Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор дар РАО/РО

Prague - internationally recruited

Дар бораи мо

Радиои Авгупои Озод/Радиои Озодӣ созмони байналмилалии радиошунавонӣ аст, ки дар шаҳрҳои Вашингтони ИМА ва Прагаи Ҷумҳурии Чех дафтар дорад. Барномаҳои РАО/РО тавассути радио, Интернет ва телевизион ба 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ пахш мешавад. Рисолати РАО/РО аз пахши хабарҳои қобили эътимод ва ҷавобгӯ ба шунаванда ба забонҳои маҳаллӣ иборат аст. РАО/РО ба 26 забон ва дар давоми ҳафта барои 26 миллион муштарӣ барномаҳо омода мекунад. Дар 17 бюрои РАО/РО беш аз 400 журналист, 750 хабарнигори минтақавӣ кор мекунанд ва ин расона яке аз манобеи пахши хабарҳои оҷил дар ҷаҳон шинохта шудааст. Маблағгузории ин шабакаро тавассути Шӯрои нозирони расонаҳои хабарии байналмилалӣ Конгресси ИМА таъмин мекунад.

Меъёрҳои РАО/РО

РАО/РО ифтихор дорад, ки имкони баробари корро фароҳам меорад. Ҳама довталабон бар асоси муносибати баробар, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинсият, миллат, имкониятҳои ҷисмонӣ, синну сол ва ё собиқаи корӣ пазируфта мешаванд. Ҷойҳои корӣ дар РАО/РО аз рӯи санади Мақомҳои мавриди эътимоди ҷамъиятӣ дар паи таҳқиқи муносиб будани довталаб пешниҳод мешаванд

XS
SM
MD
LG