Трамп ба гуфтушуниди миёни Русия ва Украина даъват кард

Владимир Зеленский, Эммануэл Макрон ва Доналд Трамп. Фаронса, 7-уми декабри 2024

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико бо шарҳи суқути режими Башор Асад дар Сурия, ба оташбаси фаврӣ ва гуфтушуниди сулҳ миёни Русия ва Украина даъват кард.

Изҳороти Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 8-уми декабр дар шабакааш, Truth Social, нашр шуд.

Вай навишт, ки "Башор Асад дигар нест. Аз кишвараш гурехтааст. Русия ба раҳбарии Владимир Путин дигар майли ҳимоят аз ӯ надорад."

Ба қавли Доналд Трамп, Маскав ба сабаби ҷанг дар Украина, ки "600 ҳазор сарбози рус кушта ё захмӣ шудаанд", таваҷҷуҳашро ба Сурия аз даст дод.

Ӯ хоҳони созиши Владимир Зеленский, президенти Украина, бо Русия шуд, "то ба ин девонагӣ поён бахшад".

"Ман Владимир Путинро хуб медонам. Ҳоло вақти амал аст. Чин ёрӣ карда метавонад. Ҷаҳон мунтазир аст!", -- таъкид кард Трамп.

Доналд Трамп рӯзи 7-уми декабр бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар Порис (Париж) мулоқот дошт. Суҳбати онҳо беш аз ним соат идома кард, аммо аз натиҷааш ба хабарнигорон чизе гуфта нашуд.

Раҳбарони се кишвар ба маросими бозкушоии калисои Нотр-дам дар Порис (Париж) рафтанд. Қисме аз ин калисо соли 2019 сӯхта буд.