Дар марзи Афғонистону Эрон камаш як нафар кушта шуд

Марзбони афғон дар сарҳад бо Эрон. Акс аз соли 2004

Мақомоти полиси ҳукумати Толибони Афғонистон мегӯянд, дар паи тирпарронӣ дар марзи Афғонистону Эрон дар тарафи афғонии марз камаш як нафар кушта ва як каси дигар маҷруҳ шуд.

Баҳром Ҳақмол - сухангӯйи полиси вилояти Нимрӯзи Афғонистон ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 31-уми июл рух дод. Майсам Баразандеҳ, як мақоми минтақаи Ҳирманди Эрон, ки бо Нимрӯзи Афғонистон ҳаммарз аст, ба хабаргузории нимарасмии "Форс" гуфтааст, ки аз ҷониби Эрон талафоти ҷонӣ набудааст.

Ҳар яке аз ҷонибҳо тарафи муқобилро масъули тирпарронӣ меномад. Ба навиштаи хабаргузории "Тасним" тирпарронӣ замоне оғоз ёфт, ки Толибон кӯшиш карданд, дар минтақаи берун аз қаламрави Афғонистон парчами худро баланд кунанд. Ду кишвар 900 километр марзи муштарак доранд. Эрон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад.