Дар Узбекистон вакилони порлумонро интихоб мекунанд

Интихоботи порлумонӣ дар Узбекистон

Рӯзи 27-уми октябр дар Узбекистон маъракаи интихоби вакилон ба порлумони ин кишвар баргузор шуд.

Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд.

Ҳанӯз натиҷаҳои пешакии интихобот эълон нашудааст. Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон гуфтааст, ки дар ин маърака 20 миллион нафар ҳаққи иштирок доранд. То нисфирӯзӣ ин комиссия эълон кард, ки беш аз 47 дар сади сокинони ҳаққи овоздиҳӣ дар маърака иштирок кардаанд.

Коршиносон интихоботи порлумонии ин кишварро саҳнасозӣ ва ҳизбҳое, ки дар он ширкат карданд, "кисагӣ" номиданд.

Хабаргузории Ройтерз навиштааст, ки тамоми сохторҳои ҳукумат дар ин кишвар зери дасти Шавкат Мирзиёев, президенти кишвар буда, порлумон танҳо ба қабули қонунҳои пешниҳодкардаи ӯ машғул аст ва ниҳоди мустақили қонунгузорӣ нест.