Чӣ гуна рухсатномаи 300 сомонӣ 130 доллар шуд?

Азим Иброҳим

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мушкили дастрас кардани рухсатнома ва гаронии нархи онро, ки боис ба сарсонии даҳҳо ронанда дар сарҳад бо Узбекистон шудааст, шарҳ дод.

Ронандаҳои мошинҳои борбар мегӯянд, ин санадро Вазорати нақлиёт медиҳад ва нархи он якбора аз 60 доллар ба 120-130 доллар афзуд ва ҳамзамон камчин шуд. Нархи расмии рухсатнома 300 сомонӣ будааст

Азим Иброҳим рӯзи 8-уми феврал гуфт, аз мушкили ронандагон огоҳ аст ва барои ҳалли он як гуруҳи корӣ масъаларо баррасӣ доранд.

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки чаро бидуни миёнарав рухсатномаро ба ронандагон намедиҳанд, гуфт, “дар оянда фурӯши рухсатнома ғайринақдӣ сурат хоҳад гирифт.”

Рӯзи якуми феврал Радиои Озодӣ аз мушкили даҳҳо ронандаи мошини борбар, ки дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шуда буданд, гузориш пахш кард.

Он замон ронандагон таъкид карда буданд, ки ҳарчанд роҳ ба Узбекистон боз аст, дарёфти рухсатнома аз тарафи Вазорати нақлиёт онҳоро аз идомаи сафар боздоштааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "$60 буд, $130 шуд." Сарсонии даҳҳо ронандаи тоҷик дар марз. ВИДЕО

Рузи 8-уми феврал вазири нақлиёт гуфт, намояндагони ин ниҳод ба ҷойи ҳодиса рафта, мушкилро ҳал кардаанд. Вале чанде аз ронандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи рухсатнома гарон ва ҳанӯз камчин буда, мушкил пурра ҳал нашудааст.

Ронандаҳои мошинҳои борбар мегӯянд, ҳар дафъа бо миёнравии ширкатҳо рухсатномаи якдафъинаи даромадан ба ҳудуди Узбекистонро мехариданд. Дар соли нав, ба гуфтаи онҳо, “рухсатнома камчин ва нархаш гарон шуд”.

Дар Тоҷикистон тақрибан ба воситаи 13 гузаргоҳ ба Узбекистон гузаштан мумкин аст. Гузаргоҳҳои “Фотеҳобод – Ойбек” дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, яке гузаргоҳҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон ба шумор меравад.

Ин бори аввал нест, ки афзоиши нархи рухсатнома ва камчинии он боиси ташвиши ронандагон мешавад. Дар гузашта ин масъала борҳо расонаӣ шуда буд ва мақомот ҳам ваъдаи ҳалли мушкилро дода буданд.