Аз рӯи суннатҳои тоҷикон хонаи волидон моли писар ҳисоб мешавад ва волидон қабл аз марги худ тамоми амволашонро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ ба писарон васият мекунанд. Духтарҳо маъмулан аз мерос маҳруманд.
Лағви даъвати ҳатмӣ ба хидмати артиш дар Гурҷистон умедвориҳоеро дар Тоҷикистон ҳам бедор кардааст, ки шояд ин кишвари пасошӯравӣ низ ягон вақт ба артиши касбӣ мегузарад ва даъват ба хидмати ҳарбиро, ки дар байни мардум бо номи “облава” маъруф аст, бекор мекунад.
Ҳар сол барои баргузории тантанаҳои пуршукӯҳ дар Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар, асосан донишҷӯёну толибилмон ҷалб гардида, бино ба ҳисобҳо, барои таҷлили идҳои расмӣ дар ин кишвар ҳар сол даҳҳо миллион доллар сарф мешавад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки то ин дам 1600 сокини Тоҷикистонро ба унвони афроди гумшуда сабт кардааст. Аммо мақомот мегӯянд, ки теъдоди дақиқи гумшудаҳо аз Тоҷикистон маълум нест.
Бар асоси як пажӯҳиш, ки ахиран анҷом шудааст, яке аз сабабҳои фармонбардории занон аз мардҳо, вобастагии молии онҳост. Аз ҷумла, 32 % занон иқрор шудаанд, ки ба хотири таъминоти либосу хӯрока маҷбуранд ба мардҳо итоат кунанд.
Искандар Тӯйчӣ Саидзода - додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми гирифтани 111 ҳазор доллар пора дастгир кардаанд. Ӯ дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ кардааст.
Як ҷавонмарди тоҷик, ки барои наҷоти зани русаш аз ҷавобгарии ҷиноӣ ба афсари пулис ришва доданӣ буд, ду рӯз пеш аз сӯи додгоҳ ба якуним соли зиндон маҳкум шуд.
Навори рэпсароии як духтараки ноболиғи тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники баҳси доғеро байни корбарон барангехтааст ва то ҳадде, ки баъзе аз корбарон ба ҷони духтари 16-сола таҳдид кардаанд.
Тахриби бинои театри Маяковский дар маркази Душанбе оғоз ёфтааст. Ин бино ҳанӯз соли 1928 сохта шуда, нахустин маҷлиси вакилони Душанбе ба раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино доир шудааст.
Як пажӯҳиш маълум кардааст, ки дар даҳсолаи ахир нигоҳу интихоби хонумҳо дар Тоҷикистон ба варзиш тағйир хӯрдааст ва занону духтарон аз варзишҳои зебову сабук канор мераванд.
Теъдоди паноҳандагон дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди паноҳҷӯён хабар мерасад.
"Тоҷикистандарт" беш аз 9 ҳазор бозичаи аксаран истеҳсоли Чинро аз бозорҳои кишвар бардошта, шумореро ҳам нобуд кардааст. Мақомот мегӯянд, ин бозичаҳо барои сиҳатии кӯдакон зиёновар аст.
Ёфтҳои бештар
Маорифи н Восе хеле хуб кор када истодааст бисёр мактабхоро обод кардан Иншаоллох инашрохам хал мекунанд
БАЛЕ ШАХРВАНД !!!!!!!!
На аз демократаш фойда на аз комунисташ. Безор шидем аз хамаш
Тавба кардам ин партия Ягон идора офис е ин ки чои чаласа гузарони Хам надорад . Ман Хайрон ин хел Хам Будаст ?????
И беном ачаб содда будааст. Хиел мекна союз СССР мешава. И ховта бра да ов бгу. Наход ика бесавод боши.
Маорифи н Восе хеле хуб кор када истодааст бисёр мактабхоро обод кардан Иншаоллох инашрохам хал мекунанд
БАЛЕ ШАХРВАНД !!!!!!!!
На аз демократаш фойда на аз комунисташ. Безор шидем аз хамаш
Тавба кардам ин партия Ягон идора офис е ин ки чои чаласа гузарони Хам надорад . Ман Хайрон ин хел Хам Будаст ?????
И беном ачаб содда будааст. Хиел мекна союз СССР мешава. И ховта бра да ов бгу. Наход ика бесавод боши.