Марги чор каси дигар дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Украина

Шарқи Украина

Бар асари тирборони Русия дар Украина шаби 15 ба 16-уми июл чаҳор ғайринизомӣ кушта ва ҳашт кас захмӣ шудаанд.

Дар шаҳри Часовой Яр ва деҳаи Александро-Шултинои вилояти Донетск ду касро куштаанд. Ду нафари дигар дар вилоятҳои Херсон ва Харков ҷон бохтанд.

Нерӯҳои Русия дар вилояти Запорожйе ба 13 нуқтаи аҳолинишин зиёда аз панҷоҳ бор зарба задаанд.

Ба қавли раиси маъмурияти низомии вилояти Запорожйе, дар шаҳри Степногорск 7 нафар, чаҳор марду се зан, захмӣ шуданд. Як нафари дигар дар Донетск маҷруҳ шудааст.

Мақомоти Севастопол, ки аз тарафи Русия ғасб шудааст, аз ҳамлаи шабонаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ хабар доданд. Иттилоъро Вазорати дифои Русия тасдиқ кард.

Ҷониби Украина рӯзи 16-уми июл ба шаҳри Шебекинои вилояти Белгород аз "Град" тир холӣ кардааст. Ба гуфтаи раиси вилоят, як сокини маҳаллӣ кушта шуд.