Ҳабси як зодаи Тоҷикистон дар Ёқутистони Русия

Ёқутистони Русия

Додгоҳе дар Ёқутистон Муҳаммад Одинаевро, ки ба куштани як сокини маҳаллӣ ва барангехтани эътирозҳои оммавӣ гумонбар дониста мешавад, ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Одинаеви 18-сола зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия мебошад.

Ӯро ба куштани як марди 26-сола муттаҳам медонанд.

Тибқи иттилои пулис, ҳодиса 22-юми январ дар яке аз клубҳои шабона рӯй додааст. Одинаев гуфтааст, худашро муҳофизат кард.

Дар пайи ин ҳодиса садҳо сокини маҳаллӣ ба эътироз баромаданд.

Онҳо исрор доранд, ки кушторро гурӯҳи муҳоҷирон анҷом додаанд ва дигарон низ бояд ба ҳабс гирифта шаванд.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқу таритибот аз эътирозгарон хостанд, ки пароканда шаванд ва имкон диҳанд, то таҳқиқи ҳодиса мӯшикофона сурат бигирад.

Рӯзи 24-уми январ теъдоди зиёди муҳоҷирон ба кор набаромаданд.