Ҳафт сартарошро дар наздикии шаҳри Гвадари вилояти Балуҷистони Покистон куштаанд.
Пулиси ин кишвар гуфт, ҳодиса субҳи 9-уми май иттифоқ уфтод.
Ба иттилои Муҳсин Алӣ, намояндаи пулис, ҳамаи сартарошҳо аз вилояти Панҷоб буданд ва дар як ҷой кору зиндагӣ мекарданд.
Вазири корҳои дохилии Балуҷистон кушторро маҳкум кард ва гуфт, пулис таҳқиқ дорад, ки дар паси ҳамла кӣ истодааст.
Мақомот тахмин мезананд, ки ҳодиса ба кори сартарошҳо пайванд надорад.
Ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.