Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон шарҳ дод, ки чаро дипломатҳои ин кишвар дар маросими супоридани ҷоиза ба раиси созмони ғайридавлатии "Ар.Рух.Хак" Бахитҷон Торегожина дар Кохи Сафед ҳузур надоштанд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров 13-уми март гуфт, даъватномаи маросим ба номи сафири ин кишвар дар Амрико Ержан Ашикбоев фиристода шуда буд.
"Сафир дар он вақт ҳамроҳи ҳайати Қазоқистон ба раҳбарии вазири энергетикаи кишвар дар гуфтугӯҳои шаҳри Ҳюстуни Амрико иштирок дошт", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи ӯ, тибқи қоидаҳои Кохи сафед каси дигаре наметавонист бо даъватномаи сафир дар маросим иштирок кунад.
Ба ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ дар баробари намояндаи 10 кишвари дигар ҷоизаи байнулмилалии котиби давлатии Амрико "Барои шуҷоати занон" дода шуд.
Дипломатҳои қазоқ дар ин маросим ҳузур надоштанд ва ин боис ба баҳсҳои тунд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва норозигии барандаи ҷоиза шуд.