Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фариштаи ман

ОЗМУНИ РАДИОИ ОЗОДӢ - "ФАРИШТАИ МАН"

#farishtaiman #mymama

РАДИОИ ОЗОДӢ озмуни "Фариштаи ман"-ро эълон мекунад. Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба ҳама модарони олам барои ғамхориву муҳаббаташон дар баробари ҳар яки мост.

Аз ҳама корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш дорем, ки аз ин ибтикори мо бо хэштеги #MYMAMA ваё #FARISHTAIMAN пуштибонӣ кунанд ва қиссаҳои кӯтоҳро дар бораи беҳтарин сифати модари худ, акс, расм ё навори видеоии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунанд.

Қиссаву аксу расму видеоҳои аз ҳама ҷолибу ғайримуқаррарӣ ва мутаассиркунанда дар саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ FACEBOOK, ODNOKLASSNIKI ва INSTAGRAM ҷой дода мешаванд. Ғолибони озмунро пакеҷи интернети мобилӣ дар ҳаҷми 20GB интизор аст.

ОЗМУН ТО 30-ЮМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2018 ИДОМА ХОҲАД КАРД.

ҲАР ҲАФТА 3 ҒОЛИБИ ОЗМУН БО ПАКЕҶИ ИНТЕРНЕТИ МОБИЛӢ ДАР ҲАҶМИ 20GB ҚАДР КАРДА МЕШАВАНД.

ҲАҶМИ МАТНИ ҚИССАҲО АЗ 100 ТО 500 КАЛИМА МУҚАРРАР ШУДААСТ. ТЕЪДОДИ АКСУ РАСМУ ВИДЕО МЕТАВОНАД ЯКТО Ё ЧАНДТО БОШАД.

Дар озмун онҳое метавонанд иштирок кунанд, ки ба аккаунтҳои Радио Озодӣ дар Фейсбук (facebook.com/radio.ozodi), Одноклассники (ok.ru/radioiozodi) ё Инстаграм (instagram.com/radioiozodi) обуна шудаанд.

Ишораи хэштеги #MYMAMA ва/ё #FARISHTAIMAN дар болои қиссаҳо ва аксу расму видеоҳо ҳатмист. Ҳайати ҳакамон, ки ба он кормандони Радио Озодӣ шомиланд, ҳар ҳафта озмунро натиҷагирӣ ва ғолибонро эълон мекунанд.

Агар мутмаин нестед, ки навишта ё аксу расм ва видеои шумо дастраси ҳайати ҳакамон мешавад, пас, метавонед линки онро ба адреси электронии tajik@rferl.org бо ишораи "ФАРИШТАИ МАН" ирсол намоед.

XS
SM
MD
LG