Дар Русия як дарё аз соҳил берун шудааст

Орск, Русия

Дар шаҳри Орски вилояти Оренбурги Русия дарёи Елшанка аз соҳил берун шудааст.

Раиси шаҳр Василий Козупитса аз сокинон даъват кардааст, ки либосу ҳуҷҷатҳояшонро ҷамъ кунанд ва ба ҷои амн кӯч банданд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳри Орскро дарёи Урал қисман зери об кардааст. Баъд аз рахнаи соҳили дарё 6-уми апрел дар Орск 4581 манзил ва 4587 иншооти дигар зери об монд.

Рӯзи 7-уми апрел бештар аз 4 ҳазор сокини Орскро ба ҷои амн кӯчониданд.