Коршиносони амрикоӣ бехатарии обанборҳои Узбекистонро месанҷанд

Обанбори Сардоба.

Коршиносони амрикоӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Нозироти давлатӣ ва ниҳодҳои дигари Узбекистон аз 15 то 28 марти соли равон вазъи обанборҳо ва саддҳои Ҳисораку Тупаланги он кишварро хоҳанд омӯхт.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, мутахассисони хориҷӣ дар доираи созишномае вориди Узбекистон шуданд, ки бо муҳандисони низомии артиши ИМА (USACE) ҳосил гашта буд.

Онҳо дар баробари омӯхтани санадгузории техникии иншоот саддҳоро низ бевосита бо таҷҳизоти замонавӣ хоҳанд санҷид. Дар асоси хулосаи санҷиш роҷеъ ба иқтидори садамаҳо, оқибатҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии садҳо машваратҳо ироа карда мешавад.

Намояндагони USACE охирҳои моҳи январи соли равон барои мутахассисони узбек, ки масъули бехатарии обанборҳо ҳастанд, семинари омӯзишии онлайнӣ баргузор карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки 1 майи соли гузашта садди обанбори Сардобаи Узбекистон канда ва боиси марги шаш тан шуд. Ҳамзамон наздики 70 ҳазор касро ба ҷои амн кӯчониданд. Обанбори Сардоба соли 2017 бо харҷи 404,4 миллион доллар сохта шуда буд. Дар пайи рахнаи он чанд минтақаи Узбекистон ва Қазоқистон зери об монд.