Пештозии ҳизби Пашинян дар интихоботи Арманистон

Никол Пашинян

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон аз пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи порлумонии 7-уми июн хабар дод.

Пашинян дар нишасти хабарии баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот гуфт, "ин ғалабаи таърихӣ аст, ки бешубҳа устуворӣ ва рушди Арманистонро таъмин мекунад".

Кумисюни марказии интихоботи Арманистон пас аз ҳисоби 91 дарсад аз баргаҳои раъй хабар дод, ки ҳизби "Паймони шаҳрвандӣ" 50,1; эътилофи рӯ ба Русияи “Арманистони пурқувват” 23,4 ва эътилофи “Арманистон” 9,8 дарсади овозҳоро гирифтаанд.

Бар асоси натиҷаҳои ибтидоӣ, ҳизби Пашинян аз 105 курсии порлумон 61-63 курсиро ба даст меорад ва аксариятро соҳиб хоҳад шуд. Албатта, агар натиҷаҳои интихобот то ҳисоби охирин баргаи раъй сахт дигар нашавад. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот 14-уми июн эълон мешаванд.

Интихобот дар Арманистон рӯзи 7-уми июн баргузор шуд

Тибқи омори Кумисюни марказии интихобот, 2,5 миллион шаҳрванди ҳаққи раъй сабти ном шудаанд ва 59 дарсади онҳо овоз доданд.

Қариб 400 нозир аз дохил ва хориҷи кишвар ҷараёни овоздиҳиро назорат кардаанд.

Ба гузориши хабарнигорони бахши армании Радиои Озодӣ, кумисюнҳои интихоботӣ ва нозирон чанд мавриди қонуншиканиро дар ҷараёни овоздиҳӣ сабт кардаанд.