Интизор меравад, мақомоти Тоҷикистону Русия моҳи майи имсол масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони кориро баррасӣ ва ниҳоӣ кунанд. Ҳарду тараф ҳоло аз муҳоҷирон ба мисли гови ҷӯшоӣ истифода мекунанд, аммо зоҳиран омода нестанд, ки дар айёми пириву дармондагӣ дасти онҳоро бигиранд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташхиси пардаи бакорат қабл аз издивоҷ ихтиёрӣ аст ва табибон духтаронро барои анҷоми чунин ташхис маҷбур намекунанд.
Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, соли гузашта даҳҳо табиб барои дуруст иҷро накардани вазифа ва ё роҳ додан ба хато танбеҳ гирифтаанд.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои 81 тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойи кор, ба додгоҳ шикоят бурдаст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки қонунҳои кишвар таълими динӣ гирифтани кӯдаконро манъ накардааст. Вале онҳо бояд дар куҷо таълим бигиранд? Ин суол баҳсеро ба вуҷуд овардааст ва дар нишасти хабарии мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон низ мавзӯи асосӣ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки танҳо дар соли 2017 даҳҳо нафар аз ҷумла кӯдакон мавриди қочоқ ва ё истисмор қарор гирифтаанд.
Ҷамъоварии оҳанпора дар ҳудуди размоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Лоҳур бо марги як сокини 17-солаи деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов анҷомид. Ҳодиса рӯзи 3-юми феврали имсол рух дод. Наздиконаш мегӯянд, Сироҷиддин аз таркиши тири кӯҳнаи гранотомёт ба ҳалокат расид.
Додситонии Ҳисор ба зидди ду сокини як деҳаи шаҳр бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ ва қавмӣ ва ё “паст задани сокинони узбектабори маҳалла” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ду духтари як модар аз ноҳияи Ваҳдат, ки ба бемории нодире гирифтор буданд, якбора фавтиданд ва модари ғамхор ва хоҳари 25-солаашонро, ки айни бемориро дорад, дилреш карданд.
Соли гузашта беш аз 200 сокини Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ, асосан аз Қирғизистон, ақди никоҳ бастаанд. Мақомот мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2017 дастикам сӣ дарсад бештар аст.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, “маршировка”-и донишҷӯён пурра манъ нашудааст ва аз ин ба баъд танҳо пас аз дарс ва бо иҷозати вазорат сурат хоҳад гирифт. Нуриддин Саид рӯзи 1-уми феврал дар нишасти мабуотӣ гуфт, агар бори дигар ҷавон шавад, “дар маршировка иштирок хоҳад кард”.
Маҷаллаи бритониёии Global Finance дар як раддабандӣ Тоҷикистонро баъди Қазоқистон кишвари амни Осиёи Марказӣ донистааст.
Ёфтҳои бештар
Агар ин гуна сиёсати Россия идома ёфтан гирад ва хукумати Точикистон нисбати ин сиёсат бепарво ва бе масъулияти кунад дар солхои наздик Точикистон мустакилияти худро аз даст медихад ва ба як губернияи Россия табдил хохад шуд. Зеро бехтарин хатмкунандагон ва болаёкаттарин донишчуёни точикро Россия ба хотири пешрафти илму техникаи худ истифода бурда ба онхо имкониятхои хуби зиндаги ва маоши хуб медихад. Дар Точикистон факат он нафароне мемонанд ки бо акидахои тудрав ва бегона параст боки мемонанд, ки амнияти Точикистонро зери хатари нести меоварад. Мансабдорон холо хам сари вакт аст сари ин масъалаи чидди андеша кунед пагох дер мешавад.
Ватан он ҷо ки озоре набошад, Касеро бар касе коре набошад. Албатта Русия ҷои муносиб барои зиндагӣ нест. Дар он ҷо авторитаризми қавӣ, ёру ошнобозӣ, миллатгароӣ, ҷиноятсолорӣ дар авҷ аст, вале аз Тоҷикистон, ки ҳеҷ имкони кору нонёбӣ нест, беҳтар аст.
Хоки Ватан аз ганчи Сулаймон бехтар!!!
Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед: Дар Душанбе:
+992 988 65 94 63 +992 988 65 94 64 Дар Прага:
+420 724 053 959