Вазорати тандурустии Қирғизистон дар робита ба бемориҳои ғайрисироятӣ тадқиқоти миллии "STEPS" мегузаронад. Сухан дар бораи бемориҳое ба монанди саратон, роҳҳои нафас ва диабет меравад.
Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки ҳадафи таҳқиқоти "STEPS" омӯзиши паҳншавӣ ва мониторинги тамоюли омилҳои хавф аз бемориҳои ғайрисироятӣ аст.
Манбаъ афзудаааст, кормандони ин ниҳод 2800 нафари аз 18 то 69-соларо муоина хоҳанд кард.
Тибқи иттилои вазорат, дар Қирғизистон зиёда аз 74 ҳазор бемори қанд сабт шудааст. Манбаъ афзуда, ки шумори ин навъи беморон дар Қирғизистон солона 5-7 дарсад меафзояд.
Ҳамчунин дар соли 2023 дар ин кишвар ҳудуди 30 ҳазор сокини гирифтор ба бемории саратон сабт гаштааст. Бар асоси ҳисоби Кумитаи омори Қирғизистон, ҳамасола дар ин кишвар 5,5 ҳазор бемори саратон муайян карда мешавад.