Байден ба Путин: Ҳамлаи Русия ба Украина бо чораҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд

Ҷо Байден ва Владимир Путин

Кохи Сафед хабар дод, ки раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои русаш ҳушдор додааст, ки агар Маскав ҳамларо ба Украина оғоз кунад, бо иқдомоти ҷиддии иқтисодӣ ва чораҳои дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷо Байден ва Владимир Путин рӯзи 7-уми декабр онлайнӣ суҳбат карданд.

Мақомоти Украина мегӯянд, тақрибан 90 ҳазор сарбози Русия дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷобаҷо шудаанд. Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ба хоки худ якҷо карда буд.

Дар охирҳои ҳафтаи гузашта мақомоти амрикоӣ, ки номҳояшон зикр нашудааст, ба рӯзномаи "Вашингтон Пост" ва расонаҳои дигар гуфтанд, Русия дар назар дорад, 175 ҳазор сарбозро дар як ҳамла алайҳи Украина истифода кунад. Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол ин амалиёт дар аввали соли оянда оғоз шавад.

Кохи Сафед мегӯяд, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, нигаронии амиқи Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқонашро дар мавриди тақвияти низомии Русия дар сарҳад бо Украина иброз кардааст. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Байден ба хостҳои Владимир Путин ҳам нармиш нишон надодааст.

Путин ба Байден гуфтааст, НАТО тавоноии низомии худро дар сарҳадҳои Русия баланд бурд ва хоҳони замонати ҷиддӣ шудааст, ки паймони ҳарбӣ ба самти шарқ густариш намеёбад.