Дар шаҳри Қазони Ҷумҳури Тотористон Ҷашнвораи филми мусалмонӣ натиҷагирӣ шуд ва бар асоси он, як филми сохташуда дар Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳметраи бадеӣ” гардид. Филми Умедшо Мирзоширинов “Додараки фариштаҳо” бар асоси ҳикояи нависандаи марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳия шудааст. Мирзоширинов шахсан дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок кард ва аз саҳнаи баланд барои фазову муҳити муносибе, ки таҳия шуд, сипосгузорӣ намуд.
Умедшо Мирзоширинов яке аз коргардонҳои пуркори тоҷик буда, филмҳои дигараш ҳам пайваста дар ҷашнвораҳои филмҳои минтақа иштирок мекунанд. Исми ӯ бо филмҳои “Мушкилкушо”, “Муҷассамаи ишқ” ва дигар филмҳо маъруф аст.
Дар ҷашнвораи имсолаи филмҳои мусалмонӣ, ки аз 7 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Тотористон барпо шуд, филми эронии Ноҳид Ҳасанзода “Шӯҳрати ором” барадаи шоҳҷоиза гардид.