Дания ба Украина "CAESAR" ва 100 тонки "Leopard 1" медиҳад

Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Дания Троэлс Лунд Поулсен дар нишасти хабарӣ дар Одесса гуфт, кишвараш барои додани тақрибан 100 тонки "Leopard 1" ба Украина омодагӣ мебинад.

"Мо интиқоли тонкҳоро ба Украина то тобистон оғоз мекунем. Барои артиши Украина дар мубориза барои озодӣ ёрии назаррас хоҳад буд. Ҳамчунин метавонем, ки интиқоли тонкҳои "Leopard 2"-ро баррасӣ кунем," -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Дания тонкҳои "Leopard 2" бисёр надорад, аммо роҳҳои дигари додани онҳоро ба Украина баррасӣ мекунад.

Поулсен ҳамзамон изҳори умед кард, ки Украина ҳафтаи оянда аз Дания тӯпхонаи "CAESAR"-ро, ки ҳоло низомиёни украинӣ истифодаи онро дар размоишгоҳҳои он кишвар меомӯзанд, дарёфт кунад.

Расонаҳо моҳи феврали имсол хабар доданд, ки Дания, Олмон ва Ҳолланд барои барқарорсозии на камтар аз 100 тонки куҳнаи "Leopard 1", ки ба Украина дода мешаванд, маблағ ҷудо хоҳанд кард.