Вазъи сиҳатии норозиён дар Жанаозен бад шудааст

Жанаозен

Сокинони бекори шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки бо талаби ҷойи кор гуруснанишинӣ эълон карда буданд, мегӯянд, вазъи саломатияшон бад шудааст.

Дар паёмрасонҳо видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад мошини "Ёрии таъҷилӣ" камаш як нафарро ба беморхона интиқол медиҳад.

Кӯшиши бахши қазоқии Радиои Озодӣ барои дарёфти иттилоъ аз бемористон ва Раёсати тандурустии вилояти Мангистау дар бораи вазъи шахси интиқолёфта бенатиҷа буданд.

Фаъоли маданӣ Жадира Досекеева гуфт, дар ҳоли ҳозир ду иштирокдори гуруснанишинӣ дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Шаҳрдори Жанаозен Айбек Косуаков ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Худи эътирозгарон хабарро шарҳ надодаанд.

Даҳҳо сокини Жанаозен 10-уми май бо талаби ҷойи кор дар корхонаҳои нафти ин минтақа дар назди бинои шаҳрдорӣ гуруснанишинӣ эълон карда буданд. Пулис ҳамаи онҳоро боздошт карда, дертар гуфт, 17 нафар пас аз "суҳбат" озод шуданд.