократ Клинтон ва Обама шаш дарсадро ташкил дод. Ба Клинтон 51 ва Обама 45 дарсади демократҳои Невода раъй доданд.

Бомбаи зидди сарбозон ғайринизомиёнро кушт

Аз таркиши як бомбаи сарироҳӣ, ки зоҳиран бар зидди сарбозони НАТО ва Афғонистон фарш шуда буд, панҷ ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта шуданд. Ҳодиса дар минтақаи Панҷвойии вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Толибон пайваста дар ин минтақа бар зидди нирӯҳои афғон ва хориҷӣ ҳамлаҳои бомбгузорӣ анҷом медиҳанд. Аммо одатан афроди ғайринизомӣ кушта мешаванд.

Саакашвилӣ савганд хӯрд, ки президенти хуб бошад

Дар Гурҷистон расми савганди президенти ин кишвар баргузор гашт. Михеил Саакашвилӣ аз имрӯз даври дуввуми панҷсолаи раёсаташро оғоз намуд. Дар расми савганд меҳмонони хориҷӣ ва ҳазорон нафар аз тарафдорони Саакашвилӣ ширкат карданд. Гурӯҳҳои мухолиф, ки пирузии Саакашвилиро дар интихоботи 5 январ рад мекунанд, қарор аст, имрӯз раҳпаймоии эътирозӣ барпо кунанд.

Даври аввали интихоботи президентии Сербия

Рӯзи якшанбеи 20-уми январ дар Сербия даври аввали интихоботи президентӣ барпо мешавад. Сабқати асосӣ байни президенти феълии ғарбгаро Борис Тадич ва сиёсатмадори миллатгаро Томислав Николич ба амал хоҳад омад. Инчунин чанд номзади дигар дар мусобиқа ширкат доранд. Бо дарназардошти омодагии Косово ба эълони якҷонибаи истиқлолият, ин интихобот барои Сербия сарнавиштсоз дониста мешавад.

20-21 январ -- сардтарин шабонарӯзи Тоҷикистон

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аҳолиро огоҳ кард, ки ду шабонарӯзи оянда дар кишвар ҳарорати ҳаво ба дараҷаи рекордӣ паст хоҳад афтод. Махсусан шаби бистуми январро ин марказ шаби сармои сахт унвон кардааст. Ба қавли ин манбаъ, ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна то 25 дараҷаи ҷадвали Селтсий сард хоҳад шуд.

Пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ дар Испониё

Полиси Испониё мегӯяд, маводи хоми бомбасозиро кашф ва 14 нафарро бо гумони ҳампайвандӣ бо терроризми исломӣ боздошт кардааст. Амалиёт дар шаҳри шимолии бандарии Барселона ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳамлаи террористон дар 11 марти соли 2004 дар Мадриди Испониё 191 нафар кушта шудаанд.

Русия силоҳи ҳастаии худро ёдовар мешавад

Раиси аркони неруҳои мусаллаҳи Русия имруз дар Маскав гуфт, кишвараш ҳаққи корбурди силоҳи ҳастаиро дар зарурати пешгирӣ аз таҳдидҳои бузург маҳфуз медорад. Генерал Юрий Балуевски гуфт, кишвараш ҳадафи ҳамла ба ҳеч кишвареро надорад, аммо мехоҳад, ҳамаи аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин тасмими Маскавро рушан бифаҳмад, ки мехоҳад, аз истиқлолият ва тамомияти арзии хеш дифоъ кунад.

Ҳушмандии Ироқ дар маросими Ошуро

Дуним миллион нафар зоир имрӯз дар Карбало барои иҷрои маросими Ошуро ҷамъ омадаанд. Ба ин муносибат неруҳои ироқӣ чораҳои сахти амниятиро дар пеш гирифтаанд. То ҳол дастикам ду дафъа мусаллаҳони як гурӯҳи тундрави шиъа бо неруҳои амниятии Ироқ дар Басра ва Носирия даргир шудаанд. Дар ҳамлаи ин ситезагарон дирӯз 70 нафар ба қатл расид.

Буш фармондеҳи нави ISAF дар Афғонистонро эълон кард

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш генерали артиш Дейвид Маккирнонро ба раҳбарии нирӯҳои байнулмилалии НАТО дар Афғонистон пешбарӣ кард. Агар Сенати Амрико ин номзадро тасдиқ кунад, Маккирнон ҷои генерал Дан Макнилро хоҳад гирифт, ки алҳол фармондеҳи Нирӯҳои байнулмилалии кумаки амниятӣ дар Афғонистон аст. Маккирнон ҳоло фармондеҳи неруҳои Амрико дар Аврупост.

Музеи Бритониё намоишгоҳ дар Тоҷикистонро рад кард

Бино ба иттилоъи хабаргузории Central Asian News, музеи Бритониё баргузории намоишгоҳи ашёи Хазинаи Омударё дар Тоҷикистонро рад кардааст. Охири соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон аз музеи Бритонё хостори ташкили чунин намоишгоҳ шуда буд. Бино ба хабари Central Asian News, Тоҷикистон борҳо дар бораи Хазинаи Ому ҳақи худро эълон кардааст. Тобистони соли 2007 раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба донишмандон дастур дод, ки ин хазинаро ба Тоҷикистон баргардонанд ё дастикам дар Тоҷикистон намоишгоҳи ашёи онро созмон диҳанд.

Тундравҳо дар Покистон саркуб шуданд

Низомиёни Покистон мегуянд, ки воҳидҳои онҳо дар ду даргирии алоҳида дар наздикии марз бо Афғонистон 90 нафар тундравонро куштаанд. Дар изҳороте, ки артиш мунташир сохтааст, гуфта мешавад, ки низомиён шумораи зиёди тундравҳоро ҳангоми таҷаммуъи онҳо барои ҳамла ба як воҳиди низомӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ саркуб кардаанд.

Филмсози эронитабори Фаронса Эронро тарк кард

Мақомоти Эрон ба хонум Меҳрнуши Сулукӣ-филмсози фаронсавии иронитабор иҷоза додаанд, ки қаламрави Эронро тарк кунад. Вай як сол иҷоза надошт аз Эрон хориҷ шавад. Вазорати хориҷаи Фаронса гуфт, хонум Сулукӣ аз Теҳрон вориди Порис шудааст. Мақомоти Эрон вайро моҳи феврали соли 2007 боздошт ва баъд аз як моҳ раҳо карданд, вале иҷоза надоданд, ки вай Эронро тарк кунад. Ба вай мегуфтанд, ки вай бо филмҳои мустанадаш бар зидди Эрон таблиғ мекунад. Меҳрнуш дар охири соли 2006 ба Ирон рафта буд.

Русия истиқлоли Косоворо намехоҳад

Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия мегуяд, эълони якҷонибаи истиқлоли Косово аз ҷониби худи Косово ва ба расмият шинохтани он аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ғайриқонунӣ ва хилофи ахлоқ аст. Вай ин нуктаро дар ҷараёни боздидаш аз Булғористон изҳор дошт ва гуфт, Руссия чунин тасмими вилояти Косовои Сербистонро қабул нахоҳад кард. Интизор меравад, ки Косово баъд аз нокомии музокироташ бо Белгрод дар бораи сарнавишти ояндааш ҳафтаҳои оянда истиқлоли худро эълон кунад.

Фишер-қаҳрамони шатранҷ даргузашт

Боббӣ Фишер-қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон дар солҳои ҷанги сард рузи панҷшанбе дар яке аз бемористонҳои Рейкявик аз бемории номаълум даргузашт. Дар ин бора сухангуи вай ба матбуъот хабар дод. Вай 64 сол дошт. Фишер соли 1972 дар Рейкявик бар Борис Спасский аз Иттиҳоди Шуравӣ пирузӣ ба даст овард. Исландия соли 2005 ба Фишер шаҳрвандии худро дод, зеро баъд аз раҳоии Фишер аз зиндоне дар Ҷопон Амрико хост, ки вайро ба Амрико истирдод кунанд.

Афзоиши рақобат барои интиқоли гоз ба Аврупо

Булғористон розӣ шудааст, ба лулаи аслӣ, ки гози Руссияро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медиҳад, бипайвандад. Беш аз пеш ин нигарониҳо афзоиш меёбад, ки бо ин лулаи гоз Аврупо пойбанди энержии Руссия мешавад. Аммо Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия дар Булғористон дар ин бора чунин гуфт:
"Ман мехоҳам ба хусус таъкид кунам, ки сохтмони лулаи нави гоз ба ин маъно нест, ки ҳамкории мо бо кишварҳои тронзитӣ коҳиш меёбад. Иҷоди хатҳои нав амниятро таъмин мекунад ва суботро боло мебарад. Барои боло бурдани мизони интиқоли энержӣ ба истеъмолкунанагони аврупоӣ имконоти нав ба вуҷуд меорад".
Барои сохтмони ин лулаи гоз 10 милярд доллар ихтисос дода шудааст ва он аз зери Баҳри Сиёҳ ба қаламрави Булғористон мегузарад ва аз он ҷо ба кишварҳои ҷануби Аврупо меравад. Сергей Станишев-нахуствазири Булғористон гуфт, ки баъд аз мулоқот бо Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия дар София иҷлоси ғайримунтазира баргузор ва дар ин бора қарордод имзо шудааст. Тарҳи сохтмони ин лулаи гоз дар рақобат бо тарҳи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод шудааст. Онҳо мехоҳанд чунин лула гози Дарёи Хазарро ба кишварҳои аврупоӣ итиқол диҳад ва аз қаламрави Руссия нагзарад.

Тадобири таъҷилӣ барои танзими вазъи иқтисодӣ

Интизор меравад, ки шоми имруз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико феҳристи тадобири таъҷилиро барои танзими вазъи иқтисодии Амрико эълон кунад, то аз таназзули иқтисодӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Аз ҷумла, интизор меравад, ки молиётро коҳиш диҳанд ва мизони кумак ба бекорон афзоиш ёбад. Барои анҷоми чунин тадобир 150 милярд доллар дар назар гирифта шудааст ва Ҷорҷ Буш мехоҳад ҷузъиёти он як ҷо Конгресси кишвараш баррасӣ шавад.

Боздошти паноҳандагони афғон дар Юнон

Пулиси Юнон дар яке аз ҷазираҳои кишвар ҳудуди сад тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Афғонистон ва раҳбалади турки онҳоро боздошт кард. Гуфта мешавад, ки моҳҳои ахир теъдоди паноҳандагоне, ки мехоҳанд тавассути Юнон вориди Аврупо шаванд, ба карат афзоиш ёфтааст. Мақомоти кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки дар ҳифзи соҳилҳои кишвар кумак кунад.

Мухолифини қирғиз - пуштибони Раиси Додгоҳи Олӣ

Аҳзоби мухолифи ҳукумати Қирғизистон барканории Раисии Додгоҳи Олии ин кишвар Қурмонбек Осмоновро маҳкум карданд.Ба гуфтаи собиқ вазири хориҷаи Қирғизистон Роза Отунбоева ин тасмими раисиҷумҳур ва порлумон ангезаи сиёсӣ дорад. Худи Осмонов изҳор дошт, ки ӯро барои мустақил буданаш "муҷозот" кардаанд.

Дирӯз порлумони Қирғизистон пешниҳоди раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар бораи барканории Раиси Додгоҳи Олии кишварро пазируфт ва ин дар ҳоле, ки ваколати ӯ бояд баъд аз 7 сол поён меёфт. Ба гуфтаи намояндаи раисиҷумҳур, 50 тан аз додрасҳои маҳаллӣ аз болои раиси Додгоҳи Олӣ шикоят кардаанд.

Маскав вуруди Киев ба НАТО-ро таҳаммул намекунад

Виктор Черномирдин, сафири Русия дар Киев гуфт, ки дар сурати вуруди Укроин ба НАТО Маскав муносибати худ бо ин кишварро таҷдиди назар мекунад. Ӯ афзуд, ки тасмим дар бораи вуруди Укроин ба НАТО бояд аз тариқи назархоҳии мардуми ин кишвар гирифта шавад.

Қарор аст имрӯз дар Брюссел вазири хориҷаи Укроин Володимир Огризко расман аризаи кишвараш барои пайвастани Киев ба НАТО-ро ба раҳбарони ин Паймон супорад.

Инфиҷор дар арафаи Ошуро

Бар асари як инфиҷор дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 5 кас кушта ва тақрибан 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.Ба гуфтаи кормандони пулис, як маргталаб бомбро дар даромадгоҳи як масҷиди шиамаҳзабҳо инфиҷор кардааст. Инфиҷор дар арафаи Ошуро – маросими ёдбуди имом Ҳусайн аз сӯи аҳли ташаннуъ ба вуқуъ пайвастааст. Солҳои пеш низ суннимазҳабҳои Покистон дар роҳи баргузории ин маросим монеъа эҷод мекарданд.

Гейтс: ИМА бо ҳампаймонҳояш мушкил надорад

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида иттилоъ дар бораи сардшавии муносибати миёни Вошингтон ва ҳампаймонҳояш аз дигар кишварҳои узви НАТО-ро рад кард. Дар як нишасти хабарӣ дар Пентагон Роберт Гейтс шуҷоати неруҳои НАТО дар мубориза алайҳи Толибони Афғонистонро ситоиш кард. Ӯ гуфт, ки низомиёни Бритониё, Канада, Ҳуланд, Австралия, Дания ва дигар кишварҳо дар эҳёи Афғонистон ва мубориза бо мухолифини ин давлат саҳми бузург мегиранд.

Ёдовар мешавем, дирӯз Яаап Де Ҳуп Схефер – Дабири Кулли НАТО интиқоди вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар бораи омодагии нокофии низомиёни кишварҳои Аврупо зимни амалиёти зиддитеррор дар Афғонистонро рад карда буд. Ба гуфтаи Схеффер, ҳама низомиёни кишварҳои аврупоӣ аз иҷрои вазоифи бар дӯшашон гузошта ба хубӣ мебароянд. Вазорати дифоъи Ҳуланд ҳам аз Вошингтон хостори ташреҳи изҳороти Роберт Гейтс шуда буд.

Назари мухталифи Русияву Исроил оид ба Эрон

Маскав фақат аз роҳи дипломатии ҳалли қазияи барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ хоҳад кард. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар музокирот бо Ципи Ливнӣ, вазири хориҷаи Исроил ба ин нукта таъкид кард. Ӯ афзуд, ки барои фаъолияти Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ дар Эрон бояд шароитҳои мусоидтар муҳайё сохт.

Ципи Ливнӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Эрон ҷилавгирӣ кунад. Ва дар ин самт бояд ҳама кишварҳо дар паҳлӯи Амрико ва Исроил бошанд.

Авҷи хушунат дар Навори Ғазза

Тундравони фаластинӣ имрӯз аз Навори Ғаззаи таҳти контроли созмони Ҳамос ба ҷануби Исроил мушак андохтанд ва нерӯҳои исроилӣ низ бо ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ аз онҳо ниқор гирифтаанд.

Дар оташандозии нерӯҳои исроилӣ дасти кам ду фаластинӣ кушта шудаанд ва як исроилӣ низ аз тири нишонгири фаластинӣ ба ҳалокат расидааст. Ин даргириҳо ба музокироти сулҳи Исроилу Фаластиниён соя афканд. Бо авҷ гирифтани хушунатҳо аз аввали ин ҳафта, ҳудуди 25 фаластинӣ аксаран тундравон кушта шудаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG