Эътирози чехҳо ба Милош Земан

Ҳазорон нафар аз мардуми Ҷумҳурии Чех рӯзи 17 ноябр дар эътироз ба президенти он кишвар Милош Земан ба сурати рамзӣ кортҳои сурхро боло карданд. Ин ҷаъомад ба муносибати 25 -умин солгарди Инқилоби махмалин -- сарнагунии сулҳомези режими коммунистии он кишвар дар соли 1989 баргузор шуд. Эътирозгарон ба он чи ки онҳо мавқифи тарафдории Земан аз Русия дар баробари таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав хонданд, шиор сар доданд.