Ҳукми эъдоми се муттаҳам ба куштори як басеҷӣ дар Эрон бекор шуд

Додгоҳи олии Эрон ҳукми эъдоми се муттаҳамро, ки гуфта мешавад дар куштори як афсари амниятӣ нақш доштанд, бекор кард, аммо ҳукми қатли ду нафари дигарро дар ин парванда таъйид намуд.

Амир Ҳошимӣ, мудири робитаҳои умумии Додгоҳии олии Эрон, рӯзи 3-юми январ дар Твиттер навишт, ҳукми Ҳамид Қарамуҳсинлу, Ҳусейн Муҳаммадӣ ва Ризо Ориё ба сабаби камбудҳо дар тафтиш бекор карда шуд.

Бо ин ҳол, додгоҳ шикояти кассатсионии Муҳаммадмаҳдӣ Каримӣ ва Саидмуҳаммад Ҳусайниро рад кард ва ҳукми эъдоми онҳоро тасдиқ намуд.

Мақомоти Эрон 16 нафарро дар пайванд ба марги як басеҷӣ дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ айбдор карда буданд.

Ҳамаи боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардаанд. Онҳо мегӯянд, ба хотири иштирокашон дар эътирозҳои сартосарӣ ба марги Маҳсо Аминии 22-сола боздошт шуданд.