Вайронгариҳои сел дар ноҳияҳои Панҷу Фархор

Акс аз бойгонӣ

Бориши зиёди борон ва омадани сел ба зиёда аз сад манзили сокинони ноҳияи Панҷ зарар расондааст.

Мақомоти Хатлон дар Фейсбук гуфтанд, борони сахти шаби 3-юми апрел “зиёда аз 100 манзили сокинони деҳаи "Пахтакор"-и ноҳияи Панҷро зери лою селоба гузошт ва зарари иқтисодӣ расонд.”

Ҳамчунин даҳҳо гектар замини кишт дар боронагарии рӯзи 4-уми апрел дар Фархор зери об мондааст.

Як кишоварз аз ҷамоати Хутани ноҳияи Фархор бо фиристодани наворе аз заминҳои кишташ ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки “наздик ба 40 гектар” зироату полезиҳояш зери об монд.

Ӯ гуфт, дар ин заминҳо гандум ва тарбузу харбуз кишта буд. “Агар ҳукумат кумак накунад ва моро аз пардохти андоз озод нанамояд, ин зарар ҷуброннопазир хоҳад буд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мақомоти Фархор харобиҳои селро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ин мавзеъ дар баробари сел осебпазир буд.

Дар пайи боронгариҳои як ҳафтаи охир заминҳои кишт ва роҳу пулҳо дар Тоҷикистон хароб шудаанд.