Ширкати ҳавопаймоии "Туркманистон" эълом кард, ки аз 1 августи имсол парвозҳо дар масири "Ишқобод-Маскав"-ро қатъ мекунад.
Масъулони ширкат гуфтаанд, ин тасмим бо назардошти "вазъи фазоии Маскав" ва "таъмини амнияти парвозҳо" гирифта шуд.
Мусофирони "Туркманистон" метавонанд тавассути масири "Ишқобод-Қазон-Ишқобод" парвоз кунанд.
Шаҳри Маскав давоми се рӯзи ахир ду бор мавриди ҳамлаи бесарнишинҳо қарор гирифт. Дар натиҷаи яке аз ҳамлаҳо бинои тиҷории "Москва-Сити" осеб дид. Мақомоти рус дар ин ҳамлаҳо Киевро муттаҳам мекунанд.
Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Михаил Подоляк дар шарҳи зарбаҳо ба "Москва-Сити" гуфт, минбаъд ҳамлаи бесарнишинҳо ба ҳудуди Русия бештар хоҳад шуд.