Вазири қазоқ ҳукми шартии ҷияни Назарбоевро шарҳ дод

Самат Абиш

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ержан Саденов рӯзи 20-уми март ҳукми шартии Самат Абиш – хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро шарҳ дод.

"Мо дар доираи салоҳияти худ гуфта метавонем, ки ӯ зери назорат аст. Албатта, тартибот ҳаст. Ӯ ҳаққи берун рафтан надорад, яъне дар маҳалли зисти худ ва мутобиқи қоидаҳо ба сар мебарад", - изҳор дошт ӯ.

Мақомоти додситонии Қазоқистон мегӯянд, Самат Абиш дар баромадан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ муттаҳам аст.

Додгоҳ Самат Абишро вазифадор кардааст, ки аз маҳалли истиқоматаш берун наравад. Вай дар айни замон дар озодӣ ва дар Қазоқистон аст.

Самат Абиш баъд аз ҳодисаҳои маъруф ба "январӣ" дар соли 2022 барканор шуд. Нисбат ба вай дар моҳи сентябри соли 2023 парванда боз карданд.