Борис Ҷонсон истеъфо дод

Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсони 58-сола аз мансаби сарвазири Бритониё истеъфо дод.

Ин кор 7-уми июл ва баъди он сурат гирифт, ки дар рӯзҳои гузашта зиёда аз 50 узви ҳукумати Бритониё бо ибрози нобоварӣ ба Борис Ҷонсон аз мақомҳои худ канор рафтанд.

Бисёре аз онҳо сарвазирро ба як қатор моҷароҳо танқид карданд. Аз ҷумла, дар пайванд ба интихоби як вакили Ҳизби муҳофизакор дар порлумон, ки ба дастдарозӣ ба як мард муттаҳам аст.

Аз он пеш, ӯ барои зиёфатҳои бешумор дар аҳди пандемияи коронавирус, ба шиддат зери фишор буд.

Мухолифони Ҷонсон мегӯянд, дар шароите ки Бритониё бо мушкилоти ҷиддие назири таваррум, афзоиши ҳазинаи зиндагӣ ва пайомадҳои ҷанг дар Украина рӯ ба рӯ аст, нахуствазире монанди ӯ "фарди муносиб барои раҳбарии кишвар нест".

Тибқи назарсанҷиҳои YouGov, 60 дарсади бритониёиҳо аз кори ҳукумат ва 71 дарсад шахсан аз Борис Ҷонсон розӣ набудаанд.

Борис Ҷонсон аз тарафдорони ҷудоии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2019 ба сарвазирӣ расид ва дар аҳди ӯ ин ҷудоӣ имконпазир шуд.