Табақаи болоии порлумони Туркманистонро барҳам доданд ва дар он кишвар порлумони яктабақаӣ - мақоми олии ҳокимияти халқ, Шӯрои мардумӣ, таъсис шуд.
Ин тасмим рӯзи 21-уми январ дар ҷаласаи муштараки ду палатаи порлумонии Туркманистон гирифта шуд.
Мақоми олии ҳокимияти халқиро Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти пешин ва падари президенти ҳозираи Туркманистон роҳбарӣ мекунад. Пештар вай раиси табақаи болоии порлумон буд.
Порлумони дутабақаӣ дар Туркманистон умри дароз надид. Онро моҳи январи соли 2021 таъсис дода буданд.
Кумуш Байриева, таҳлилгар ва шореҳи сиёсии туркман, дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, "худписандии аз ҳад зиёди Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба ӯ иҷоза надод, ки дар мақоми раисии қабати болоии порлумон боқӣ монад."
"Акнун мехоҳад, нақши "пешвои маънавии миллат"-ро иҷро кунад ва ҳамаи шохаҳои дигари ҳокимиятро қатъиян зери назорат дошта бошад," -- афзуд ӯ.