Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогистон

Акс аз бойгонӣ

Хонандае, ки худро «Омӯзгор» муаррифӣ кардааст, дар мактубе ба унвонии "Озодӣ" навиштааст, ки баъзе мактабҳои ҳамагонӣ ба нуқтаи фурӯши маҷаллаву ҳафтаномаҳо табдил шуда ва пулҷамъкунӣ аз хонандагон ба раванди дарс халал мерасонад.

Ин омӯзгор, ки худро аз шаҳри Панҷакент ном бурдааст, дар мактуби худ аз маҷбуран овардани маҷаллаву ҳафтаномаҳои даврӣ ба мактаб барои фурӯш шикоят карда, дар идомаи мактуб навиштааст, ки «ман омӯзгор ҳастам ё фурӯшанда?». Ҳарчанд ин омӯзгор номи маҷаллаву рӯзномаҳое, ки «маҷбурӣ» ба онҳо меоранд ном набурдааст, аммо навиштааст, «рӯзе нест, ки ба мактаб чиптаҳои консерт, кино, намоишномаҳо, китобу маҷаллаҳои гуногунро барои фурӯш наоранд.»

Мактуби ин омӯзгор зери унвони "Таълимгоҳ ё фурӯшгоҳ" чунин аст:

"Аз хурдӣ бо пул сарукор доштанро намеписандидам. Падарам дар соҳаи савдо кор мекарданд ва ҳар бегоҳ баъди кор 2-3 соат ҳисобу китоб мекарданд. Ман бо саволҳои кӯдакона ва (акнун мефаҳмам) ноҷои худ сари падарамро гич мекардам. Вай ба ҷавоби саволҳои нимгурунгосе ё ба тариқи тасдиқ сар меҷунбонид. Аммо ман ҳис мекардам, ки падарам дар олами дигар аст.

Бо ақли соддаи кӯдакона фикр мекардам: Чаро одамон чизҳои лозимиашонро бепул намегиранд? Чаро барои ҳар чиз пул додан лозим? Агар пул намебуд падарам чути худро ба тарафе гузошта, бо одати хеле бароям писанд тоқияшро каме яктарафа мекарду маро дар сари зонуяш шинонда саволборон мекард…

Солҳо мегузаштанд. Ман низ калонтар шудам ва хамин, ки падарам аз кор меомад, ҳамроҳи ӯ ба ҳисобу китоб шурӯъ мекардам.

-Ту ҷавони баҳуш ҳастӣ, иншоаллоҳ ҳисобчии хуб ё касир мешавӣ, мегуфт ӯ. Аммо намедонист, ки ман аз кӯдакӣ дар дили худ қарор дода будам, ки ҳеч гоҳ дар соҳаи савдо кор намекунам. Баъди хатми мактаб ба аҳли хонавода омӯзгор мешавам гуфта эълон намудам. Ҳарчанд бо шунидани ин хабар тарбуз аз бағали падарам афтод, ӯ эътироз накард ва фотиҳаи роҳи сафед дод. Донишгоҳро бо муваффақият ва сарбаландӣ хатм намудам. Бо кӯдакон кор карданро дӯст медорам. Ба назарам чунин менамояд, ки аз дастам ба ғайр аз муаллимӣ дигар коре намеояд.

Ба шодию мушкилиҳои фарзандони мардум, ки бароям хеле наздик ҳастанд, шарик будан ва онҳоро таълиму тарбия намудан бароям ифтихор аст. Вале мутаассифона, даргоҳи муқаддаси таълиму тарбияи атфол ба майдони бизнес ва ҷамъоварии маблағ табдил ёфтааст. Рӯзе нест, ки ба мактаб чиптаҳои консерт, кино, намоишномаҳо, китобу маҷаллаҳои гуногунро барои фурӯш наоранд. Дарсе нест, ки бо суханони «пули чиптаҳоро ҷамъ кардед?», «чанд кас пул надод?», «чаро пул наовардӣ?» сар нашавад.

Худ ба худ суол медиҳам, ки куҷо шуд он «Қонуни маориф», ки ҳимоягари манфиатҳои омӯзгорон ва шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд аст? «Ман омӯзгор ҳастам ё фурӯшанда?», «Бо айби кӣ ё кадом муассиса муаллимон, тарбиятгари ҷомеаи инсонӣ ба проблемаи чиптаву маҷаллафурӯшӣ гирифтор гардидаанд?»

Мумкин шумо мегӯед, ки ҳамаи ин корҳо барои тарбияи зебопарастӣ , ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва ғайра лозиманд. Вале кист он танзимгари намоишномаҳо ва кинофилмҳои бесифат, ки барои тарбияи насли наврас тавсия мешаванд? Омӯзгорони азиз, ҳампешагони гиромӣ аз кӣ посух гирифтан мумкин бошад!

Омӯзгор. шаҳри Панҷакент."


Бо ин мактуби худ, ин омӯзгор хостааст масъулони дахлдор сади роҳи ин мушкилӣ шаванд, то хонандагон дар ҳангоми дарсхонӣ дар фикри овардани маблағи кадом як чиптаву маҷаллае нашаванд.

Вале масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳеҷ мактаберо барои маҷбуранд обунашудану харидани кадом китобҳои ғайри дарсӣ маҷбур намекунанд. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз 20 маҷаллаву ҳафтаномаи кӯдакона аст ва онҳо ҳеҷ мактаберо вобаста намекунанд, ки ин маҷаллаҳоро ба хонандагон фурӯшанд. Шоев гуфт «ҳар хонанда ихтиёр дорад, ки ба кадом маҷаллае обуна шавад».

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Шоев, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои расмии ҳизбиву ҳукуматӣ, назири «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва нашрияҳои дигар ниҳодҳои давлатӣ, ки баъзе омӯзгорон аз маҷбуран обунашаваӣ шикоят мекунанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.

Ин матлабро дар бораи Қалъаи Нисур, ки як аср муқаддам бар асари заминларза ба замин яксон шуд, Ақназаров, Ҳамзалӣ, магистри соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба Радиои Озодӣ фиристодааст.

Нисур - номи деҳаест воқеъ дар ҷамоати Савноби болооби Бартанги ноҳияи Рӯшон. Калимаи Нисур, тибқи гуфтаи мӯйсафедон, аз калимаи «нистхур»(нест офтоб) гирифта шуда, маънояш набудани офтобро ифода мекунад. Ҷиҳати дар оғӯши кӯҳҳои баланд ҷойгир шуданашон дар фасли зимистон беш аз як моҳ офтоб дар инҷо кам ба чашм мерасад.

Маълумоти пурра дар бораи қалъаи Нисур алҳол вуҷуд надорад, вале чуноне ки аз ривояту нақлҳои пирмардони солхӯрда бармеояд, қалъаи Нисур низ барои дифоъ аз ҳуҷуму тохтутозҳои душманони ишғолгар сохта шудааст. Яке аз сокинони кӯҳансоли деҳаи Нисур мегӯяд, ки аз падарашон шунидааст, ки қалъаи Нисур то заминларзаи «Сарез» арзи вуҷуд доштааст.1

«Дар ин ҷо қалъаи назарработарин қалъаи Нисур будааст. Ҳозир аз вай болои сангтеппае фақат вайронае боқӣ мондааст. Дар дохилаш ҳамагӣ ҳашт хонавода зиндагӣ мекарданд. Ҳар як оила аз як то ду милтиқи пилтагӣ доштаанд. Тиру доруяшон ҳамеша тайёр будааст. Мардонашон чакманҳои кӯтоҳ-кӯтоҳ дар тан дошта, ҳамеша асптозӣ ва тирпарониро машқ мекарданд. Пӯшоку анҷомашон ҳамеша омодаи истифода будааст…»2

1Айёз Ниёзов, сокини 82-солаи деҳаи Нисури Бартанг ин.Рӯшон.
2Н.Шакармамадов, «Фолклори Помир», ҷилди 2, Душанбе: Империал-групп, 2005с., саҳ154.

Мутаасифона, маълумот оиди кай ва чӣ хел сохтани қалъа дастрасамон нагардид. Зеро ҳамаи солхӯрдагон мегӯянд, ки «…бобоҳоямон солро дар хотир надоранд…», баъзе аз мӯйсафедон мегӯянд, ки «хабар надоранд». Тибқи маълумоти кӯҳансолон, то заминларзаи соли 1911 дар деҳаи Нисур10-11 хоҷагӣ дар гирду атрофи ҳамин қалъа зиндагӣ мекарданд, ки фаъолияту машғулияташон чорводорӣ, деҳқонӣ ва боғдорӣ будааст.

Ин хоҷагиҳо баҳорон дар гирду атрофи қалъа ва дар фасли зимистон бошанд, баъзе оилаҳо дар қишлоқи Барчидиф, ки аз қишлоқи Нисур 8 километр дуртар аст, тӯпхонае сохта, зимистонро дар ҳамин қишлоқ мегузарониданд. Тӯпхонаи Барчидиф нисбатан хурд сохта шудааст ва танҳо барои муҳофизат аз душманони беруна истифода мешудааст.

Сабаби кӯч бастанашон дар он будааст, ки шароити зимистонгузаронӣ дар деҳаи Барчидиф беҳтар будааст. Яъне дар қишлоқи Нисур дар фасли зимистон як моҳ офтоб намебарояд.1 Боз дар деҳаи Барчидиф замини корами ҳосилез нисбатан зиёд будааст. Ва бо навбат то ҳосилғундории фасли тирамоҳ ба ин ҷо рафта, заминҳои худро об медоданд. Моҳи феврали соли 1911 заминҷунбии сахт ба амал меояд.

1Айёз Ниёзов (82-сола) сокини деҳаи Нисур, як сол боз дар қайди ҳаёт нестанд. оиди қалъа аз падараш маълумот гирифтааст. 2012с.

«…Заминҷунбии мазкур шаби 5-ум ва арафаи 6-уми феврали соли 1911 соати 11 ва 15 дақиқаи шаб рух дода буд…»1

Қалъа дар ҳамин теппачаи байни деҳаи Нисур воқеъ будааст. Акс аз Ақназаров Ҳамзалӣ. Сентябри соли 2013.
Қалъа дар ҳамин теппачаи байни деҳаи Нисур воқеъ будааст. Акс аз Ақназаров Ҳамзалӣ. Сентябри соли 2013.
Дар натиҷаи заминҷунбӣ қалъаҳои деҳаҳои Рошорв ва Савноб кам зарар дида, қалъаи Нисур бошад пурра чаппа мегардад ва одамони дохили он ҳалок мешаванд. Одамони зиёде дохили қалъа буданд ва солҳои охири наздик ба заминҷунбӣ, қисми одамон берун аз қалъа хонаҳо сохта, нисфи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Сабабаш он буд, ки баъди ба эътидол омадани вазъият дар пайи ҳамроҳшавии Помир ба Россия оҳиста-оҳиста ҳуҷуми душманони хориҷӣ ба Бартанг кам шуда буд. Аввалин шуда, бошандагони деҳаи Рошорв (дар китобҳои русӣ бо номи Орошорв) ба ёрӣ мешитобанд.

Мардуми зиндамонда ҳалокшудагонро ба хок месупоранд ва расму русуми мазҳабиро ба ҷо оварда, сипас ба қишлоқашон бар мегарданд. Инҳо 88 нафар буданд, ки бо 86 нафари гузаштагон видоъ гуфта, зиндагиро дар ин деҳа минбаъд давом медиҳанд.

Сокини кӯҳансол Айёз Ниёзов ба мо шогирдони мактаб нақл карда буданд, ки «…солҳои баъди заминларза ва чаппа шудани қалъа, аз чӣ бошад, ки ҳуҷумҳои ғоратгаронаи кӯчманчиёни «қирғиз» тамоман аз байн рафта буд. Барои ҳамин сокиноне, ки аз заминҷунбӣ ҷон ба саломат бурданду чанд авлоде, ки аз дигар ҷо омаданд, барои худ хонаҳоро сохта, минбаъд осудаҳолона зиндагӣ мекарданд… »

1Элбон Ҳоҷибеков, «Қиссаҳои таърихию ривоятии Тоҷикони Шуғнони тоҷикистон ва Афғонистон», Хоруғ: «Логос», саҳ.59.

Солҳои зиёди пас аз заминҷунбӣ деворҳои қалъаи чаппашуда арзи вуҷуд дошт ва ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ истифода мешуд. Боз мувофиқи нақлҳои дигар пирмардони солхӯрда, деворҳои чаппашудаи қалъаи номбурда, то солҳои 40-50-уми асри гузашта вуҷуд доштанд.

Дар солҳои ҳукумати шӯравӣ ташкилшавии колхозҳо дар ин водӣ оғоз ёфтааст ва сангҳои қалъаро дар сохтмони «колхозҳо» истифода мебурданд. Аммо бо вуҷуди ин як қисми деворҳои вайроншудаи қалъаи мазкур то солҳои охири замони шӯравӣ вуҷуд доштааст. Ҳамин тарафи девори қалъаро ҳам дар сохтмони мактаби нави деҳа истифода бурда, дигар аз қалъа ягон нишонаеро ҳам боқӣ нагузоштаанд. Сабаб шояд он бошад, ки дар замони Шӯравӣ ба ёдгориҳои таърихӣ он қадар аҳамият намедоданд ва ё ин ки аз сабаби хело ҳам дур будани минтиқа, ба он кам диққат медоданд.

Археолог М.А. Бубнова дар асари тадқиқотиаш «Древные памятники Горно-Бадахшанской Автономной области» дар Бадахшон қалъаи Насурро дар қатори дигар қалъаҳои Рӯшон тадқиқ кардааст ва ба асри ХlХ таалуқ доштани онро нишон додааст.1 Ӯ ҳам навишта, ки ин қалбъа аз заминларза осеб дид.

О.Е. Агаханян низ дар асараш «Сарез» айнан ҳамин гуфтаҳоро такрор намудааст: «…дар Усой 58 нафар, дар Савноб 10 нафар, дар Рухч 4 нафар, дар Пасор 30 нафар ва дар Нисур 40 нафар ҳалок шуданд…»2

Қалъаи Нисур қалъаест, ки сокинонро то заминҷунбӣ солҳои зиёд аз ҳамлаи кӯчманчиёни Помири Шарқӣ ва ғуломию асорат дифоъ мекард. Ҳарчанд бо мурури замон деворҳои қалъа аз байн рафтанду имрӯз худи «қалъаи Нисур» вуҷуд надорад, барои сокинон он ҳамчун як макони таърихӣ арзишманд боқӣ мемонад. Ҳоло саҳнаи қалъа саҳни ҳавлии мактаб аст.

1 Бубнова М.А «Древние памятники Горно-Бадахшанской Автономной облати» (Западнҳй Памир).Душанбе, «Дониш» 1998с. саҳ.28.
2Агаханян О.Е. «Сарез», Ленинград, «Гидрометеоиздат», 1989с. саҳ. 16.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG