Бар асари чаппа шудани як киштӣ дар Покистон камаш 12 кӯдак ба ҳалокат расид.
Ҳодиса рӯзи 29-уми январ дар кӯли Тондои вилояти Хайбар Пахтунхво рӯй додааст.
Корманди хадамоти изтирорӣ, Билол Файзӣ, иброз дошт, ки камаш 5 кӯдаки дигар наҷот ёфтанд, аммо аҳволашон бад аст.
Ба гуфти полис, ҳангоми ғарқшавии киштӣ камаш 25 хонандаи мадрасаи динии Мирбош Хел дар дохили он буданд.
Амалиёти наҷот идома дорад ва эҳтимол шумораи қурбониҳо бештар шавад.