Исроил аз бемористони "Шифо"-и Ғазза ақибнишинӣ кардааст

Манбаъҳои маҳаллӣ дар Навори Ғазза ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтаанд, ки сарбозони исроилӣ рӯзи 1-уми аз бемористони "Шифо" ақибнишинӣ карданд.

Артиши Исроил юришро ба ин бемористон яке аз "муваффақтарин" амалиёт дар шаш моҳи ҷанг дар Ғазза гуфта буд.

Ба иттилои артиши Исроил, дар ин бемористон афроди зиёди гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро аз байн бурда, аслиҳаи зиёдро кашф карданд. Исроил ақибнишиниро аз бемористон рӯзи душанбе расман эълон кард.

Бо ин ҳол, ниҳодҳои тандурустии Созмони Милал мегӯянд, дар ҷараёни ҳамлаи низомиёни исроилӣ, чанд бемор кушта шуданд ва бахшҳои зиёде аз бемористон вайрон шуд. Исроил гурӯҳи тундрави "Ҳамос"-ро ба истифода аз бемористонҳо барои ҳадафҳои низомӣ муттаҳам кард ва чанд маркази тиббиро мавриди ҳамла қарор дод.

Мақомоти тандурустӣ дар Ғазза ин иттиҳомро рад мекунанд. Фаластиниҳо ҳамчунин мегӯянд, ки сарбозони исроилӣ сокинони атрофи бемористони "Шифо"-ро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кардаанд.

Як намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо нашри видео гуфтааст, дар ҷараёни юриши низомиёни исроилӣ ба бемористони "Шифо" ба камияш 21 нафар ҷон бохтанд. Ӯ гуфт, ҳамакнун зиёда аз сад бемор дар ин бемористон бо имкониятҳои бисёр кам бистарӣ ҳастанд, ки ҳоли 28 нафари онҳо бисёр вазнин аст.

Исроил дар моҳи ноябри соли гузашта низ ба ин бемористон ҳамла кард ва гуфт, туннелҳои "Ҳамос"-ро, ки ба утоқҳое дар ин бемористон хатм мешавад, кашф кардааст.