Содироти пахта аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар шудааст

Ҷамъоварии пахта дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ

Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки дар шаш моҳи ахир содироти пахтаи ин кишвар ба Узбекистон афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, содироти пахта аз Тоҷикистон ба Узбекистон дар ним сол 17,3 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,3 миллион доллар), қариб 3,3 маротиба бештар будааст. Ба Узбекистон беш аз 6 ҳазор тонна пахта содир шудааст.

Пас аз марги Ислом Каримов, раҳбари худкомаи Узбекистон, муносибати ин кишвар бо Тоҷикистон беҳтар шуд. Аз ин пеш ширкатҳои узбекистонӣ барои коркарди пахта бо ширкатҳои тоҷикистонӣ ҳамкориро оғоз карда буданд.