Твиттер баъзе маҳдудиятҳоро барои Русия бекор кардааст?  

Твиттер дар моҳи октябри соли гузашта ба дасти миллиардер Илон Маск гузашт

Чунин ба назар мерасад, ки Twitter маҳдудиятҳои пешинаро нисбат ба баъзе аз саҳифаҳои вобаста ба мақомоти Русия бекор кардааст. Дар ин бора нашрияи The Telegraph хабар дод.

Манбаъ санҷидааст ва бовар дорад, ки Твиттер дубора ҳисобҳои Кремл, Вазорати корҳои хориҷии Русия ва сафорати Русияро дар Бритониё нишон медиҳад. Онҳо дар рӯйхати саҳифаҳои тавсияшуда низ будаанд.

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли гузашта, Твиттер гуфт, "саҳифаҳои расмиеро, ки ҳукуматҳояшон дастрасӣ ба иттилооти озодро маҳдуд карда, дар муноқишаҳои мусаллаҳона иштирок доранд", таблиғ намекунад ва тавсия намедиҳад. Меъёрҳое, ки ба саҳифаҳои марбут ба мақомоти Русия рост меояд.

Пештар маълум шуд, ки Twitter маҳдудиятҳоро нисбат ба расонаҳои давлатии Русия ва Чин, ба мисли Russia Today, лағв кардааст.

Яке аз раҳбарони собиқи Твиттер гуфт, ин тасодуф не, балки тағйир дар сиёсати ширкат аст.

Твиттер дар моҳи октябри соли гузашта ба дасти миллиардер Илон Маск гузашт. Ӯ гуфта буд, мехоҳад, озодии бештари суханро дар ин шабакаи иҷтимоӣ таъмин кунад.

Пас аз он ҳисоби президенти собиқи Амрико Доналд Трампро кушод, ҳарчанд вай аз он истифода намекунад.