Даргузашти рӯзноманигори қазоқ бо шавҳар ва духтараш дар Анталия

Се шаҳрванди Қазоқистон дар садамаи нақлиёте дар шаҳри Анталияи Туркия ҳалок шудаанд. Садама шоми 3 сентябр рух додааст. Қурбониён як рӯзноманигор бо шавҳар ва духтараш ҳастанд. 

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, рӯзноманигори 34-сола Арайлим Бакитҷон дар ҷои ҳодиса ва духтари дусолааш дар бемористон фавтид. Шавҳари хабарнигорро дар бемористон бистарӣ карданд ва ӯ ҳам даргузашт.

"Мард дар шуъбаи эҳёи бемористон фавтид. Ҷасади ҳар сеи онҳо ба Қазоқистон интиқол меёбад," - хабар доданд дар Вазорати корҳои хориҷии он кишвар.

Писари 9-солаи ин хонавода зинда мондааст.

Дар ин садама як сайёҳи рус низ фавтидааст. Бино ба хабари расонаҳо, дар маҷмуъ дар он садама бештар аз 10 кас зарар дидаанд. Ронандагони ду мошине, ки бо ҳам бар хӯрда буданд, боздошт шудаанд.