Дар Кобул садҳо нафар мунтазири дарёфти шиносномаи хориҷӣ ҳастанд

Садҳо нафар интизоранд, ки шиносномаи хориҷӣ дарёфт кунанд.

Рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Кобул садҳо афғонистонӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ пушти дари Хадамоти шиносномадиҳӣ рафтанд.

Мақомдорони Толибон ваъда дода буданд, ки 19-уми декабр Хадамоти шиносномадиҳӣ корашро аз сар мегирад.

Аз моҳи август, замоне, ки Толибон Афғонистонро таҳти тасарруф дароварданд, мардуми зиёде ин кишварро тарк кардааст ва шумори бузурги шаҳрвандон талош доранд, барои сафари хориҷӣ шиноснома ба даст оранд.

Моҳи октябр Толибон тақдими шиносномаҳоро оғоз намуда буданд, вале таҷҳизоти биометрӣ аз кор баромад ва тақдими шиносномаҳо мутаваққиф шуд.

Коршиносон тахмин мекунанд, ки бо бадтар шудани вазъи башариву иқтисодии Афғонистон фирори мардум аз ин кишвар зиёд мешавад.

19-уми декабр дар ду нишасти байналмилалӣ дар Исломободи Покистон ва Деҳлии Нави Ҳиндустон вазъи Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.

Рӯзи 19-уми декабр дар ҷаласаи фавқулодаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Исломободи Покистон вазъи башари Афғонистони зери назорати Толибон баррасӣ шуд. Сарвазири Покистон Имрон Хон дар паёмаш ҳушдор дод, ки агар аҳли олам дар робита бо вазъи Афғонистон даст ба амал назананд, эҳтимол ба ҳамин зудиҳо олам шоҳиди "бузургтарин буҳрони башарӣ" рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, паёмади ин буҳрон боиси фурӯпошии иқтисод дар Афғонистон, азияти саросарии мардум, фирори афғонҳо ба хориҷи кишвар, афзоиши тундгароиву терроризм ва нооромӣ ба назму суботи минтақа хоҳад буд.
Дар нишасти Исломобод сарпарасти вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибони афғон Амирхон Муттақӣ ҳузур дошт.

Ҳамин гуна вазъи Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи вазирони умури хориҷии Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ буд, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Деҳлии Нав доир шуд. Вазири умури хориҷии Ҳиндустон Субраҳманям Ҷайшанкар иброз дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд роҳҳои расонидани кумак ба мардуми Афғонистонро пайдо кунад. Ҳиндустон раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказиро барои ширкат дар ҷашни Рӯзи Ҷумҳурии ин кишвар даъват кардааст. Ҳиндустон саъй дорад, ҳамкориҳояшро бо мамолики саршор аз захираҳои нафту газ ва маъданҳои нодири Осиёи Марказӣ тавсеа бахшад.