Як гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 24-уми март дар назди сафорати кишвар дар Берлин тазоҳурот кардаанд.
Онҳо хостаанд, мақомот Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро озод кунанд ва ӯ аз Душанбе ба Олмон баргардад. Ҷое, ки хонаводааш паноҳанда ҳастанд.
"Паём.нет", як сомонаи вобаста ба гуруҳе аз мухолифони тоҷик, навишт, "баъд аз шиорпартоии муътаризон се корманди сафорати Тоҷикистон ба кӯча баромада, лаҳзае онҳоро тамошо карданд, аммо ҳеч вокунише аз онҳо дида нашуд."
Дертар тазоҳургарон ба назди Вазорати корҳои хориҷии Олмон рафтаанд.
Абдуллоҳи Шамсиддин моҳи январи имсол аз Олмон ихроҷ ва ба қавли наздиконаш тавассути фурудгоҳи Истанбул ба Душанбе бурда шуд.
Тақрибан ду моҳ дар куҷо буданаш маълум набуд. Ҳамсараш рӯзи 7-уми март хабар дод, ки бо Абдуллоҳи Шамсиддин телефонӣ гап зад ва "ӯ дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст".
Мақомот расман боздошту нигаҳдории ӯро тасдиқ накардаанд. Ҷузъиёти парвандааш ҳам маълум нест. Ӯ аз соли 2009 дар Олмон мезист.
дар борааш батафсил инҷо ҳаст: Ҳамсараш гуфт, Абдуллоҳи Шамсиддин "аз худ дарак дод, аз Боздоштгоҳи КДАМ" ВИДЕО