Муҳлати ҳабси гумонбарони парвандаи "Кампиробод" тамдид шуд

Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон Чингиз Капаров, Илгиз Шаменов, Айданбек Акматов ва Оқил Айтбоев то 20-уми феврали соли оянда дар ҳабси пешакӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек мемонанд.

Пештар аз ин, рӯзи 9-уми декабр, Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси пешакии гумонбарони дигари парвандаи "Кампиробод" - Азимбек Бекназаров ва Орозайим Норматоваро тамдид кард.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23-юми октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.