Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогистон

Зеварбону Рауфӣ

Рӯзноманигори ҷавон Зеварбону Рауфӣ бо чанд блоги худ яке аз чеҳраҳои шинохтаи "Блогистон" шуд. Дар навиштаи тозааш ӯ аз мактабу муаллимони худ ёд мекунад ва ба мактабиён салому паём мефиристад.

Дуруд ба ҳар якатон - кудакону навҷавонони Меҳанам!

Имрӯз ид аст. Идатон муборак!

Онҳое, ки имсол аввалин соли таҳсилашонро оғоз мекунанд, ҳатман ҳолу ҳавои дигаре доранд.

Иддае ҳам ҳастанд, ки имсол мактабро ба поён мерасонанд. Бе шак ниҳонхонаи дили онҳо ҳам саршори як ҳисси хос аст.

Хелеҳо ҳам ҳоло-ҳолоҳо меҳмонҳои пушти нимкатҳо ҳастанд.

Хуш ба ҳоли ҳамаатон!

Ҳоло, ки бароятон менависам, хотираҳои солҳои мактабхониям яке пас аз дигарӣ пеши чашмам намудор мешаванд. Ҳамдарсҳоям, омӯзгоронам ва ҳатто дару девору роҳравҳои мактабам.

Вақте бузург шудед, метавонед борҳо барои зинда кардани хотирот ба мактабатон сар бизанед, аммо бешак он замон ҳисси ошнои гузаштаро нахоҳед дошт. Ҳатто агар ҳеч чиз дар онҷо тағйир наёфта бошад. Мактаб дигар шуморо мисли узве аз пайкараш намепазирад. Он вақт шумо танҳо як раҳгузар хоҳед буд. Каме ғамангез аст, на?

Имрӯз аз хушиҳо бояд гуфт. Ҳатман ҳам муаллимон ва ҳам волидонатон дар оғози соли таҳсил бароятон маслиҳат ва насиҳатҳои зиёде хоҳанд кард. Пас, ба худам чунин иҷозаро намедиҳам, зеро дар он ҷойгоҳе нестам ва бешак, беҳтар аз онҳо бароятон чизе гуфта наметавонам. Ба ҷояш бароятон орзу мекунам. Аз он чӣ дилам бароятон мехоҳад, мегӯям.

Ман дилам мехоҳад, ҳар яки шумо битавонед бе ҳарос ва дақиқ фикратонро баён кунед. Зеро, дареғ, аксарияти насли ман, насли ҷавонони “безабон” аст. Насли бетарафҳо ва бетафовутҳо...

Ман орзу дорам, ки так-таки шумо битавонед бо алифбои ниёконатон бинвиседу бихонед. Аксари намояндаҳои насли мо дар ҳар ҷумлааш дасти кам се-чаҳор калимаи русӣ илова мекунад, чун забони модарияшро хуб намедонад. Бадтар аз ин, иддае ҳастанд, ки аслан русӣ ҳарф заданро ба тоҷикӣ тарҷеҳ медиҳанд. Бо забони модарияшон ҳарф заданро ор медонанду ин гуноҳашонро зери баҳонаи “забони модариямро хуб балад нестам, бо русӣ беҳтар фикрамро баён мекунам” пинҳон мекунанд. Ҳамин аст узри бадтар аз гуноҳ! Миллати забонгумкарда миллати ҳувиятбохта мешавад!

Кош шумо битавонед бо забони бузургоне чун Рудакию Фирдавсӣ, Хайёму Бедил, Синову Розӣ ва садҳо тани дигар шахсиятҳои ҷаҳонӣ бузург шавед. То ифтихорҳои миллати ман ҳамеша бо “замони гузашта” баён нашавад. Дигар зеби калом на “доштем-доштем”, балки “дорем-дорем” бошад.

Ман умед дорам, ки шумо насли тилоии миллатам мешавед. Насли тилоӣ аммо на мисли ин нодидагоне, ки аз пулҳои падарҳои тоза ба даврон расидаашон бо мағзҳои холӣ ва назарҳои паст бо молу мулки аз роҳи ғорати мардум ба дастовардаашон бешармона ҳар сӯ фахрфурӯшӣ мекунанд. Мехоҳам насли инсонҳои озоду огоҳе бошед бо мақсадҳои бузург!

Вақте мактабхон будам, рӯзе омӯзгорам вазифа доданд, ки иншое дар бораи “кӣ шудан мехоҳам?” бинвисему онро дар синф барои ҳамдарсҳоямон бихонем. Мо беш аз сӣ нафар будем. Танҳо 10-11 нафар дархости муаллимамонро иҷро карданд. Омӯзгорамон ранҷида пурсиданд, чаро донишомӯзон вазифаро иҷро накарданд?

Яке аз ҳамсинфонам, Лутфулло, аз нимкати охирон посух дод:

-- Малима ай ин навис-навис мора чӣ фоида? “Па лубому” мактаб бут шава, мерем Расияҷон!

Посухи ӯро шунида Манижа ном дигар ҳамсинфам шердил шуда, гуфт:

-- Э муаллимаҷон, ман ҳами нуҳиро тамом кунам, басай, шу мекнм мерам!

Шояд ҳамон рӯз буд, ки фаҳмидам умқи фоҷеа чӣ қадар аст. Насли ман қурбонии низому фазоест, ки бояд тағйир ёбад. Кош шумо мисли мо набошед!

Оморҳои гуногун пешниҳод мешаванд, ки солона сафи муҳоҷирони кориро аз як то ду миллион ва ҳатто беш аз он нишон медиҳад. Гоҳо ба ин натиҷа мерасам, ки зоҳиран насли мову аз мо бузургтарҳо насли “зӯри бозӯ”-янд. Бо қудрати бозуяшон барои ғарибаҳо хидматгорӣ карданду мекунанд. Кош дар мактаб хуб хонда буданд. Кош аз ҳар ҳазор нафар як нафарашон зӯри зеҳнашро метавонист ба намоиш гузорад. Агар чунин мешуд, ҳоло ҳадди ақал 1000 ва ҳатто 2000 донишманди тоҷик доштем, ки дар кишвари “шарики истротежӣ” ва муҳоҷирони кории мо ҷойгоҳи тоҷикро дигаргуна нишон медоданд. Дар амал собит мекарданд, ки мо меросбари Хоразмиву Беруниву Синову дигар бузургонем. Ва дилам мехоҳад, шумо талош кунеду асбоби хушномии тоҷикро дар саросари дунё фароҳам оваред.

Як иштибоҳи бузурги дигари бисёре аз ҳамнаслҳоямро бароятон мегӯям. Шояд шумо бикӯшед, ки аз он бипарҳезед. Мо мактабро ба бозӣ гирифтем. Муаллимонро масхара кардему қадри заҳматҳояшонро надонистем. Кош, шумо таҳсили мактабиятонро, ки зербинои аслии сохтмони вуҷудатонро ташкил медиҳад ва дар оянда тамоми таҷриба ва андухтаҳо ва ҳатто хислату хосияти шумо болои ҳамин зербино сохта мешавад, ҷиддӣ бигиреду онро то ҳадди имкон мустаҳкам бисозед. Наслҳои моро ба ҷурми “камсаводӣ” ва “бесаводӣ” забонбурида карданд. Шумо тавре биомӯзед, ки касе натавонад чунин “лақаб”-е рӯятон бигзораду иҷозаи фикр кардан, назар додан ва ҳарф заданро аз шумо бигирад.

Дилам мехоҳад, барои омӯзондани забони русӣ ба шумо аз ким - кадом қишлоқи Русия муаллим наоваранд. Дар ҳоле, ки муаллими тоҷикро маошаш аз ин моҳ то моҳи дигар намерасад. Мо пас аз ҷанги шаҳрвандие, ки наздики сӣ соли пеш буда, ба худ наомадаем. Аммо Жопон пас аз исобати бомби атомӣ чунон худашро сохта, ки ҳеч кас ба худаш иҷоза намедиҳад фанновариҳои илмию техникии онҳоро нодида бигирад. Магар онҳо чӣ карданд? Ба ғайр аз он, ки соҳаи маорифро истеҳкоми вижа бахшиданд. Муаллимонашонро муътабар ва аз заҳамоти онҳо қадрдонӣ намуданд. Пас, ба ман бигӯед, чаро дар Меҳани мо бояд вазире, кабире, ҳатто ҷонишинаке аз он муаллими иззатманд, ки ӯро дарс додааст, моҳонаи баландтаре дошта бошад?

Насли моро ба баҳонаҳои гуногун дар қолабе иҷборан гузоштанд. Иҷозаи фаротар рафтан, гуфтан ё амалеро иҷро кардан, берун аз марзҳои ин чаҳорчубаро ба мо надоданд. Гуфтанд: ҳаминест, ки ҳаст. Бояд шукрона кунеду ҳатто фикру орзуи бештар аз инро надошта бошед.

Хоҳиши раисҷумҳур, раиси шаҳр, сарвазир ё вазир шудан барои насли шумо бояд ҳамон андоза табиӣ бошад, ки орзуи пизишк ё муаллим шудан ҳаст. Ҳеч чиз ғайри имкон нест, танҳо бояд хост!

Дар ин рӯз аз ШУМО волидони азизу устодони муҳтарам як дархости кучак дорам. Бигзоред, кудакони Меҳанамон озода бошанд. Базри ғуломию тарсеро, ки дар ниҳоди наслҳои бузургтар ҷо кардаанд, дар вуҷуди кучаку беолоиши онҳо накоред!

Ҷашни 28 солагии “Истиқлолият” дар роҳ аст. Иҷоза диҳед ҳадди ақал пас аз 28 сол миллати ман ба ИСТИҚЛОЛ-и ҳақиқӣ ва маънавию ботинӣ бирасад ва онро на дар шиору лавҳа, балки дар рагҳои ҷону дилаш бубинад.

Андешаҳоятонро баён кунед, аммо онҳоро ба иҷбор бори наслҳои баъдӣ накунед! Бовар кунед, ҳам кудакон ҳам навҷавонону ҷавонони Ватанам қудрати фикр кардан доранд. Бигзоред, онҳо дар ҳамон синне, ки ҳастанд, назарашонро (ҳатто агар хато ҳам бошад, ҳатто агар мухолифи гуфтаву андешаи шумо бошад) баён кунанд. Аз СУКУТ бояд ТАРСИД! Зеро намешавад МАҚСАДи онро фаҳмид! САДО, ҳамеша ГӮЁСТ!

Зеварбону Рауфӣ

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Матлаби "Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?" вокунишҳои зиёд ва гуногунеро ба миён овард. Шарҳ ва андешаҳое, ки дар зери матлаб нашр шудаанд, баёнгари онанд, ки матлаб бисёриҳоро бетараф нагузоштааст.

Аз мақомоти давлатӣ низ ба Радиои Озодӣ зангҳо ва номаҳо расиданд, аз ҷумла бо талаби қатъии аз сомона бардоштани ин гузориш. Меҳвари талабро паёме ташкил медод, ки гӯё нашри ин матлаб дар бораи ҷамъоварии ғизо барои баргузории сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа таҳқире бар меҳмоннавозии мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст. Ҳадаф аз нашри гузориш ҳеч гуна таҳқир набуда, расидагии Радиои Озодӣ ба шикояти чандин сокини ноҳия аст, ки дар минтақаҳои дигари кишвар низ рух додааст. Худи яке аз шикояткунандагон таъкид кард, ки мардуми ноҳия бо меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии худ шуҳрат доранд, аммо дар айни ҳол вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо хуб нест, чун роҳ муддате баста буд ва натавонистаанд, ғизо захира намоянд. Аз сӯе ҳам ба гуфтаи ӯ, "чунин корҳо набояд маҷбурӣ бошанд. Дар зимн шикоятҳо аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба ин сӯ ба Радиои Озодӣ ворид мегашт ва танҳо замоне ки рушан шуд, масъала фарогир аст, ин гузориш ба нашр расид. Шоми 19-уми август, номае ба унвони посухи расмӣ ворид гашт, ки ин ҷо бе ягон таҳрир ба нашр мерасонем.

Амиров Азим, раиси маҳаллаи Деҳҳисор

Ҳиммат баланд дор...

(вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” “Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?”)

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор,

Аз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Имрўз дар сомонаи радиои “Озоди” гузорише бо номи “Ҷамъоварии нону равған ва биринҷ барои мизбонии президент дар Кӯҳистони Мастчоҳ?” нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад, гӯиё аз ҳукумати ноҳия ба сокинони маҳал дастур дода бошанд, ки «як кило биринҷ, як кило гӯшт ва ду нон оварда ба ҷамоат супоранд.» Дар гузориш ҳамчунин аз номи сокинони деҳаҳои Деҳҳавз ва Деҳҳисор оварда шудааст, ки гӯиё онҳо ҳам барои ҷамъоварии нону равған ва биринҷ супориш гирифта бошанд. Ман ҳамчун раиси маҳалли Деҳҳисор ҷамъоварии нону биринҷ ва равған барои меҳмоннавозии Президентро рад мекунам, зеро касе аз сокинони маҳали мо барои пазироии сарвари давлат маводи хӯрока ҷамъоварӣ накардааст. Ин хабар асоси воқеӣ надорад.

Аслан дар деҳаи мо – Деҳҳисор, ки дар саргаҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир аст ва онро гоҳе охирин деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳам мегӯянд, беш аз 15 оила зиндагӣ мекунанд. Дар деҳаи мо, аслан дар қаламрави ноҳия меҳмонхона (гостиница) вуҷуд надорад. Дар ноҳия 52 деҳа аст. Ман фикр мекунам ҳар як хона дар деҳаҳо вазифаи меҳмонхона (гостиница)-ро иҷро мекунанд. Дарашон ҳамеша барои меҳмони нохонда боз аст. Ин маънои онро дорад, ки мардуми Мастчоҳ ҳамеша меҳмоннавозанд ва ҳар чизе дар бисот доранд, сарфи қудуми мубораки меҳмон мекунанд.

Боиси шодмониву ифтихор аст, ки давоми як панҷсолаи охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф меоваранд. Дар ҳар сафари муҳтарам Сарвари давлат тағйироти куллие ба назар мерасанд. Маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 108 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 12-тои он дар маркази навбунёди ноҳия ш. Меҳрон сохта шуда истодаанд.

Соли 2014 бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат дар деҳааи Деҳҳисор як муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 нафар хонанда бунёд гардид. Ҳоло бошад дар деҳаи Деҳҳавз аз ҷониби як соҳибкор Фаррух Амонов сохтмони бинои МТУА №18 дорои 6 синфхона барои 110 хонанда ва 2 утоқи корӣ барои омўзгорон бо маблағи 705 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, то ба имрўз корҳои таҳкурсӣ, деворҳо, болопуши бино ба итмом расонида шуда, корҳои ороишӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҳамчунин сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон дар мавзеи Аълами Оламиён аз тарафи соҳибкор, роҳбари ҶДММ “Роҳи Сомон” Амонов Фаррух, ки дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12.05.2018 бо ҳамаи қишрҳои ҷомеъа баргузор гардида буд, ваъдадор шуда буд, айни ҳол корҳои лоиҳакашии пул идома дорад.

Ба ҷуз ин моҳи марти соли равон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати нерӯи барқ ба 14 деҳаи ҷамоати Деҳаи Лангар оғоз гардид, ки бо амалӣ гардидани ин лоиҳа орзуи чандинсолаи мардуми деҳаҳои Водифу Деҳҳавз ва Деҳҳисор ҷомаи амал мепӯшад.

Амиров Азим,

раиси маҳаллаи Деҳҳисор

Дар номаи дигаре ба Радиои Озодӣ, котиби матбуоти раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов, низ шикояти сокинони Кӯҳистони Мастчоҳро рад кард ва навишт, ки шикоятҳо аз ҷамъоварии маводи ғизоӣ "ягон асос надоранд, зеро аз маркази вилоят хеле кумак, аз ҷумла маводи хӯрока, орду биринҷу равған, гӯшт ва дигар маҳсулот фиристода шуда буд, маблағҳои хеле зиёд барои бунёди иншоотҳо дар маркази ноҳия ва деҳаи Роғ равон шуд. Барои обёрии 250 гектар замин оби полезӣ кашида оварданд ва аллакай 40 га замин дар ноҳия аз худ карда шуд" Ӯ тахмин зад, ки ин шикоятҳоро "шояд баъзе аз ашхос ба манфиати сиёсии худ истифода" мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти Тоҷикистон низ рӯзи 20-уми август ин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, “аз Раиси ноҳия сар карда тамоми хабарнигорону наворбардорони телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки ду-се рӯз аст байни мардум кор карданд ва ҳамчунин мардуми қаторӣ пурсон шудам. Ягон нафар чунин ахбори иғвоангез ва нанговарро тасдиқ накарданд.”

Сухангӯи Президент гуфт, баръакс аз барои таъмини аҳолӣ дар арафаи сафари Президент аз маркази вилоят ва аз пойтахт тамоми намуди хӯрока оварда шудааст то аҳолӣ танқисӣ накашанд.

Дар гузориш сухан аз он буд, ки сокинони чанд деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ занг зада гуфтанд, мақомот аз онҳо талаб кардаанд, барои мизбонии меҳмононе, ки сафари раиси ҷумҳур ба ноҳияро омода мекунанд, гӯшту биринҷу нон ҷамъ биёранд. Онҳо аз маъракаи мазкур чандин акс низ фиристоданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG