Ҳафт зиндониро дар Қандаҳор шаллоқ заданд

Акс аз бойгонӣ

Ҳафт зиндониро дар Афғонистон ба гуноҳи ҳамҷинсгароӣ ва дуздӣ дар мазҳари ом шаллоқ заданд. Ҳодиса рӯзи 17-уми январ дар вилояти Қандаҳор рӯй додааст.

Додгоҳи олии Толибон гуфт, ҳамаи онҳоро дар майдони варзишии Аҳмад Шоҳӣ ҷазо додаанд ва ҷараёни шаллоқзаниро мақомот ва сокинони маҳал тамошо кардаанд.

Ҳоҷӣ Зайд, сухангӯи раиси вилояти Қандаҳор, гуфт, ҳар яке аз ин афрод аз 35 то 39 шаллоқ хӯрдаанд.

Толибон баъд аз тасарруфи ҳукумати Афғонистон дар моҳи августи соли 2022 қатлу ҷазо додани маҳкумонро дар пеши чашми мардум аз сар гирифтанд, ҳарчанд ҷомеаи байнулмилал аз онҳо хостааст, аз ин кор даст бикашанд.