Ҳалокати падару писар аз расиши сими барқ

Дар пайи расиши сими барқ як падару писар дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шоми 3-юми июн дар бошишгоҳи саҳроии деҳаи Падрохи ноҳия рух додааст.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳикматулло Одиназодаи 26-сола барои буридани шохи тут ба болои дарахт мебарояд, вале ба як симе бармехӯрад, ки аз болои дарахт мегузашт.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, Одиназода ба сими барқ часпида, аз болои дарахт ба даруни ҷуйи об меафтад ва онҷо ҷон медиҳад.

Падари ин ҷавон Раҳматулло Одинаев барои халос кардани писараш меравад, аммо сими барқ ҷони ӯро ҳам мегирад. Ин мард 64 сол доштааст.

Ин падару писар 4-уми июн дар зодгоҳашон деҳаи Падрох ба хок супурда шуданд.

Мақомоти ноҳияи Мастчоҳ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ҳалок шудани сокинон аз барқ дар гузашта ҳам иттифоқ афтодааст. Риоя накардани қоидаи бехатарӣ аз сабабҳои асосии ин ҳодисаи нохуш гуфта мешавад.