Фарҳод Қирғизбоев, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон субҳи 5 июл дар дақиқаҳои аввали намози Иди Фитр дар саҳни масҷиди ноҳияи Ногински шаҳри Маскав ҷон додааст. Вай ҳамагӣ як рӯз пеш иҷозаи корро дарёфт карда буд.
Сайёд Шералиев, сокини ноҳияи Восеъ, баъди латту кӯби афроди ношинос дар Маскав гурдаҳояшро аз даст дод ва ҳоло наздиконаш мегӯянд, барои пайванда гурда ба 75 ҳазор сомонӣ эҳтиёҷ доранд.
Наздик омадани Иди Фитр, ки яке аз суннатҳояш зиёрати қабри наздикон ва тоза кардани атрофи мазори онҳост, теъдоде аз кӯдакону наврасони Душанберо барои дарёфти ҷои кор ба оромгоҳҳои канори пойтахт кашондааст.
Дар бархе идораҳои давлатии Тоҷикистон корафтодагонеро, ки дар тан “либоси расмӣ” надоранд, ба дохили бино роҳ намедиҳанд. Масъулон мегӯянд, ки “либоси хонагӣ” хилофи ҳам муқаррарот ва ҳам одоби мардуми тоҷик аст.
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, барои пайванди гурдаи Эмомиддин Холов – сарбози пешини нерӯҳои марзбонӣ – 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Афроди алоҳида низ 20 ҳазор кумак намудаанд.
Биҳамида Маҳкамова, номзади илмҳои кимиё, баъди ҳашт соли пажӯҳиш ба ин хулоса омадааст, ки мешавад антибиотикро бо гиёҳҳои шифобахш ва безарар иваз кард ва бо ин роҳ ба инсонҳо даво бахшид.
Дар зарфи якуним соли охир ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз Лаҳистон (Полша) дархости паноҳандагӣ кардаанд. Аммо аз ин шумор то имрӯз танҳо як нафар соҳиби мақоми расмии паноҳанда дар ин кишвари аврупоӣ шудаанд.
Аз рӯи суннатҳои тоҷикон хонаи волидон моли писар ҳисоб мешавад ва волидон қабл аз марги худ тамоми амволашонро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ ба писарон васият мекунанд. Духтарҳо маъмулан аз мерос маҳруманд.
Лағви даъвати ҳатмӣ ба хидмати артиш дар Гурҷистон умедвориҳоеро дар Тоҷикистон ҳам бедор кардааст, ки шояд ин кишвари пасошӯравӣ низ ягон вақт ба артиши касбӣ мегузарад ва даъват ба хидмати ҳарбиро, ки дар байни мардум бо номи “облава” маъруф аст, бекор мекунад.
Ҳар сол барои баргузории тантанаҳои пуршукӯҳ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар, асосан донишҷӯёну толибилмон ҷалб гардида, бино ба ҳисобҳо, барои таҷлили идҳои расмӣ дар ин кишвар ҳар сол даҳҳо миллион доллар сарф мешавад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки то ин дам 1600 сокини Тоҷикистонро ба унвони афроди гумшуда сабт кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, ки теъдоди дақиқи гумшудаҳо аз Тоҷикистон маълум нест.
Бар асоси як пажӯҳиш, ки ахиран анҷом шудааст, яке аз сабабҳои фармонбардории занон аз мардҳо, вобастагии молии онҳост. Аз ҷумла, 32 % занон иқрор шудаанд, ки ба хотири таъминоти либосу хӯрока маҷбуранд ба мардҳо итоат кунанд.
Ёфтҳои бештар
Як нафар бо ном ориёи, навиштааст ки ки вой баро холи фнатои араб..не ин хел нею..а вой бар холи шумоворин кафомонда,, аз хама ,чиз вой бар холи творин ориёи и ,ки дар хонаи як тика нони хурдан надори
Магар дар ТЧ «афюни арабхо» кам буд, ки ба бангладеш рафтанд?...
Вой бар ҳоли ин миллат ки фанатики араб шудааст.
Дилам монд аз ту. эронигарои леборол. Худоё, насле пайдо шавад сирф аёрони Хуросони, ки ин миллатро аз вартаи нобудшави ва торикии зулм начот дихад.
Ба муалифони макола, Чаро навиштаи ман ро чоп намекунед? Шумо хам салафихед ! Хамаш манзури салафихо чоп мешавад