Раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия марги Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти президент Владимир Путинро дар зиндон “табиӣ” номид.
Сергей Наришкин дар ин бора дар мусоҳибае бо телевизиони давлатии Русия ишора кард. Мусоҳиба рӯзи 5-уми март пахш шуд.
Вай гуфт, дер ё зуд зиндагӣ ба поён мерасад ва одамон мемиранд ва афзуд, Навалний бар асари марги табиӣ фавтидааст.
Ин изҳорот зоҳиран барои фурӯ нишондани хашми байнулмилалӣ аз марги сиёсатмадори мухолифи Русия гуфта шудааст.
Алексей Навалний, сиёсатмадори 47-сола ва раҳбари мухолифони Русия, ба иттилои расмӣ, рӯзи 16-уми феврал дар зиндон даргузашт.
Пайвандонаш ва бисёре аз раҳбарони кишварҳои ғарбӣ Владимир Путинро масъули марги ӯ донистанд.