Рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев дар Туркия боздошт шуд

Бобомурод Абдуллоев

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ, рӯзи 24-уми апрел аз сӯи пулиси Туркия боздошт шуд. Дар ин бора духтари Абдуллоев хабар дод. Маълум нест, ки Абдуллоеви 50-соларо барои чӣ дастгир кардаанд.

Пештар аз ин мақомоти Туркия борҳо рӯзноманигорон ва фаъолони узбекистониро ба Туркия роҳ надода, бо дархости ҷониби Узбекистон боздошт ва истирдод карда буданд. Фаъолон мегӯянд, дар Туркия "рӯйхати сиёҳ"-и узбекистониҳо мавҷуд аст.

Бобомурод Абдуллоев дар доираи барномаи Созмони байнлмилалии ҳифзи рӯзноманигорон дар Олмон қарор дошт. Маълум нест, ки кай ва бо чӣ ҳадафе ба Туркия рафтааст.

Абдуллоевро моҳи августи соли 2020 дар Қирғизистон боздошт ва ба Узбекистон истирдод карда буданд. Моҳи октябри он сол мақомоти Узбекистон ӯро аз ҳабс озод карданд. Абдуллоев тирамоҳи соли 2020 хабар дод, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд ба вай манзили сеҳуҷраӣ тақдим кардааст.

Дар соли 2017 мақомоти Узбекистон Абдуллоевро ба гумони "барҳам задани сохти конститутсионӣ" боздошт карда буданд. Дар ҷараёни баҳсҳои додгоҳӣ вай соли 2018 эътироф кард, ки бо имзои мустаор зидди ҳукумати Ислом Каримов, президенти вақти он кишвар мақола навиштааст. Абдуллоев он замон талоши "ғасби қудрат"-ро рад карда буд.

Додгоҳ дар ниҳоят ӯро ба корҳои ислоҳӣ ба муддати 3 сол маҳкум ва аз толори додгоҳ озод кард. Вай дар додгоҳ гуфт, ки дар ҷараёни тафтишот шиканҷа шудааст.