Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар гузорише ба президент Владимир Путин гуфт, ки чораҳои вобаста ба сафарбарии нисбии аҳолӣ ба артиш ба охир расид. Дар гузориши Шойгу рӯзи 28-уми октябр гуфта шуд, ки дар паи эълони басиҷи нирӯҳо 21-уми сентябр дар маҷмӯъ 300 ҳазор нафар басиҷ шуданд. Санҷидани дурустии ин изҳорот феълан имкон надорад.
Вазир гуфт, ки 82 ҳазор сафарбаршудаҳо аллакай ба майдони ҷанг фиристода шуданд ва 218 ҳазор нафар ҳоло давраи омодагӣ ва тамринро мегузаранд. Ба гузориши Шойгу, синни миёнаи ҷалбшудаҳо ба ҷанг 35-сола мебошад. Шойгу гуфт, ки даъвати иловагӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Ин гузориш дар ҳолест, ки бино ба шаҳодати ҳомиёни ҳуқуқ, сафарбарии нирӯҳо ба ҷанги беасоси Русия дар Украина мавриди норизоияти бисёриҳо шуд ва аз соати аввали эълони он даҳҳо ҳазор мардони синни даъват аз кишвар фирор карданд. Гузоришҳои дигар дар бораи ҷалби беморон, зӯран ба ҷанг бурдани муҳоҷирони кории хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо ҳам хабар медиҳанд.
Аз ҷумла, қазияи суолбарангези куштори дастикам 11 нафар дар қисми ҳарбии Белгород рӯзи 15-уми октябр, ки гӯё бо дасти ду шаҳрванди Тоҷикистон анҷом шудааст, чун намунаи сафарбарии ғайриқонунӣ ба ҷанг аз ҷониби мақомоти Русия интиқод шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ӯ террорист не, муҳоҷир буд, ки маҷбурӣ бурда шуд." Тоҷики кушташуда дар Белгород маълум шуд. ВИДЕО"Даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи Белгород таҳқиқ мешавад"Сафири Украина дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷанги Русия гуфт. ВИДЕОРусҳо аз "мобилизатсия" ба Тоҷикистон гурехтанд, вале аз инҷо ҳам мераванд. Чаро? ВИДЕО