Радду бадали Русия ва Украина дар бораи ҳамлаҳо бо мушаку дрон

Запорожйе, Украина

Мақомоти Русия мегӯянд, даҳҳо дрон ё паҳподҳои Украинаро, ки ба қаламрави нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамла карданд, аз байн бурдаанд.

Дар айни замон Украина мегӯяд, ки Русия ба чандин маҳаллу минтақаҳои он кишвар бо дронҳои қотил ва мушак зарба зад.

Вазорати дифои Русия рӯзи 25-уми август гуфт, системаи дифои зиддиҳавоӣ 42 дрони Украинаро дар фазои нимҷазираи Қрим ё маҳв карда ва ё аз кор баровардааст.

Як мушаки украинӣ, ба гуфтаи вазорат, дар вилояти Калуга нобуд карда шуд.

Ба навиштаи хабаргузории ТАСС-и Русия, ҳамлаҳои Украина бо истифода аз паҳпод, фурудгоҳҳои Внуково ва Домодедово, ки ҳазорон муҳоҷири тоҷик аз тариқи онҳо инҷову онҷо сафар мекунанд, барои муддати кӯтоҳе маҳдуд шудааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия дар 24 соати гузашта ба ин кишвар 47 зарбаи ҳавоӣ заданд, ки дар натиҷа мардуми осоишта ё талаф ёфта ва ё осеб дидаанд. Теъдоди куштаву маҷруҳшудагонро ҳанӯз нагуфтаанд.