Трамп аз ширкат дар як баҳси дигар бо Ҳаррис даст кашид

Аввалин мунозираи Трамп ва Ҳаррис 10 сентябр боздошт шуд

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико аз ширкат дар як баҳси дигари телевизионӣ бо рақибаш Камала Ҳаррис даст кашид. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс хабар дод.

Трамп ва Ҳаррис 10-уми сентябр якуним соат дар бораи мавзуъҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ИМА баҳс карданд.

Ба навиштаи Ройтерс, назарпурсиҳо Камала Ҳаррис, номзади Ҳизби демократро ғолиби мунозира медонанд.

Баъди анҷоми мубоҳисаи аввал, ситоди интихоботии Ҳаррис эълон кард, ки номзадашон барои як мунозираи дигар бо Доналд Трамп омода аст.

Нахустин мунозира миёни ду номзади асосии интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико 10-уми сентябр дар шаҳри Филаделфияи иёлати Пенсилвания баргузор шуд. Дар ин мунозира ин ду рақиб ба якдигар тохтанд ва аз барномаҳои якдигар интиқод карданд.

Дар ин мунозираи 90-дақиқаӣ ба мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла сиёсати дохилӣ, фигона (ҳаққи сақти ҷанин), буҳрони муҳоҷират, сиёсати хориҷӣ ва ҷанг дар Украина ва Ховари Миёна пардохта шуд. Дар ин мунозира Ҳаррис ва Трамп тақрибан дар ҳамаи ин мавзӯъҳо бо якдигар ихтилофи назар доштанд.